иқтисод
СОДИРОТ. НАТИҶАҲО ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД
Тамоюли манфии афзоиши савдои хориҷӣ танҳо аз ҳисоби мунтазам зиёд шудани ҳаҷми хариди молҳои воридотӣ анҷом ёфт. Ҳиссаи содироти кишвар дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 дарсади соли 2015-ум дар соли 2019 то 26 дарсад афзоиш ва воридот аз 80 дарсади соли 2015 то 74 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфт. Ин пешравиро нодида гирифтан нодуруст аст. Бо вуҷуди ин, ҳаҷми содирот ҳанӯз қонеъкунанда нест. Мувофиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ бояд ба 40 дарсад расонда мешуд. Мутаассифона, соли гузашта мувофиқи маълумоти оморӣ, содироти мол, баръакс, нисбат ба соли пешӣ 1,7 дарсад кам гардид. Содирот аз ҳисоби маҳсулоти маъдан 23,7, сангу филизоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 9,6 дарсад коҳиш ёфт.
РАҚОБАТПАЗИРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Ба андешаи мутахассисон, соли гузашта паст рафтани нархи маҳсулоти асосии содиротӣ ва коҳиш ёфтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нишондиҳандаи содироти маҳсулоти кишвар таъсири манфӣ расонд. Нархи миёнаи содироти маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла маъданҳо, нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли пешӣ 213 доллар поин рафт. Танҳо аз ҳисоби фурӯши алюминий ва нахи пахта ҳаҷми содирот ба маблағи 155 миллион доллар коҳиш ёфт.
Абдулло Дагиев, сардори раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иброз дошт, ки таъсири омилҳои беруна ба фазои содиротии кишвар як паҳлуи масъала буда, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва зиёд кардани ҳаҷми коркард то маҳсулоти ниҳоӣ паҳлуи муҳимтари масъала мебошад.
- То 40 дарсад афзоиш додани ҳиссаи содирот бештар ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ вобаста аст. Дар доираи барнома заминаи меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти сиёсати савдо ва содагардонии расмиёти содироту воридот гузошта шуда, низоми самараноки мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, ҳамчунин, сохторҳои дастгирии содирот, аз ҷумла Агентии содирот ва шабакаи пешбурди мол дар хориҷи кишвар, таъсис дода шуданд. Аммо нишондиҳандаи содирот дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардид. Зеро он сирф ба истеҳсолот вобаста буда, аз корхонаҳои саноатӣ фаъолияти беҳтарро тақозо дорад, - гуфт ӯ.
ФАЙЗНОКИИ КАМИ МАЪДАН ВА АРЗИШИ АСЛИИ ЗИЁДИ МАҲСУЛОТ
Дар сохтори содиротии кишвар ҳиссаи маъданҳои кӯҳӣ бештар аз ҳисоби корхонаҳои ҶДММ «Ширкати саноатӣ - кӯҳии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ «Зарафшон», ҶДММ КМ ТА «Анзоб», ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» ба назар мерасад.
Дар рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав 36 корхонаи саноати маъдан дарҷ шудааст. Аммо, тавре маълум гардид, аз 36 корхона қисми бештари онҳо потенсиали содиротӣ надошта, танҳо чанд корхонаи болозикр фаъоланду халос. Корхонаҳо ҳанӯз маҳсулоти конҳои маъданро то дараҷаи ниҳоӣ коркард карда наметавонанд.
Тавре Зафарҷон Зарифов, муовини директори ҶДММ “Ширкати саноатӣ - кӯҳии Тоҷикистону Хитой”, изҳор дошт, истихроҷи маъдан дар асоси корҳои ҷустуҷӯӣ – геологии аз рӯйи категорияҳо муайянгардида на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва хароҷоти зиёд дорад.
Ҷустуҷӯ ва истихроҷи маъдан, албатта, талошу заҳмати зиёд мехоҳад. Дар вақти корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологӣ файзнокии маъдан низ муайн мегардад, яъне миқдори металл дар маъдан чӣ қадар аст. Вале баъзан ҳангоми истихроҷ нишондиҳандаи дилхоҳи захираи муайяншуда ба даст намеояд. Ин хароҷоти зиёд дошта, ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад ва зарурати бо нархи ночиз ба фурӯш баровардани он пеш меояд, ки ба манфиати корхонаҳо нест. Аз ин рӯ, баъзан маҳсулот дар анборҳо “хоб” меравад. Хуб мебуд, агар миқдори захираи конҳо танҳо ҳангоми истихроҷ дарҷ карда шавад. Ғайр аз ин, конҳое, ки захираи онҳо замони шӯравӣ ҳисоб шудааст, аз ҷиҳати иқтисодӣ бозҳисобӣ карда шаванд. Ин вазифаи ҷонии Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки дар сатҳи зарурӣ маблағи кофӣ надорад.
ЧАРО АГЕНТИИ СОДИРОТ ҲАНӮЗ «ПОБАРҶО» НЕСТ?
Дар ҷумҳурӣ бо мақсади мусоидат ба содироти истеҳсолкунандагони ватанӣ, махсусан хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз 28 январи ҳамин сол Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври расмӣ ба кор шурӯъ кард. Ҳол он ки барои таъсиси ин сохтори муҳими давлатӣ ҳанӯз соли 2018 дастур шуда буд.
Маълум гардид, ки агентӣ давоми ду сол аз пайи ҳуҷҷатгузорӣ барои фаъолият, аз ҷумла таҳияи низомномаю феҳристи асосии содиротӣ, ҳамчунин, дарёфти бинои агентӣ гаштааст. Ҳамоҳангсозии сусти амалҳои байни вазорату идораҳои соҳавӣ ҳанӯз боиси сар задани чунин мушкилиҳо гашта истодааст. Ин ҳол ба фаъолияти сохтор ҷиҳати ҳарчи зудтар «побарҷо» шудан, мусоидат ба содирот, махсусан таъсиси «Тоҷикагроэкспорт» барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, халал расонд.
Хулоса, барои беҳтар намудани вазъи содиротии кишвар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва муътадил нигоҳ доштани арзиши аслии он, масъалаҳои дигари ҳалталаб хеле зиёданд. Ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот ва бандубаст, таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетинг ва менеҷмент, дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ ва пешгӯии аз ҳад некбинонаи умедворӣ аз сармоягузории хориҷӣ. Ғайр аз ин, масъалаи тақсимбандии минтақаҳо, бештар ба инобат гирифтани танҳо потенсиали содиротии минтақаи шимоли кишвар низ лоиқи истиқбол нест, зеро дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳам иқтидори на камтари содиротӣ доранд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2020 №: 79 Мутолиа карданд: 1115