сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози музокирот Сарвари давлати мо аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос намуданд.
Ба ин муносибат, Президенти Тоҷикистон аҳамияти амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати расондани мусоидати фаврӣ ба якдигар таъкид карда, иброз доштанд: “Дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем”.
Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавируси дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.
Президенти Тоҷикистон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва Ҳукумати Россия дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дода, матонати табибони Россия, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он қарор доранд, ҳамчунин, чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидашавандаро, бахусус зикр намуданд. Изҳори итминон карда шуд, ки Россияи дӯст бо такя ба иқтидорҳои хеш ин санҷиши ҷиддиро низ паси сар хоҳад кард.
Дар рафти суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд.
Россия имрӯзҳо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон ҷараёни рушди боустувори ҳаҷми мубодилаи молро миёни ду кишвар дар соли гузаштаву семоҳаи соли ҷорӣ ва зарурати дар оянда низ нигоҳ доштани ин раванди мусбатро ба таври хосса таъкид карданд.
Ҳамчунин, ба муҳимияти идомаи ҳамоҳангии талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ишора карда шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Сарвари давлати мо иқдоми ҷониби Россияро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тамдиди муҳлати будубошашон дар кишвар ба таври мусбат арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид гардид.
Дар зимн, ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон, инчунин, идомаи шарикии самарабахш дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2020 №: 74 Мутолиа карданд: 879