фарҳанг
«ХУБ БИЁМӮЗЕМУ ДУРУСТ»
Бархе аз инсонҳои асилу огоҳу зиндадил чун қисмате аз роҳи зиндагиашонро тай мекунанд, ба роҳи рафтаашон чанд лаҳза менигаранду меандешанд. Ва баъд ба худ суол медиҳанд: «Оё рисолаташонро ба анҷом расонда тавонистаанд? Чӣ кореро боз бо сидқу масъулиятшиносӣ бояд иҷро бикунанд?». Посухҳои сазовор пайдо кардан мехоҳанд. Ин ба он хотир аст, ки ҳанӯз аз худ ва иҷрои рисолати инсониву шаҳрвандиашон қонеъ нестанд. Мехоҳанд, ба аҳли ҷомеа ва ба хотири боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, инчунин, пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубашон боз бештару беҳтар хидмат бикунанд. Ва ҳам бо он донишу таҷрибаи рӯзгоре, ки андӯхтаанд, ҳидоятгари насли нав бошанд. Наврӯз Авзалов аз ҳамин зумраи шахсон ва зубдагони ҷомеа аст. Суҳбаташ ҷонпарвару сабақомӯз мебошад ва метавон аз он ҳама ба фаҳми ҳикмати рӯзгор расид.
Мактаби олии касбии омӯзгориро, ки хатм кардаву баъди он омӯзгор буд, минбаъд низ ин касбу ҳунар таъсири неку мусбатро ба фаъолияту зиндагияш гузоштааст. Дастуру ҳидояту раҳнамоияш дар ҳама лаҳзаҳо ба хотири худшиносӣ, боло бурдани сатҳи маърифату фарҳанг, дӯстдории Ватани маҳбубу кишвари азиз мебошад.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1961 ба сифати омӯзгор ва баъдан мудири қисми таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Восеъ оғоз бахшид.
Солҳои 1966 - 1969 барои кор ба идораи рӯзномаи ноҳиявии Восеъ - «Мубориз» даъват шуд. Фаъолияташ дар ин ҷо ҳам ба сифати котиби масъул ва муовини сармуҳаррир хубу назаррас буд. Дар ин давра саъю кӯшиш ба харҷ дод, то рӯзнома рисолаташро ҷавобгӯи талаботи давр иҷро бинамояд. Ба сифат, мазмуну мундариҷаи навиштаҳо ва ороиши он диққати махсус медод. Навиштаҳо ва масъалагузориҳояш собит месохтанд, ки ӯ чун дақиқназар ва таҳлилгари хубу масоили таърихиву иҷтимоӣ ба воя расидааст. Аз ин рӯ, соли 1969 барои кор ба Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даъваташ карданд. Соли 1975 рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар ин муддат ва баъд ҳам мақолаву китобҳои зиёд таълиф карду ба нашр расонд. Бештари онҳо ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва хоҷагии деҳот бахшида шудаанд. Мехост, ки деҳот рушди бештару беҳтаре дошта бошад ва сатҳи зиндагии мардум болотар биравад. Роҳу усул ва сабабҳои онро меҷуст ва ба миён мегузошт. Ҳамчун муҳаққиқу коршиноси хуби соҳа бо он меҳру муҳаббат ва дилсӯзӣ аз маҳбубияти хос бархӯрдор буд.
Хидматҳои содиқонааш аз мадди назари масъулон дур намонд. Соли 1979 барои фаъолият ба Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба шуъбаи ташкилии мудирияти Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ даъваташ карданд.
Аз соли 1981 то соли 1983 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вазифаи котиби дуюми Сафорати Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ адои хизмат намудааст. Дар тавсифномааш аз фаъолияти хубу назаррас ва сатҳи баланди касбӣ, муносибати хуби инсонидоштааш масъули вақту соҳа ва кишвар В. Котенко ёдовар мешавад. Аз ҷасорату мардонагӣ, дониши мукаммал доштанаш низ дар ин санад навиштааст. Ва ҳам зикр кардааст, ки ӯ донандаи хуби забонҳо, анъанаву русуми миллӣ мебошаду аз маҳбубияти хос дар ҳар ду ҷониб бархӯрдор мебошад. Инчунин, дар амалиётҳо иштироки фаъол дошту бо мардонагӣ корнамоӣ нишон дод. Ва низ кӯшишаш бар он буд, ки миёни ин ду давлат дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити ҳасана доимо барқарор бошад.
Баъди бозгашт аз ин сафари хидматӣ фаъолияташро дар Дастгоҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вазифаҳои инспектори калон, референти калони мудирияти корҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони ҷумҳурӣ идома дод. Аз соли 1993 то соли 1999 дар вазифаи муовини аввали вазири таъминоти иҷтимоӣ, минбаъд дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар дошт. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт: «Ин давра, давраи ҳассос ва барои кишвару аҳолии он вазнин ба шумор мерафт. Набудани маблағҳои зарурӣ, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, обод кардани мамлакат монеаҳо эҷод мекард. Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхорӣ ва ояндабинии хоси худ дастур медоданду раҳнамоӣ менамуданд, ки маъюбону ятимон, камбизоатон, дармондагон, бепарасторон бо ҳисси дилсӯзӣ дастгирӣ карда шаванд. Ҳамин буд ки, аз ҷумла шумораи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон, маъюбон, хона- интернатҳо, осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ афзуд. Инчунин, пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ барои барқарор намудани қобилияти меҳнатии маъюбон таъсис ёфт.
Аз моҳи июли соли 1999 нафақа барои хидматҳои махсус таъйинаш намуда, хидматҳояшро бо як қатор мукофотҳо қадрдонӣ карданд.
Бо рӯзгори ибратомӯзаш метавонад, ки ифтихор дошта ва қонеъ аз кору зиндагияш бошад. Аммо инро бар худ раво намебинад. Мегӯяд: «Бояд аз ин ҳам бештару беҳтар ба нафъи мардум, Ватани маҳбуб хидмат мекардам». Агарчи пирӣ таъсири худро бар ҷисмаш андаке гузошта, аммо рӯҳаш ҳамчунон қавист. Бо эҳсоси хастагинопазирона хидмат кардан мехоҳад. Дар ин ҳол бештар дарк мегардад, ки аз омӯзгорон ва мураббиёни хубу сарсупурдааст. Аммо барои он ки ин ҳақиқатро ба худ нисбат надиҳад ва диққати моро ба дигар сӯ ҷалб бикунад, бо панду насиҳат иброз медорад. «Дунё беҳтарин мураббӣ ва замон беҳтарин омӯзгор аст. Аз ин ҳар ду бояд биёмӯзем, хуб биёмӯзему дуруст».
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2020 №: 79 Мутолиа карданд: 682