logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Дар ин чайнворд номҳои гули лола ҷой дода шудааст. Бо ёрии ҳарфҳои нишондодашуда номи онҳоро ёбед.

Таҳияи Суруш ҒАФУРОВ, сокини ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРД «БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН»
АЗ 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
1. Константин.
2. Абраҳамсон.
 3. Ҳамад.
4. Онисӣ.
5. Нери.
6. Найҷел.
 7. Андреас.
8. Валтер.
9. Арналдо.
10. Ракеш.
11. Даниел.
 12. Остин.
13. Надежда.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Он рӯз модарам аз қабати кӯрпа ҳашто даҳсӯмиро бароварда, як шишаро доду маро ба бозор, барои равған фиристод. Кай медонистам, ки равғанфурӯш, он беимони сафедриш, маро соз карда фиреб медиҳад? Гашти рӯз модарам равғанро ба дег андохта алав гиронда буд, ки равған часар - чусур карда нест шуду монд. Пиракии маккор ба ман равған гуфта, чои фомилиро пур карда будааст…
* * *
Фидои он диле, к-аз дард сӯзу сохтан дорад,
Талоши дарди дилҳои дигар бишнохтан дорад.
Чу боло меравӣ, ғофил машав ҳаргиз зи пастиҳо,
Ба пастиҳо уқоб аз қулла чашм андохтан дорад…

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
Сотим Улуғзода
Боқӣ Раҳимзода

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ, КИ ДАР ДИЛИ ҶАҲОН ТУХМИ УМЕД МЕКОРАД
«Ташаккур ба Тоҷикистон. Барои он ки шумо Испанияро дар бозии байни дастаҳои «Локомотив - Помир» ва «Душанбе - 83» ба хотир овардед».
Ин сатрҳоро нашрияи машҳури варзишии Испания «Marca» дар сомонааш навиштааст. Ин дар ҳоле рӯй дод, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар лавҳаи гирди майдон навиштаҷоти «Stray strong, Spain! Tajikistan is praying for you» («Қавӣ бош, Испания! Тоҷикистон дуогӯи шумо мебошад!» ҷой дода шуда буд.
Инчунин, аз ин иқдоми Тоҷикистон собиқ бозигари дастаи «Барселона» ва тими миллии Испания Луис Гарсия дар саҳифаи Инстаграмаш барои ин ёдоварӣ дар рӯзҳои сахт барои Испания ва тамоми ҷаҳон, ки пандемияи коронавирусро аз сар гузаронда истодаанд, изҳори сипос намудааст.
Шериддин Бобоев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол» бошад, пас аз голи задааш ба дарвозаи тими КМВА санаи 12 апрел  пироҳанашро баровард, ки чунин навишта шуда буд: «We are one peace. Health to the world. With love Tajikistan» (Мо якҷоем. Саломатӣ ба тамоми ҷаҳон. Бо муҳаббат аз Тоҷикистон). Ҳарчанд барои ин амал корти зард ҳам гирифта бошад, амалкарди Шериддин шоистаи таҳсин аст.
Маҳмуд БАҲРОМ


ДАРСИ ОЛИҲИММАТӢ
Чӯҷаи уқобе сар аз лона берун бароварда, парандагони гуногунро, ки миёни қуллаҳои баланд парвоз мекарданд, дид ва аз модараш пурсид:  «Оча! Инҳо киҳоянд?»
- Онҳо дӯстони моанд. Уқоб дар танҳоӣ зиндагӣ мекунад, аммо он ба атрофиён ва атрофиён ба ӯ эҳтиёҷ доранд,  вагарна он чӣ гуна шоҳи парандагон аст, - ҷавоб дод модар.
Посухи модараш ӯро қонеъ намуд ва бо меҳр тамошои парвози парандагонро идома дод. Ногаҳон, садо баланд кард. «Оча, оча! Онҳо хӯрокамонро медузданд!»
- Ором бош писарам, ман худам онҳоро меҳмондорӣ кардам. Ҳаргиз фаромӯш накун, ҳарчанд уқоб гурусна бошад ҳам, он бояд як қисми қуташро ба ҳамсоягон тақсим кунад. Дар чунин баландӣ на ҳама тавони ёфтани хӯрокро доранд. Бояд ба онҳо ёрӣ дод. Ҳар касе, ки дӯстони бовафо доштан мехоҳад, бояд меҳрубону сабур бошад. Эҳтиром бо зӯрӣ ба даст намеояд, онро бо олиҳиммативу ҷавонмардӣ ноил шудан мумкин аст. 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Дейв Барри
Аз иҷрои коре, ки аз дастатон намеояд, натарсед. Фаромӯш накунед, ки киштии Нуҳро як ҳаваскор сохта буду «Титаник»-ро гурӯҳи калони мутахассисон.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
4. Ҷон Мейнард Кейнс (1883 - 1946)
Иқтисоддони англис, Асосгузори равияи кейнсӣ дар илми иқтисод.
То Кейнс танҳо як иқтисод вуҷуд дошт – классикӣ. Қафоравии (депресияи) бузурги солҳои 20 - 30-юми асри 20 намоиш дод, ки «дасти ноаён»-и Смит (асосгузори иқтисод) барои идора кардани иқтисоди муосир намерасад: дар солҳои вазнин дахолати дасти пурзӯри давлат зарур аст. Давлат ба хотири бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бо вуҷуди зарари вазнини молиявӣ, бояд дар лаҳзаҳои душвор иқтисодро роҳбарӣ кунад.
Маҳз Кейнс режими асъориро ихтироъ намуд, ки аввал ба тиллои стандартӣ асос ёфта, ҳоло доллари амрикоӣ қариб куллан асоси ин режими асъориро ташкил медиҳад. Ақидаҳои ӯ дар китоби «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул» баён шудаанд. Қариб тамоми давлатҳои тараққикардаи Ғарб тавсияҳои Кейнсро пазируфтанд. Яке аз асосгузорони макроиқтисод ва аз фаъолони созмон додани Хазинаи байналмилалии асъор низ дониста мешавад.
Таҳияи А. ФАРЗОНА


