logo

маориф

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ МАОРИФ

Соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он ки ояндаи кишварро бе рушди ин соҳа тасаввур наметавон кард, новобаста аз мушкилоти иқтисодиву буҳронҳои ҷаҳонӣ, маблағгузории соҳа рӯз ба рӯз афзун гардида, натиҷаҳо низ дар ин самт назаррасанд.
Тибқи нишондоди оморӣ ҳамасола дар ноҳияи Рашт бо дарназардошти зиёд гардидани аҳолӣ сафи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфта,  норасоии синфхонаҳо мушоҳида мегардад. Аз ин лиҳоз, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола макотиби наву замонавӣ ва ё синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Айни замон мувофиқи маълумоти шуъбаи маориф дар ҳудуди ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28267  нафар хонанда, фаъол аст. Ба хонандагон 1636 омӯзгор таълим медиҳад. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 180 тарбиятгиранда, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 50 тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар кӯдак ва 46 маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1026 нафар  амал карда истодаанд.
Зикр бояд кард, ки дар ноҳия сохтмони 2 бинои боғчаи бачагона идома дошта, аз ҳисоби биноҳои таъмиршуда ташкил намудани 2 боғчаи бачагона дар деҳоти ба номи Нусратулло Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 820  компютер, 72 ноутбук,  191  принтер, 14  тахтаи электронӣ, 42  видеопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошанд. Дар ноҳия ба масъалаи китобхонии хонандагон диққати махсус зоҳир гардида, китобҳои тозанашр ба муассисаҳои таълимӣ дастрас мегарданд.
Соли гузашта ба маблағи 739 ҳазор сомонӣ 43381 адад китоби дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст.
Бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари кориашон ба минтақаи Рашт 24-26 июни соли 2019, барои ҷавонони ноҳия 88 адад квотаи президентӣ ҷиҳати таҳсил намудан дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷудо гардида, тибқи Маркази миллии тестӣ 621 нафар ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардид.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба забономӯзии хонандагон диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати ҷалби онҳо ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтахассуси забони русӣ, дарсҳо ва маҳфилҳои иловагӣ ҷараён доранд.

Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2020    №: 79    Мутолиа карданд: 2493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед