logo

маориф

СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Ман як ҷавони хушбахтам, ки дар чунин кишвари зебо ва озоду соҳибистиқлол умр ба сар бурда, таҳсил мекунам.  Шукри чунин Пешвои муаззам дорам, ки пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда, ҷиҳати таҳсилу кор бароямон шароитҳои камназир фароҳам аст. Чанд сол пеш ин гуна имкониятҳо муҳайё набуд. Сад шукр, ки  Худованд барои мо чунин Пешворо ато фармуд ва он рӯзе, ки ба сари қудрат омаданд, боз аз нав набзи миллат ба тапиш даромад, Ватан аз нав ҷилои зебо гирифт.
Тавре мо медонем, стипендияи президентӣ дар як даврае ташкил шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ба он ниҳоят эҳтиёҷ доштанд. Он имконият фароҳам менамуд, ки толибилмон ба азбарнамоии фанҳои гуногун бо шавқу ҳаваси дучанд машғул гарданд. Фикр мекунам, ки рисолати ин иқдом, аллакай амалӣ гашт. Аз ин лиҳоз, пешниҳод дорам, ки ибораи “гирандаи стипендияи президентӣ”  бо мафҳуми “Пайрави Пешво” иваз карда шавад. Ин иқдом эътибору эҳтиромро нисбат ба ин навъи идрорпулӣ дучанд месозад.  Аз ҷониби дигар, пешниҳоди мазкур масъулияти кормандони соҳаро ҳангоми интихоби хонандагони арзанда барои додани стипендия меафзояд. Мо бояд на барои гирифтани чунин идрорпулӣ, балки бо чунин Пешвои муаззам ифтихор варзем ва фарзанди содиқи Меҳану пайрави асили Пешвои миллат бошем. Танҳо ҷавонони бонангу ори Ватан пайрави Пешвои миллат буда метавонанд.
Инчунин, илова намудани нишони сарисинагӣ бо навиштаҷоти “Пайрави Пешво” омили ҳавасмандии бештари ҷавонон хоҳад буд. Барои фарқ кардани лентаҳои гирандагони стипендияҳои президентӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) беҳтар аст, то ранги якумӣ сурх ва дуюмӣ сабз бошад. Ин ду ранг, аз тарафи дигар, ифодагари рамзи ҷавонӣ, давраи  ҷӯшу хурӯш ва сарсабзиву бақои зиндагист.
То ҷон дар бадан дорам, ҳамеша пайрави Пешвои миллат мемонам ва бар ивази таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллатам, ваъда медиҳам, ки хуб мехонаму илм меомӯзам ва ба Ватану халқи азизам содиқона хизмат хоҳам кард.

Сайёраи АВАЗ, коромӯзи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 2477
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед