logo

сиёсат

ГУЛБОҒИ ҶАҲОН

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки дар пайи амалисозии дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ва заҳмати содиқонаи сокинон шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон табдил меёбад.
Душанбеи имрӯзро на танҳо бо пойтахти навбунёди солҳои 20 – уми асри гузашта муқоиса кардан хост, балки он аз Душанбеи даҳсолаи аввали қарни навин ва ҳатто се – чор сол пеш куллан фарқ мекунад. Ҳақ ба ҷониби Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбест, ки дар бораи маъруфияти пойтахти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва хизматҳои раиси ҷавони он Рустами Эмомалӣ гуфт:
«Ҳар касе, ки дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони Душанбе қадам мезанад, ҳатман ба Рустами Эмомалӣ барои ин созандагию ободонӣ аҳсант мехонад».
Дар ҳақиқат, Душанбеи соли 1924, ки ҳамагӣ 5 ҳазор сокин дошт ва аз биноҳои якошёна иборат буд, имрӯз бо аҳолии қариб миллионнафара (бо шумули меҳмонону навомадагон) ба маркази бузургтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишии ҷумҳурӣ, маркази ҳамоишҳои сатҳи баландтарин ва яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон табдил ёфтааст.
Саноати сабук (хусусан бофандагию нассоҷӣ), мошинсозӣ, хӯрокворӣ, электротехникӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи электронӣ ва барқӣ аз самтҳои тараққикардаи комплекси саноатии Душанбе ба ҳисоб меравад. Истеҳсолоти Душанберо бештар маҳсулоти нассоҷию бофандагӣ (пахтагию абрешимӣ), техникаи электронӣ, барқии маишӣ, дастгоҳҳо барои муассисаҳои тиҷоратӣ, мебел, тамоми намудҳои хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, қаннодӣ, ширию гӯштӣ, масолеҳи бинокорӣ (семент, шифер, хиштҳои гуногун, молу конструксияҳои оҳанию бетонӣ, металлургӣ), таҷҳизоти рӯзгор ва молу маҳсулоти дигар ташкил медиҳанд.
Душанбе ҳамчун шаҳри барои сайёҳӣ ҷолиб ва амн дар ҷаҳон эътибори хосса касб мекунад. Дар пайи тадбирҳои роҳандозишуда, аз ҷумла татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020», ки бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуд, Душанбе аз ҷониби хабаргузориҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ИДМ ҳамчун шаҳри «барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин», «барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин», дар ҷаҳон «яке аз шаҳрҳои амнтарин» эътироф гардид. Душанбе узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (аз соли 2108) аст.
Ҳамчунин, Душанбе «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021» ва «Пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021» интихоб гардидааст. Талошҳои роҳбарияти ҷавони шаҳр, роҳандозии мусобиқа ва озмуну ҷашнвораҳои кишварию байналмилалӣ, назири «Наврӯзи Душанбе», «Фестивали сайёҳии Душанбе», «Фестивали тобистонаи Душанбе», «Чакомаи гесу», «Сайри гули лола», «Оши палав», «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Хиёбони беҳтарин», «Ҷоми пойтахт», «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе», таъсиси «Фонди рушди пойтахти Тоҷикистон», «Стипендияи раиси шаҳри Душанбе», куллан беҳсозии хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт (автобусу троллейбусҳои нав, ҷорисозии тарзи пардохти муосири электронӣ, таксиҳои нави дорои намои зоҳирии ягона), тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дорои эмблемаи (нишони) хоссаи худ гардидан, муқаррар шудани унвони «Сокини фахрии пойтахт» ва даҳҳо тадбиру талошҳои дигар барои боло рафтани эътибори байналмилалии Душанбе мусоидат намуданд.
Ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ», 9 меҳмонхонаи замонавӣ, минтақаи саноатии Душанбе (бунёди даҳҳо корхонаҳо дар мавзеи шарқӣ), Масҷиди марказии Душанбе (калонтарин дар Осиёи Марказӣ), варзишгоҳи калонтарин, маҷмааи шиноварӣ ва садҳо иншооти бузурги дигар бунёд меёбанд.
Комёбиҳои Душанбе беназиранд, аммо, бешубҳа, боғҳои ба номи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Хайём, Навоӣ, Айнӣ, Восеъ, Кӯли ҷавонон, Ғалаба, Ирам, Наврӯзгоҳ ва даҳҳо боғу гулбоғу гулгаштҳои дигар беҳтарин ва зеботарин зинати Душанбеанд. Ҳамин аст, ки Душанбе ба гулбоғи ҷаҳон табдил меёбад.

С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2020    №: 75    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед