logo

иқтисод

ПАРТОВҲОИ ПОЛИМЕРӢ. АГАР ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ НААНДЕШЕМ...

Муомилот бо партовҳои полимерӣ (пластикӣ ва электронӣ) на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба яке аз мушкилоти мубрам табдил ёфтааст. Ба гуфтаи мутахассисону олимони соҳаи тиб, истифодаи такрории зарфҳои пластикии яккарата паёмадҳои нохуш доранд. Барои ҳифзи саломатии инсон, табиат ва умуман, муҳити зист андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз қабили баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, безарар гардондани зарфҳои полимерӣ ва худдорӣ аз истифодаи нодурусти онҳо муҳиму саривақтӣ мебошад.
Ҷои таъкид аст, ки партовҳои пластикӣ ба раванди биологии ҷудошавӣ (пӯсидан) дучор намешаванд. Аз ин рӯ, бисёр давлатҳои мутараққии ҷаҳон аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ даст кашида истодаанд.
Борҷомаҳои полимерӣ (хусусан халтаҳо) аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи маҳсулоти истифодаашон яккарата дохил шуда, ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии онҳо баланд мегардад.
- Бо мақсади  дар мамлакат ҷорӣ намудани талаботи ҳатмии ягона барои истифодаи борҷомаҳо Регламенти техникии «Бехатарии борҷома» (аз 01.08.2016) мавриди амал қарор дорад. Тибқи  талаботи он, истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ манъ мебошад. Чунки дар вақти истифодаи такрории  онҳо амали безараргардонӣ (стерилизатсия) гузаронда намешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатӣ ба ҷои зарфҳои пластикии яккарата аз борҷомаҳои шишагин, металлӣ, сирдор ва амсоли инҳо, ки бехавфанд, истифода бурдан тавсия дода мешавад,- гуфт Амонулло Қодиров, корманди Агентии Тоҷикстандарт дар робита ба ин мавзӯъ.
Мутаассифона, истифода аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ айни ҳол дар миёни ҷомеа ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст.  Гузашта аз ин, чуноне аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар аксар мағозаву ошхонаҳои калон, нуқтаҳои хӯроки умумии тезтайёри сарироҳӣ, кӯчаю маҳаллаҳо, бозорҳо ва назди манзилҳои истиқоматӣ зарфу борҷомаҳои пластикии чандин маротиба истифодашударо аз нав истифода мебаранд. Ҷои таассуф аст, ки  чунин ҳолат, ҳангоми муомила бо маҳсулоти ширӣ низ мушоҳида мешавад. Ин амали хатарнок аст, зеро шир ғизоест, ки ҳангоми дар борҷомаи пластикӣ зиёд нигоҳ доштан сифаташро гум карда, барои саломатӣ зиёновар мегардад.
Зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро баъд аз истифода сӯзондан ё дар кӯчаю роҳравҳо партофтан ҳам мумкин нест, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси зарарнок хориҷ мекунанд.
Тавре Мақсатулло Мардонов, сардори шуъбаи назоратии давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, имрӯз дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи сахти маишӣ (бо масоҳати умумии зиёда аз 295 гектар) фаъолият менамояд. Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, қисми зиёди онҳо ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯй нестанд.
- Муомила, ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ алҳол  яке  аз проблемаҳои доғи рӯз  ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ 29 коргоҳи коркарди дубораи партовҳо фаъол аст, аз ҷумла 7 корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ. Ин шумора талаботро қонеъ гардонда наметавонад. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда зарур аст, ки аз таҷҳизоти безараргардонии ҳозиразамон истифода бурда, барои коркарди дубораи  партовҳои пластикие, ки ҳоло дар партовгоҳҳо ҷамъ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамзамон, зарур аст, ки давра ба давра аз истеҳсол ва истофодаи онҳо даст кашем. Ба ҷойи онҳо ба истифодаи халтаҳои латтагӣ ё ин ки коғазӣ гузаштан тадбири саривақтӣ мебошад, - гуфт М. Мардонов.
Ҳоло аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ тадриҷан даст мекашанд. Зеро коркарди дубораи онҳо низ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар нест.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки  якбора аз истеҳсол ва истифодаи ин навъ зарфу борҷомаҳо даст кашидан ғайриимкон, аммо марҳила ба марҳила, бо роҳу усулҳои ба муҳити зист ва саломатӣ безарар - истифодаи маҳсулоти ивазкунанда гузаштан имконпазир аст.
Зоиршо Ишратов, мутахассиси сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки дар таркиби зарфҳои пластикӣ як қатор маводи  кимиёие мавҷуд аст, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботи дурусти истифодаи зарфҳо метавонанд ба хӯрок  ва маҳсулоти хӯрокворӣ омехта шуда, ба организми инсон ворид гарданд. Таъсири онҳо на яку якбора, балки бо гузашти вақт аён мешавад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки харидорон, хусусан дар рӯзҳои гарм,  аз харидани маҳсулоти ғизоӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, маҳсулоту нӯшокиҳо дар зарфҳои пластикӣ худдорӣ кунанд, зеро интихоби маҳсулоти бехатар кафолати солимии ҳар як истеъмолкунанда аст. Ҳамчунин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ гиранд ва саломатии миллатро таҳти хатар қарор надиҳанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2020    №: 80    Мутолиа карданд: 800
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед