иқтисод
БУҶЕТ. ДАР ИСТАРАВШАН МАНБАЪҲОИ ИЛОВАГИИ ДАРОМАД МЕҶӮЯНД
Мувофиқи маълумоти шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, буҷети шаҳр барои соли 2020 ба маблағи 175 миллион сомонӣ тасдиқ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 19 дарсад зиёд мебошад. Аз ин 128 миллиону 307 ҳазор сомонӣ андозҳои маҳаллианд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нақша гузоштааст, ки дар соли 2020 хароҷоти иҷтимоиро 14 миллиону 717 ҳазор сомонӣ зиёд намояд. Аммо тавре маълум аст, дар раванди татбиқи ҳадафҳои рушд, аз ҷумла Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, маблағҳои ҷудогардида кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, дарёфти манбаъҳои иловагӣ яке аз роҳҳои асосӣ дониста мешавад. Баъд аз ба истифода додани хати нави истеҳсолӣ дар ҶСП «Оби Зулол», яъне дар як сол иқтидори истеҳсолии 12 миллион қуттии шартӣ, ба истифода додани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 84 миллион сомонӣ расида, аз ин ҳисоб ба буҷет, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 12,6 миллион сомонӣ, аксиз 2,5 ҳазор сомонӣ, андоз аз даромад 78 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоӣ 150 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ, ба маблағи умумии 15,3 миллион сомонӣ андозҳо ворид мегарданд.
Соли равон дар шаҳр корхонаҳои истеҳсоли мебел дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, обҳои нӯшоӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, коркард ва истеҳсоли қуму шағал дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, коркарди маҳсулоти ширӣ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, истеҳсоли симчӯб дар шаҳраки Истаравшан, халтаҳои синтетикӣ ва «Кафшгар» бо истеҳсоли пойафзоли занона, ҳамчунин, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 5 коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо таъсиси 110 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд.
Барои ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ дар шаҳр, мувофиқи қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, нархи хизматрасонӣ барои ҳар метри мураббаи тахтаи таблиғоти беруна (бе истифодаи технологияи муосир) дар ҳудуди кӯчаҳои марказии шаҳр 30 сомонӣ, дар мавзеъҳои дигари шаҳр 25 сомонӣ ва барои ҳар як метри мураббаъ тахтаи таблиғоти беруна (бо истифодаи технологияи муосир) дар ҳудуди кӯчаҳои марказӣ 42 ва дар мавзеъҳои дигари шаҳрӣ 35 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои ба пуррагӣ татбиқ намудани нархи хизматрасонӣ аз ин намуди сарчашмаи даромад аз ҷониби нозироти андоз дар шаҳр корҳо ба сомон расонда мешаванд. Хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашонӣ (асосан мошинҳои сабукрав) низ ба андозбандӣ ҷалб карда мешавад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки шумораи онҳо имрӯз 9184 ададро ташкил медиҳад, як манбаи дигари ҷамъоварии андоз мебошад.
Ҳамин тавр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2020 №: 74 Мутолиа карданд: 828