logo

фарҳанг

«ОЛАМ СУХАНИ КАМОЛ БИГРИФТ». БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Барои тоҷик аз замонҳои қадим чун худро мешинохт, хоҳ аҳли савод буду китобхон, хоҳ бар асари дар рустоҳои дурдасти байни кӯҳистон зистан аз таҳсил бенасиб, ному осори суханварону донишмандони машҳур, новобаста ба макони зист ва мазҳабу эътиқодашон, гиромӣ буд. Дар Самарқанду Бухоро, Марву Хоразм, Балху Хуросон, Хатлону Бадахшон то паҳнои Ҳиндустон осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Носири Хусрав, Низомӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Саъдиву Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём ва Ҷомиву Бедили Деҳлавиро мепарастиданд.
Ному офаридаҳои даҳҳо не, садҳо фарзандони шакаргуфтор, чашмаҳои ҷӯшони хираду заковат, кашшофону офарандагони шоҳкориҳои  беназир, ки башариятро бо нӯшдоруи маънавӣ таъмин карданд, мояи ифтихору сарфарозӣ буду ҳаст. Шахсиятҳои тавонои илму адаби асри бисти тоҷик низ то ҳадди имкон аз пайроҳаи кору пайкори бобоёни маърифатпарвари хеш берун қадам наниҳода, барои пойдории асолати фарҳанг, расму суннат, забон, эҳёи хотираи таърихӣ, бедорӣ ва худшиносии миллӣ нақши босазо гузоштанд. Устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Б. Собир ва бисёре аз адибону пажӯҳишгарон дар ин самт ба андозаи тавон хизматҳое карданд. Ба ростӣ, дар замони пургирудори Инқилоби сурх, ки аҳли зиёи республикаҳои ҳамсоя барои гузоштани нахустин хишти қасри илму адаби миллияшон ба қавле дар рӯз ҳам бо чароғ шахсиятҳои маърифатӣ меҷустанду месохтанд, тоҷик бо вуҷуди аз даст рафтани шаҳрҳояш худро соҳиби адабиёту фарҳанги ҳазорсола эълом дошт. Магар ин шоистаи сарфарозӣ набуд? Миллати фарҳангсолору адабпарвар ба шарофати ҳунари офаридаҳои ҳайратангези фарзандони пурзаковати ҷонфидояш забони ноби пуршаҳди дарӣ, форсӣ, тоҷикиро то ҷое бегазанд дар осори пурарзиш ҳифз карда тавонист. Ин дастоварди бузург аз баракати иродаи маҳкам ва садоқати шахсиятҳои тавонои сиёсат, илму адаби тоҷик дар 70 соли сохти шӯравист. Осон набуд. Дар замони озодӣ, ки соле баъд, хушбахтона, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубро ҷашн хоҳем гирифт, аз таҳкими сулҳу ваҳдат ва фарҳангпарварии Президенти муҳтарам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи расму оинҳои мардумӣ, эҳтироми забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, нашри мероси гаронбаҳои қадимаи хаттӣ авҷ гирифт. Рӯ овардани пиру барно ба омӯзиши забони модарӣ чун муқаддасоти миллӣ ва сарчашмаҳои адабиву таърихӣ фазои дилхоҳро барои худшиносӣ муҳайё сохт. Бахти деринтизор насиб шуд. Сад шукр. Дар ин фосила ҷашну ҳамоишҳои фарҳангиву адабии бузурги байналмилалӣ дар сатҳи олӣ бо ширкати намояндагони давлатҳои ҳамзабон, фарҳангиёни саросари дунё ва дӯстдорони расму анъанаҳои нишотбахши мо дар Тоҷикистон баргузор шуданд. Таҷлили ин ҷашну ҳамоишҳо  эҳсоси зишти кинаву кудурат, хушунату нобовариро андак-андак аз дилҳо дур карда, ба ҳамбастагӣ, оштии миллӣ ва дӯстии тарафҳои ба ҳам зид заминаи устувор гузошт. Пирӯзии сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон. Аммо чӣ метавон кард, ки овозаи пархошу носозиҳои харобиовар аз будаш беш ба олам паҳн мешавад ва ба дили бисёриҳо биму шубҳа ҷо мекунад. Вале солҳои аввал чун ҳар сайёҳе дудила аз кишварҳои дур ба ҷашну ҳамоишҳои фарҳангии Тоҷикистон омад, оғӯши гарм, меҳмоннавозӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат, беш аз ин созандагиву бунёдкориро диду бо хотираҳои нек баргашт, бо худ ситоиши фарҳангпарварӣ, шукӯҳи  ҷашнҳои қадимаи тоҷиконро бурд. Шунидан кай бувад монанди дидан? Ва боз меҳр дар чашм аст.
Ана дар ҳамон айёми барои тоҷикистониён рӯзгори начандон созгори сиёсӣ – иҷтимоӣ (соли 1996) бо ибтикор ва талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни 675 - солагии шоир ва орифи бузург Камоли Хуҷандӣ таҷлил ёфт. То ин замон дар муҳити илмӣ ва адабии Тоҷикистон чун Камолшиноси тавоно бештар устоди равоншод Шарифҷон Ҳусейнзода ва зиндаёд С. Асадуллоев машҳур буданд. Аммо ин арҷгузорӣ ба шахсият ва осори шайхи бузург ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои омӯзиш ва нашри осори «булбули хушилҳони чаманҳои Хуҷанд» ҷунбиши дилхоҳеро ба вуҷуд овард. Ва донишмандони матну суханшиносони насли нав ба таҳқиқу омода кардани осори Камол ҷиддӣ камар баста, махсусан Б. Мақсудов, А. Суруш ва С. Саидов бо истифода аз сарчашмаҳои муътамаду нодири хаттии пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва Эрон, осори Камолшиносони дақиқназар хизматҳои арзандае карданд.
Ҳамон сол дар Хуҷанди бостонӣ Ҷашни 675 - солагии шоири номвар бо ширкати шахсиятҳои воломақом, донишмандони дохиливу хориҷӣ басо пуртантана таҷлил ёфт. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё Шайх баъди асрҳо болидарӯҳ ва гарданфароз боз вориди Хуҷанд шуда, иззату эҳтироми беандозаи ҳамдиёронро мебинад. Ва аз файзи Истиқлоли давлативу қадамҳои ӯ чаманҳои нав ба нави пургулу дилрабо дар Хуҷанд бунёд меёбад. Дар дили Хуҷандшаҳр гулгашти Шайх бо пайкараи зебои эшон кушода шуд. Дар ҳамоишу маҳфилҳо, кӯчаву бозор низ овози тарабангези Шайх Камол муъҷизаосо гӯё ба гӯш мерасид:
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?
Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо?
Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт,
Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо.
Чун дароӣ ба тарабхонаи мо бо ғами дил,
Ҳама гӯянд махӯр ғам, ки ҳаром аст ин ҷо…
Ба болои хушнудӣ шодии дигар пеш омад. Як ҳайати бузурги олимон, адибон, ҳунармандони шинохта, баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳои  Тоҷикистон, - як тайёра!- бо даъвати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бузургдошти Шайх Камол ва зиёрати оромгоҳи эшон озими шаҳри Табрез шуд. Бешак, ин сафар чун муъҷиза менамуд, зеро аз гӯшаи хаёли мо, ки ҳанӯз мафкураи одами шӯравиро доштем, намегузашт: рӯзе бахт механдаду дидани Табрези овозадор, ки Шайх онро «ба ҷойи ҷон» хондааст, «Табрез маро ба ҷойи ҷон хоҳад буд» ва зиёрати турбати эшону оромгоҳи Камолиддини Беҳзод бароҳат насибамон мешавад. Ба шарофати комёб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ деворҳои сиёсӣ шикастанд ва бародарони ҳамзабон ба рӯйи ҳамдигар оғӯши меҳр кушоданд. Ин сафар басо нишотовару хотирмон буд. Банда бо донишманди номвари Камолшиноси эронӣ, пири фозил Азизи Давлатободӣ ҳамсуҳбат шудам, Мақбарат-уш-шуарои боҳашамати Табрезро тамошо кардем, боз бо як идда ҳамватанонамон, ки бар асари гирудорҳо чун ранҷида ҳиҷрат карда буданд, рӯ ба рӯ шуда, аз сулҳу субот, аз дилҳо руфтани ғубори ранҷишу ба диёр, назди пайвандон баргаштан суҳбат оростем. Аслан ҳосили пархошу носозӣ байни бародарон, фирор аз Меҳан, пушаймонист ва дили ғарибафтода доғи ба  дудмони хеш баргаштан аст. Ин эҳсосро  суҳбатҳо ошкор мекард.
Он бузургдошту ҷашни боҳашамат аз Табрез ба Теҳрон, пасон ба Шероз расид, ки Шайхро дар ин шаҳри гаҳвораи шеъру сухан пайванду қиссаҳо афзун аст.
Дар лутфи табъ Саъдии Шерозиӣ, Камол,
Бовар намекунанд, ки гӯйӣ Хуҷандиям.
Он ҷашн дар Тоҷикистон, хусусан дар муҳити илмиву адабии Хуҷанд фазои озод ва файзбахши Камолшиносиро муҳайё сохт. Пажӯҳишгарони соҳибтаҷрибаву ҷавон аз паҳлуҳои гуногуни шахсият ва арзиши осори рангини шоиру орифи камназир бо нигоҳ ва андешаҳои тоза мақолаву рисолаҳои зиёд навишта ба нашр расонданд. Зиндаёд Аъзам Сидқӣ  оид ба ҳаёти пуршебу фарози Шайх Камол роман ва асари саҳнавӣ офарид. Коргардони тавоно зиндаёд Тоҳир Собир аз рӯйи сенарияи ӯ силсилафилм ба навор гирифт. Заҳмати бардавоми шоири пажӯҳишгар Абдуҷаббори Суруш самари дилхоҳ дод. Вай бо дастгирии молиявии ҳукумати вилояти Суғд ҳам «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, ҳам «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»-ро ба зевари чоп расонд. Беҳтарин армуғон ба ташнагони шеъру сухани ноби шоир. Камолшиносӣ ривоҷу равнақи тоза ёфт. Дар ҳамон сол (2015) нашриёти «Адиб» «Девон»-и Камолро аз рӯйи нусхаи боэътимоди замони барҳаёт будани шоир хаттотишуда дар таҳияи муҳаққиқ Баҳриддин Мақсудов дар силсилаи «Ахтарони адаб» нашр кард. Чи хубе! Рӯҳи Шайх шоду мамнун бо лутфу  зарофатҳои мисли зардолуи қандак ширинаш ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистони соҳибихтиёр бо дуруд ташриф овард. Ва таронаҳои дилошӯбаш бо савту навоҳои дилхурӯш барномаи беҳтарин ҳофизонро оро дод. Оре, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ «Олам сухани Камол бигрифт».
Вале ин ҷо як мушоҳидаи нозукро, ки на танҳо ба камина, балки шояд ба бисёриҳо муштараку ошност, зикр кардан мехоҳам. Шахсиятҳои тавонои олами шеъру сухан ирода, далерӣ ва ғурури фавқулодае доранд, ки дар нигоштаҳояшон чун худситоии хушку холӣ не, балки ҳуснбахши онҳо медурахшанд. Чунин даъвоҳои шоирона шояд ҳангоми баҳсҳои гарми адабӣ Шайх Камолро низ ангехтаанд, ки ба мухотаб, чун инсони вораста ҳамеша посухи равшан дода, чеҳра, фазилат ва ифтихорашро ба ҳайси парчамбардори забардасти шеъру адаби Хуросону Мовароуннаҳр ҷилвагар месозад. Бубинед, Шайх бо дили пур чӣ хел аз ҳунараш башорат медиҳад:
Румӣ, аз замини Рум зад нақб,
Аз хоки Хуҷанд сар баровард.
Сазовортарин меросбари Мавлонои Балх.
Ва ё:
Дар шакар рез фикри хеш, Камол,
Нақди ҳар нукта муқаррар соз,
То биёяд ба чошнигирӣ,
Шакар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.
Ва ё:
Магӯ, асҳоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ,
Ҷаҳон пур Шамси Табрезист, марде ку чу Мавлоно?
Ба боз:
Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
Зимнан, ин ҳам пӯшида нест, ки ҳар кас ҳангоми мутолиаи адибони классик ба шеваи гуфтор, мушоҳида, корбасти вожаву таъбирҳои мардумии зодгоҳаш, тасвири ҳолату ҳиссиётҳо, ки суханвар бар асари рӯзгори пурҳодиса ночор аз диёр фирор карда, онҳоро чун ганҷ дар дидаву хотира бо хеш бурдааст, эътибор медиҳад. Ин табиист. Устод Рӯдакӣ савти гуфтору вожаҳои ноби Панҷрӯдро ба Бухорои Шариф бурд ва бо ашъораш дар паҳнои қаламрави забони форсӣ ҷовидон гардонд. Падидаи хушоянди фаровон ва дилнишин истифода бурдани хазинаи вожаву гӯишҳои аҳли Хуросону Мовароуннаҳр дар осори Мавлонои Балх ва Хусраву Бедили Деҳлавӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ҳифзи сарвати забон. Аммо устодона корбаст шудани лутфу зарофат, танзу ришханд, дарк ва пазириши ҳазлу истеҳзо ҳам табъи баланди Камоли Хуҷандиро нишон медиҳад, ҳам ҳусну арзиши ашъори ӯро меафзояд. Чанд мисол:
Лаб мегазад чу чашм кушоям ба диданаш,
Хуштар зи дидан аст маро лаб газиданаш.
Ва ё:
Гӯяд Камол фарфар сад шеъри тар ба як шаб,
Лекин ба васфи рӯяш ҳар як ғазал ба моҳе.
Ба гумонам фарфар навиштан ё шаршар хондан хоси гӯишҳои тоҷикист.
Устод Айнӣ ҳам дар асари арзишмандаш «Намунаи адабиёти тоҷик» таъкид карда: «Дар суханҳои Шайх Камол тарзи хосест, ки дигаронро кам иттифоқ меафтад. Камол дар ашъори худ лафзҳои думаънидор ва ҷиносро (калимаҳои якранг, ки чанд маънӣ доранд) бисёр ба кор мебарад ва ба ҳар ду маънӣ ҳам шеъраш аз ҷазолат (равонӣ, фасоҳат) намебарояд». Ва боз устод дар охир гарданфарозӣ, яъне ғурури вижаи Шайхро ин тавр хотирнишон месозад: «Яке аз хусусиёти Камол он аст, ки ҳеҷ яке арбоби дуволро мадҳ нагуфтааст. Ин давлат ба бисёртарин шуарои мутақаддимин муяссар нашудааст».
Шояд чунин байти Шайх Камол устод Айниро ба сари ин хулоса оварда:
Дасти султонро намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
Ҷойи зикр аст, ки Мавлоно Ҷомӣ «Латофати сухан ва диққати маонӣ» - и Камолро ситоидааст. Ва Шайх низ ба дили пур ин сарваташро эълом дошта:
Хатм шуд бар Камол лутфи сухан,
Ҳар чи баъд аз Камол, нуқсон аст.
Бо танзи зарифу нозук Шайх аз таъсирпазирӣ ё баҳрабардории хеш аз осори шоирони номвари ҳамзамон ё гузашта ибрози андеша менамояд:
Кас бар сари рахнае нагирифт маро,
Ҳеҷ кас надонист, ки дузди Ҳасанам.
Вале ӯ дар масъалаи даст задан ба маънидуздиву тақлид, ки дар осораш ишораҳои зиёди тамасхуромез вуҷуд доранд, ҳукми сахт бароварда:
Мабур зи гардани сӯфӣ қилодаи тасбеҳ,
Гузор, то бибурад гардани муқаллидро
Ва ё:
Эй чу байте ба бахти худ намаде,
Хостӣ, гарчи он сазовор аст.
Ҳамчу шеърат чаро намедӯздӣ
Намади хонақоҳ, ки бисёр аст?
Ва боз:
Ғоратгари маонии маҷмӯаи Камол
Дуздид ҳар чи ёфт, сухан дар ҷарида буд.
Дар замони мо, ки дарвозаву майдони адабиёт барои ҳама кушода аст, дуздони мавзӯъ, шуҳратгадо беибо даст ба ин амали зишт мезананд. Дар ин маврид аҳли таҳқиқ, махсусан мунаққидони ҷавонро мебояд, ки ҷасурона гоҳ – гоҳ нӯхтаи ин тоифаро бикашанд; ҳушдор диҳанд, ки майдони нақд холӣ намондааст.
Пас аз ҷашни Шайх Камол меҳмони нохонда, пирамарде баландболо беш аз 80 – сола ба Иттифоқи нависандагон омада, бо самимият худро шиносонд. Муъминӣ асту аз Теҳрон омада. Адиб не, муҳандис аст, лекин мухлиси адабиёт. Мехоҳад, ки ба шаҳри Хуҷанд биравад.
- Ҳадафи сафари Шумо ба Хуҷанд чист? – тагпурсӣ кардам.
- Бо чашми сар дидани шаҳри Шайх Камол, рӯди Сайҳун (Сир), дасту рӯ шустан дар оби мусаффои он, - посух дод пирамард ва бо табассум афзуд: - Боз як – ду рӯз сайр кардан дар чаманҳои Хуҷанди бостон – зодгоҳи Камоли бузург. Дигар ҳеҷ.
- Чӣ хидмат бикунем?
- Нишонии ягон адиб ё донишмандро бидиҳед, шод мешавам, - гуфт меҳмон: - Шунидам, ки Хуҷанд шаҳри ободу осуда аст. Меҳмонхонаҳо дорад. Ҳамин бас…
Пирамард Муъминӣ аз Хуҷанд шоду қаноатманд баргашт. Вале баъди чанд сол боз ба Иттифоқи нависандагон сар зад, лекин бо ҳамсараш.
- Ба хонум Тоҷикистон, шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро таъриф кардам, наворҳоро нишон додам. Хеле хушаш омад, - гуфт ва афзуд: - Талаб кард, ки маро ҳатман ба Тоҷикистон бубар, ки он ҷойҳоро бубинам. Ман Шерозиям. Шайх Камол, ки Шерози моро дида буд. Чаро ман ба сайри Хуҷанд наравам? Ин имконро Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳайё карда. «Бошад, ҷонам. Меравем» гуфтам. Инак омадем. Шом бо тайёра Хуҷанд хоҳем рафт.
- Чӣ хизмат кунем?
- Ҳеҷ. Мамнун. Хуҷанд шаҳри ошно шуду фозилонаш меҳрубони мо, - бо лутф гуфт Муъминӣ ва пас аз сафар бо хонумаш бо хотираҳои нек басо шод баргаштанд. Онҳо бо хушнудӣ аз сайри Боғи Шайх Камол, дидани мақбараи пуршукӯҳаш, инчунин, хонаи урфии рамзии шоир дар шафати қалъаи таърихӣ ва соҳили Сирдарё ҳарф заданд.
- Нозанину тамошобоб! – бо ҳаяҷон гуфт завҷаи Муъминӣ ва афзуд: - Ҳайф буд, ки ман ин ҷоро намедидам. Шукр, ки Тоҷикистон ба истиқлолият расиду дару дарвозаҳояшро ба рӯйи мо, ҳамзабонон, кушод. Ин бахт аст!
 - Ба ростӣ, Президенти Шумо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи расму оинҳои бостонӣ, шинохту арҷгузории шахсиятҳои таърихӣ хизматҳои бузург карданд, - гуфт Муъминӣ: - Бубинед, хоки Шайх Камолро аз оромгоҳаш Табрез оварда, дар як ҷойи билкулл холии Хуҷанд ба эҳтироми ӯ чи боғи дилкушо, мақбараи боҳашамат, хонаи урфии аҷоиб сохтаанд. Бовар дорам, чаманҳои пургули Хуҷанд нисбат ба замони Камол садчанд афзуда. Аҳсант! Табрезиён акнун биоянду бубинанд. Хеле хушамон омад.
- Мо ҷойҳои сайру саёҳатбобро ба навор гирифта, баъди бозгашт ба дӯстон намоиш медиҳем, - мегуфт хонум: - Беҳтарин армуғон!
- Оре, дӯстони мо ба манзараву ҷойҳои таърихӣ ошиқ мешаванд, орзуи дони Тоҷикистон мекунанд, - мегуфт пирамарди ҷаҳонгашта Муъминӣ ва боз меафзуд: - Ин ҳама аз муъҷизаи озодисту сиёсати сулҳу фарҳангпарваронаи Президенти муҳтарами Шумо…
Боиси сарфарозист, ки ҳоло дар Хуҷанд булбулони хушилҳон – меросбарони сазовори сухану табъи баланди Шайх Камол зиёданд ва дар рушди адабиёту фарҳанги муосири тоҷик саҳм мегузоранд. Лекин маснади шахсият ва осори саршори ҳунари воло, андешаҳои марғуби шоиронаву орифонаи Камол ҳамеша побарҷост ва чашмаи сухани асрорангези ӯ то ҷовидон ташнагони каломро шодоб мекунад. Аз ин хотир, дар пешорӯи Ҷашни шукӯҳманди 30 - солагии Истиқлолиятамон бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон таҷлил ёфтани Ҷашни 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби ташкилоти воломақоми фарҳангии байналмилалӣ – ЮНЕСКО дар саросари олам басо нишотангез аст. Арҷгузорӣ ба шоири бузург. Бешак, ҷомеаи Тоҷикистон, аҳли илму адаб ба ин васила барои боз ҳам хубтар шинохтан ва дастраси хонанда кардани осори шоири овозадор, фарзанди фарзонаи миллат корҳои шоистаеро ба сомон хоҳад расонд. Албатта, шинохт ва бузургдошти абармардони илму адаб, давлатмардони фидоӣ барои тарбияи ахлоқиву маънавии мардум, пайванди ногусастании асолати миллии наслҳои имрӯзу фардо, дар дили онҳо парваридани ҳисси пурнаҷобати худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, фарҳангсолорӣ басо муҳим аст. Моро мебояд, ки бо риояи эҳтиром ва ҳисси бузурги ифтихор ба шахсиятҳои бузурги гузашта, аз ҷумла Камоли Хуҷандӣ, ба осори гаронбаҳо ва рангину пурарзишаш муносибат бикунем, чуноне Шайх дар қитъае фармуда:
Чу девони Камол афтад ба дастат,
Навис аз шеъри ӯ чандон, ки хоҳӣ.
Хаёлоти латифу лафзу ҳарфаш,
Агар хоҳӣ, ки дарёбӣ камоҳӣ.
Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома,
Ба ҳар ҳарфе фурӯ рав чун сиёҳӣ.
Ин, бешак, нишонаи вориси сазовори фарҳанг будану меросбари арзандаи осори гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ хоҳад буд.

Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2020    №: 78    Мутолиа карданд: 709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед