иқтисод
ҶДММ «АТЛАСИ ХУҶАНД». ИСТЕҲСОЛИ 14 ҲАЗОР МЕТР АТЛАСУ АДРАС ДАР СЕ МОҲ
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар се моҳи аввали соли равон дар ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 12 ҳазор метр атлас ва 2 ҳазор метр адрас истеҳсол шудааст.
Дар вилоят ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Либосҳои миллию замонавие, ки аз матоъҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик омода шудаанд, харидорони сершумор доранд.
Дар ҷашнвораи «Атлас ва адраси тоҷик - 2020», ки чанде пеш дар Қасри Арбоб баргузор гардид, 120 навъи атласи корхонаи «Атласи Хуҷанд» ба намоиш гузошта шуд.
Айни ҳол дар корхона 54 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошад ва аксари онҳо бонувонанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Атласи Хуҷанд» боздид намуда, ба масъулон барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли атласу адрас, омодасозии либос бо ороишҳои нав, ба ин васила тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ тавсияҳои судманд дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2020 №: 76 Мутолиа карданд: 849