МУСИҚӢ ВА ҶАҲЛ
 Олимони Британияи Кабир ба одамони синну солашон гуногун бо як савол муроҷиат намуданд: «Ҷаҳлро чӣ тавр мағлуб менамоед?»
78 фоизи одамон иброз доштанд, ки барои мағлуб намудани ҷаҳл шунидани сурудҳои дӯстдошта ба онҳо ёрӣ мерасонад. Мувофиқи маълумот, замоне, ки рӯҳияи одам аз шунидани нотаҳои аввалини мусиқии дилписанд тағйир меёбад, дар чеҳрааш табассум гул мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ДИҚҚАТ:  РУБРИКАИ НАВ!
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
6. Даст кашидани Чини асри XIV аз флоти ҳарбӣ - баҳрӣ. Коршиносон бар онанд, ки бо чунин флот Чин шояд имрӯз аз дилхоҳ қувваи дигари баҳрӣ нерумандтар мешуд.
7. Иштибоҳи 12 нашриёте, ки чопи "Гарри Поттер"-ро рад карда, аз даромади ҳангуфт бенасиб монданд.
8. Як гардиши ноҷои ронанда сабаб шуду  эртсгертсог Франс Фердинанд ба дасти қотилонаш афтод. Таърихнигорон маҳз кушта шудани ӯ аз ҷониби Гаврило Принсипро сабаби асосии сар задани Ҷанги якуми ҷаҳон медонанд.
9. Вақти реҳлат Искандари Мақдунӣ, номи нафареро, ки баъд аз ӯ бояд салтанат мекард, нагуфт. Маҳз ҳамин хатои таърихӣ сабаби муноқишаву хунрезӣ барои тахти шоҳӣ ва ниҳоят маҳви империяаш шуд.
10. Куштори Сезар бо мақсади раҳоии  Республика, ки ниҳоят баръакс сабаби аз байн рафтани он шуд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


БОҒИ ХУРДТАРИНИ ҶАҲОН
Боғи хурдтарини ҷаҳон бо номи Милл Энде дар шаҳри Портленди иёлоти Орегони ИМА дар байни ду шоҳроҳи калон ҷойгир аст. Боғ аз давраи диаметраш 0,61 метр иборат буда, масоҳаташ 0,292 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва аз ҷиҳати хурдӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ҷой дода шудааст. Бунёдгари боғ Фаган Дик, корманди рӯзномаи маҳаллии «Орегон», маҳсуб меёбад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


ЛЕВ ТОЛСТОЙ АЗ ҲЕЗУМШИКАНӢ ТО МӮЗАДӮЗӢ
Нависандаи бузурги рус шудгори замин, алафдаравию ҳезумшиканиро дӯст медошт.  Чуноне ки  шарҳиҳолнависон  дар  маъхазҳо овардаанд,  вай  ин корҳоро на фақат барои  муҳаббат доштанаш ба ҳаёти одии  деҳқонӣ   анҷом медод, балки мехост хаста шуда,  шабона  ба роҳат хоб равад. Ба ин хотир,  рӯзона   бо ғайрати тамом кор мекард.
Ба ҷуз аз ин,  дӯхтани мӯзаҳоро барои туҳфа кардан ба дӯстон  меписандид.  Мӯзаҳои дӯхтаашро ба дӯстон, шиносҳо ва  хешовандонаш ҳадия мекард. Михаил Сухотин, домоди дворянинаш, ёдовар шудааст, ки боэҳтиёт армуғони дӯхтаи падарарӯсашро  дар рафи китобҳо, дар  паҳлуи асари «Ҷанг ва ҷаҳон»  нигоҳ медорад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


10 МАМНӮЪГОҲИ  КАЛОНТАРИНИ ОЛАМ
2. Боғи миллии Гренландия
Боғи миллии Гренландия бузургтарин мамнӯъгоҳ дар Нимкураи шимолӣ мебошад. Он дар қисмати шимолу шарқии ҷазираи Гренландияи Дания ҷойгир аст. Боғ ба мамнӯъгоҳҳои биосферавӣ мансуб аст. Масоҳаташ  972 ҳазор километри мураббаъ буда, аз масоҳати 160 кишвар калон мебошад. Иқлим дар мамнӯъгоҳ арктикӣ аст. Ҳарорати миёнаи солона -9,8 то -16,7 дараҷаро ташкил медиҳад. Тобистонаш  хело кӯтоҳ буда,  зимистон 8 моҳ давом мекунад. Олами набототи мамнӯъгоҳ  аз 300 навъи рустании эндемикӣ иборат мебошад. Дар он ҷо намудҳои гуногуни  парандаҳо,  рӯбоҳи арктикӣ, гург, хирси сафед, оҳуи шимолӣ ва дигар навъи ҳайвонот зиндагӣ мекунанд.
Боғи миллии Гренландия соли 1974 созмон дода шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


ТУҲФАИ ФАВҚУЛОДА
Маҳатма Ганди ба қатора савор шуданӣ буд, ки ғайричашмдошт аз пояш  як тоқи туфлиаш ба болои роҳи оҳан афтод. Ҳарчанд кӯшиш кард, ки онро гирад, аммо натиҷа ҳосил нашуд. Зеро дар ин вақт қатора ба ҳаракат даромада буд.
Ганди оромона тоқи дувуми туфлиашро аз пой бароварда, дар он дастхате гузошту наздики тоқи аввал андохт. Вақте аз ӯ пурсиданд, чаро ин тавр кард, бо табассум гуфт:
- Ин тоқи туфлӣ ба он бечорае, ки тоқи аввалро  меёбад аз ҷониби ман  туҳфа мешавад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


5 ФАКТИ АҶИБ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
1. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея аз 5 то 12 сол аст. Он аз 17-солагӣ шурӯъ мешавад ва қади даъватшаванда бояд аз 142 см паст набошад.
2. Дар Чин даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷиддист, зеро талабгоронаш ниҳоят зиёданд. Шахсе, ки сигор мекашад, диндор аст, ё танаш холкӯбӣ шуда бошад, аз ҳаққи хизмат маҳрум мешавад. Ҳатто касоне, ки одати хурроккашӣ доранд, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намегарданд. 
3. Дар Исландия, Ҳаити, Гренландия, Коста-Рика ва Панама расман ба хизмати ҳарбӣ даъват намекунанд. Хизмат дар артиш ихтиёрӣ ва шартномавист.
4. Дар Австралия шаҳрвандонро танҳо дар ҳолати сар задани ҷанг ба хизмати ҳарбӣ даъват хоҳанд кард.
5. Дар Исроил барои бонувон хизмати ҳарбӣ ҳатмист.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЧӢ ХЕЛ «АБЛАҲ» КАПИТАН ШУД?
 Подшоҳи рус Николай одатан шабҳо гашта, шахсан худаш аз дидбонгоҳҳо дидан мекард. Дар чунин як нимашаб прапоршике шоҳро пешвоз гирифта, ба ҷойи даст ба чаккаи сар бурдан, нимтаъзим салом медиҳад.
- Ту аз кадом дидбонгоҳ? - мепурсад Николай.
- Аз «ДЕПО» шоҳам.
- Аблаҳ! Магар “депо” сар хам мекунад?
- Дар назди Шумо ҳама сар хам мекунад, Аълоҳазрат, ман-ку як  прапоршики хурдакак.
- Аз гуноҳат гузаштам, капитан, - мегӯяд подшоҳ, ки аз афташ лутфи аскар хушаш омада буд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


МАРВОРИДИ ДАР ДУНЁ ҚАДИМТАРИН БА НАМОИШ ГУЗОШТА МЕШАВАД
Қадимтарин марворид дар намоиши «Даҳ ҳазор соли шукӯҳ ва шаҳомат», ки дар Осорхонаи  марказии шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, намоиш дода шуд.
Марвориди хурдакаки қутраш 2,5 миллиметраи ҳаштҳазорсола маротибаи аввал аз 30 октябри соли ҷорӣ то 18 феврали соли 2020  дар намоиш аст.
Марворид аз ҷазираи Марава ёфт шуда, ба коллексияи осорхонаи миллии «Зоид» тааллуқ дорад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ҚУВВАОЗМОӢ БО НАҲАНГ
Дорандаи 28 медали бозиҳои олимпӣ Майк Фелпс (ИМА) дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр ба наҳанги (акулаи) одамхӯр сабқатро бохт.
Ягона дар таърих қаҳрамони 23–каратаи олимпӣ оид ба шиноварӣ Майкл Фелпс пас аз бозиҳои Рио – де – Жанейро, соли 2016 корномаи варзишии худро ба итмом расонда, тасмим гирифт, ки бо ташкили шиноварии пештозак бо наҳанг ба сатҳи нав барояд.
Алорағми эродҳои зиёд мусобиқа баргузор гардид. Шиноварӣ дар соҳилҳои халиҷи Моссел (Африқои Ҷанубӣ) сурат гирифт.
Ҷиҳати андак ҳам бошад, баробар кардани шароити рақибон ба варзишгар либоси махсус – ҳидрокостюм, ки суръатро меафзояд, пӯшонданд. Вале ин ҳам ба варзишгар кумак накард. Наҳанг масофаи 100 метрро дар 36,1 сония шино намуд. Майкл бошад, дар 38,1 сония.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БАҲОР
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
Пажӯҳишгарони англис муайян карданд, ки нисбат ба дигар фаслҳои сол дар баҳор кӯдакон бештар инкишоф меёбанд. Зеро нурҳои Офтоб организми навзодро бо витамини D таъмин месозад.
* * *
Тибқи арзёбии ситорашиносон, баҳор  дар  Нимкураи  шимолӣ  аз  20 – 21 март ва дар Нимкураи ҷанубӣ аз 22 – 23 сентябр оғоз мешавад.
* * *
Женевагиҳо одати аҷибе доранд: танҳо замоне ки баргҳои дарахти шоҳбулути маркази шаҳр сабз шуд, бо фармони расмӣ омадани баҳорро эълон менамоянд. Ин анъана аз соли 1818 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад. Масалан, соли 1991 ин дарахт 3 январ, 2002 - 29 декабр шукуфта буд. Тааҷҷубовараш ин ки соли 2006 шоҳбулут ҳам дар моҳи март ва ҳам октябр сабз шуд ва ду маротиба омадани баҳорро таҷлил намуданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


АЗ НАВИСАНДАИ ОДӢ ТО МИЛЛИАРДЕРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ
Эдинбург Ҷоан Роулинг, нависандаи фаронсавӣ, соли 1995 нахустин асари худро бо номи «Ҳарри Поттер ва санги фалсафӣ» барои нашр ба 12 нашриёт фиристод. Мутаассифона, ҳама чопи ин асарро рад намуданд. Танҳо дар соли 1997 нашриёти «Блумсбер» ин китобро ба маблағи 4000 доллар харид кард.
Айни ҳол, 7 асари ӯ бо номи «Сеҳргар Ҳарри Поттер»  бо 70 забони дунё тарҷума шуда, 400 миллион нусхаи он дастраси хонандагон гардидааст. Эдинбург   Ҷоан  баъди ба даст овардани маблағи зиёд дар таърих аввалин миллиардере гардид, ки аз фурӯши осори чопӣ сарват ба даст овардааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЧОЙНИКИ ҚАДИМА БА 1,3 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Сокини Дорсет ном мавзеи Британияи Кабир чойники куҳнаи дар хонааш давоми солҳо зери чанг хобидаро миллион фунт стерлинг фурӯхт. Дар ин бора Агентии иттилоотии «The Mirror» хабар додааст.
Ӯ ба хона барои баҳогузории ашёи нодаркор ва куҳна аз ширкати музоядаи «Duke’s Auctioneers» коршиносеро даъват менамояд. Мутахассис чойники дар тоқча бударо дида, хоҳиш менамояд, ки баҳогузориро аз он сар кунанд. Баъд аз дидани муҳри кабуди зери чойник онро барои экспертизаи муфассал бо худ мебарад.
Маълум мешавад, ки чойник ашёи антиқӣ ва қиматбаҳо буда, дар миёни солҳои 1735 - 1796 шахсан барои императори Хитой Сянлун сохта шудааст.
Бозёфт ба музояда гузошта шуда, ба маблағи 1,04 миллион фунт стерлинг (тақрибан 1,3 миллион доллар) фурӯхта шуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2020    №: 75    Мутолиа карданд: 968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед