иқтисод
ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Соли 2019 барои сокинони ноҳияи Спитамен бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмон ва дастоварду пешравиҳо ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид. Ташрифи мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия аз муҳимтарин рӯйдодҳо маҳсуб меёбад. Роҷеъ ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва вазифаҳои дарпешистода Темур Нуъмонзода, раиси ноҳия, ба хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
- Бо эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ, 490,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 84,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ «25 - солагии Истиқлолият», марҳилаи дуюми ҶСП «Норд Азия Металл», коргоҳи коркарди мағзи зардолу ва бандубасти он дар ҶДММ «Зуҳал КО» ва заводи хиштбарорӣ дар деҳоти Куруш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар натиҷа 96 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Кишоварзони ноҳия ба маблағи 417,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ба ҷои 13 ҳазору 300 тоннаи дурнамо 13 ҳазору 602 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид.
Сохтмончиёни ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ корҳоро иҷро намуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайваста кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт нақшаи чорабиниҳои алоҳидаро таҳия ва тасдиқ намудааст. Дар асоси он, соли сипаришуда сохтмон ва навсозии 167 иншоот ба анҷом расонда шуд.
Аз 410 иншооти нақшавӣ давоми ду соли охир 232 иншоот (56,6 дарсад) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба рушди соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Соли гузашта ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, маводи таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои донишу ҳунаромӯзии хонандагон тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуданд.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 дар деҳоти Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Айни ҳол иҷрои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дошта, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 40 синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 819 компютер, 130 принтер, 30 проектор ва 27 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, фароҳам овардани шароити созгор барои зиндагии шоистаи мардум ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода, аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.2020 №: 77 Мутолиа карданд: 743