logo

сиёсат

ГЕГЕЛ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

МУҚАДДИМА
Тамоми таърихи инсоният, ки дар шаклҳои хаттӣ ва шифоҳӣ то замони мо расидааст, таърихи муборизаҳост. Натиҷаи он ғолибият пайдо кардан ва ё аз даст додани мавқеъҳо, сарзаминҳо – манфиатҳо мегардад. 
Субъект ва объектҳои асосии чунин муборизаҳо, дар маҷмӯъ, гурӯҳҳо, синфҳои иҷтимоӣ, ба тарзи умда халқҳо, миллатҳо мебошанд,  ки дар шакли давлат, дар муқовиматҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рӯйи саҳна меоянд. Ин набардҳо то замоне идома хоҳанд ёфт, ки яке аз ҷонибҳо ба мақсад расад, манзалати дигар ва ё қисмати онро зери тасарруф бигирад. Дар акси ҳол, мубориза чизе нест, ки монанд ба як навъ шуғл ва вақтгузаронӣ бошад.
Шакл ва ангезаи аслии чунин рақобатҳоро ақидаҳо ташкил мекунанд, ки дар  шуур ифода меёбанд ва пояи ҳастӣ, воқеӣ доранд.
Рӯҳи одамизод қувваи аслии ҳаракатдиҳандаи амал аст. Он омили пешравии инсон маҳсуб мегардад. Агар чунин рӯҳ солим бошад.
Ба андешаи инҷониб, дар баробари истифодаи ниҳоят ихлосмандонаи комёбиҳои техникии Ғарб, бояд муҳтаво ва шеваи ақлсозии «Дунёи куҳан»-ро низ омӯзем. Таҷрибаи таърихии  онро, то ҳадди имкон, мадди назар бигирем. Истифода барем.
Омӯхтан аз Ғарб андешаи нав нест. Бузургии Ибни Сино, навовариҳои ӯ ҳам дар илмҳои дақиқ ва ҳам дар илмҳои гуманитарӣ натиҷаи аз бар кардани дастовардҳои  пешқадамтарин илмҳои замони худ, аз ҷумла, фарҳанги пешрафтаи Юнони Қадим буд. То пурра сарфаҳм рафтани «Метафизика»-и Аристотел, беш аз чиҳил маротиба қироат ва аз ёд кардани ин китоб аз ҷониби ин алломаи Шарқ – яке аз саромадони илмҳои фалсафа ва табиатшиносии ҷаҳон, албатта, маҳсули эҳсоси чунин зарурат ва заҳматҳост.
Устод Садриддин Айнӣ чор нафарро ҳамчун «доҳии адабу фарҳанг» ном бурдааст: Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Аҳмадмахдуми Донишро, ҳамзамон, доҳии модарзод унвон кардааст. Ӯ менависад: «Маълум аст, ки дар он овон дар Бухоро аз фикрҳои нав ва адабиёти ҷадида асаре набуд. Пас маълум мешавад, ки ин доҳии модарзод ҳамаи афкорашро аз ғайри талқини касе ва китобе маҳз аз тадбир ва тафаккури худ маишат ва дунёро ҳосил кардааст» (Айнӣ С. Аҳмадмахдуми муҳандис, мунаҷҷим Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла // Намунаи адабиёти тоҷик. – М.: Нашриёти марказии халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сӯсиёлистӣ, 1926. – С. 289).
Яке аз сабабҳое, ки Садриддин Айнӣ ӯро ба ин истеъдоди фавқулодагӣ мансуб донистааст, шиносоӣ ба асари ӯ «Наводир-ул-вақоеъ» мебошад. Тавре маълум аст, ин китоб, ки асосгузори адабиёти навини тоҷикро водор ба андешаи инқилобӣ – аз байн бурдани сохти амирӣ ва ҷаҳонро зарурат ба тарҳи нав рехтан кардааст, натиҷаи шиносоии Аҳмадмахдуми Дониш бо илм, маърифат, техника, таҷриба ва афкори пешрафтаи Ғарб мебошад. Ибрози чунин мантиқ, сабабгори таҳаввулоти фикрии гурӯҳи соҳибандешаи миллати тоҷик,  минҷумла, Қаҳрамони миллии мо устод Садриддин Айнӣ гаштааст.
Ҳамин тариқ,  бидуни пешрафти ақидатӣ ва шеваи андеша рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва устувории сиёсии ҷомеа имкон надорад. Ва «барои донистани халқ, (хулқу атвор, сабабҳои пешрафт ва ё ақибмондагӣ – С. Я.) дарки моҳияти фалсафаи ӯ амри зарурист» (Г. В. Плеханов).
Аксиомаи тараққии илму техника ва таъмини суботи давлатдорӣ – хирадсолории қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, аз лиҳози миқдор ва сифат, муҳимтарин натиҷаи он, пеш аз ҳама, сатҳи дониш, тасаввуроти илмӣ – худкифоии миллиро мадди назар дорад. На даъвоҳои дигар намуди ҷаҳонбиниро. Диалектикаи умдатарин категорияи фалсафа – сабаб ва оқибат, дар ҳамин таҷриба исботи худро тасдиқ кардааст.
Асрҳои XVIII - XIX барои мамлакатҳои Ғарб аз муваффақтарин давраҳои пешрафти илму маърифат, аз ҷумла фалсафа ба ҳисоб мераванд.
Назарияи фалсафии Георг Вилгелм Фридрих Гегел (1770-1831), дар баробари дигар дастовардҳои тамаддуни башарӣ, ба раванди шинохти илмӣ-фалсафии рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, ҳамчун заминаи воқеӣ барои дарки ҳақиқати ҷузъиёти номбаршуда, такони ҷиддӣ бахшид.
«Фалсафаи рӯҳ» аз ҷумлаи асарҳои маъруфи Гегел дар ин бора мебошад.
Таҳлили муқоисавӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори ақибмондагии системавӣ, пеш аз ҳама, мафкуравии баъзе кишварҳои мусулмоннишин нисбат ба мамлакатҳои Ғарб, ки боиси бадбахтии аввалиҳо гаштааст, саволҳоро оид ба омӯхтан, ошкор кардани омилҳо ва бартараф намудани онҳо ба бор меоранд. Вазъияти таносуби ақлҳо, донишҳо, зиндагисозиҳо дар Ғарбу Шарқ, дар чаҳорчӯбаи ин фосилаҳои бузург, тавре ки мо асрҳои аср мебинем, набояд чунин сурат бигирад. Ин гуна шакл гирифтани муҳтаво ва мундариҷаи маънавиёти инсонӣ дар як Замин, ба фаҳми олими машҳури немис Гегел ҳам мувофиқат намекунад.
Мавзӯи асосии «Фалсафаи рӯҳ»-и Гегел дар асл таҳлили таърихии ҳолати рӯҳӣ, ақлонии як инсон, як фард нест. Гегел муътақид аст ва ба он такя мекунад, ки «шуури индивидуалии инсон дар тавсеаи тадриҷии худ наметавонад аз рушди давра ба давраи рӯҳи тамоми одамизод ақибмонӣ кунад. Дараҷаи инкишофи рӯҳии одам ҳама вақт ҳолати тараққиёти рӯҳи инсониро инъикос мекунад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. – М.: Мысль, 1956. – С. 14). Ӯ дар ин маврид, дар шакли умум, дар ҳамбастагӣ бо якдигар такмилёбии ҷаҳонбинии инсонҳоро мадди назар дорад. Ҷонибдори ин андеша аст.
Ақидаи пешниҳоднамудаи олими бузург, гарчанде бо эътиқод ва эътимоди илмӣ изҳор гашта бошад ҳам, дар таҷрибаи рӯзгор тасдиқи худро наёфт. Сабаб чист? Кадом қонунмандиҳо дар табиат, ҷамъият ва тафаккур амал мекунанд, ки чунин эҳтимолияти баробаршавиҳоро на танҳо роҳ намедиҳанд, балки рӯз ба рӯз холигӣ, аз ҳам дуршавии дараҷаи пешрафтро дар сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг тақвият мебахшанд? Ва натиҷаи фоҷиабори онро таҷрибаи одамизод ҳамарӯза тасдиқ менамояд.  Мутаассифона, ҷуғрофияи ин падида тамоюли  густаришёбӣ дорад.
Эътимоди комил он аст, ки дар ин маврид системаи ниҳоят дақиқ коркардшудаи манфиатхоҳи худи одамизод ҳам дар муқобили фард ва ҳам бар зидди гурӯҳҳои иҷтимоӣ амал мекунад. Дар чунин вазъият, масъалагузории Гегел ва воқеияти акси он дар ҷомеаи муосир   проблемаи иҷтимоӣ, яъне мавзӯи тадқиқоти илмӣ аст. Дар даҳсолаҳои оянда ин мушкилот мебояд ҳалли мусбат пайдо кунад. Вагарна, фоҷиаи инсонӣ дар шаклҳои сангинтар сурат  мегирад.
Худи Гегел дар «Фалсафаи рӯҳ» тақрибан ба ин савол ҷавоб медиҳад. Аммо хулосаи ниёзҳои ӯ илми муосирро қонеъ гардонида наметавонад.
Дар доираи категорияҳои манфиат ва ташаккули  рӯҳ, омӯхтани назари олим ва файласуфи Ғарб Г. В. Ф. Гегел, ки таълимоташ таҳкурсӣ барои инқилоби фикрии «Дунёи куҳан» ва умуман ҷомеаи башарӣ,  ҷиҳати тағйири мусбати муҳтавои тафаккур таъсиргузор аст,  мавзӯи баҳси ин таълифотро дар чаҳорчӯбаи худшиносии миллӣ дар бар мегирад.
Ба мавзӯъҳо ҷудо кардани матлаб хосияти шартӣ дорад, зеро мафҳум, категория, метод ва қонунмандиҳои фалсафие, ки дар доираи асарҳои Гегел, аз ҷумла «Фалсафаи рӯҳ» истифода мешаванд, ифодаҳои диалектикии ба ҳам наздики муҳтавои таҳқиқ мебошанд. Дар вобастагӣ бо мантиқи  тадқиқот  мақсади илмиро дар тафсили барои муаллифи китоб мувофиқ, дар алоқамандӣ ба якдигар тавзеҳ медиҳанд, асоснок мекунанд, пурра мегардонанд.
Умуман, мақсади таҳқиқи «Фалсафаи рӯҳ»-и Гегелро аз ҷониби муаллиф, бо суханони олим, файласуф, таърихнигор, асосгузори эмпиризм ва материализми англис, сиёсатмадори бритониёӣ Френсис Бекон (1561-1626) возеҳтар баён кардан мумкин аст: «Ахиран, дар умум мо мехоҳем ҳамаро қаблан ҳушдор диҳем, ки онҳо ҳақиқати воқеии мақсадҳои илмро дар ёд дошта бошанд. Ба илм омӯхтан кӯшиш намоянд. На барои шавқу рағбат. На барои  мусобиқа. На барои бовиқорона ба дигарон нигоҳ кардан. На барои манфиат бардоштан. На барои тавоноӣ ё ин ки ба ин монанд мақсадҳои  ғаразнок, балки барои фоида бурдан аз ҳаёт ва таҷрибаи зиндагӣ, барои он ки онҳо комил гарданд ва онҳоро барои муҳаббат ба ҳамдигар раҳнамун созанд» (Ф. Бэкон. Сочинения. В двух томах. Т. 1. – М.: Мысль, 1977. – С. 67).
Ҳамзамон, шояд эҳтимоли зарурат бошад, хотиррасон гардад, ки дарки гносеологии мантиқи фалсафаи Г. В. Ф. Гегел, аз ҷумла таълифоти номбаршуда, барои хонандаи одӣ то андозаи муайян мушкилот дорад ва аз номи ин мутафаккири бузург овардани сухани Мирзо Абдулқодири Бедил бамаврид аст: «Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад, Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам».

ШУУР ВА ХЕШТАНШИНОСӢ
Зуҳури Георг Вилгелм Фридрих Гегел дар таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ падидаи бесобиқа аст. Ӯ фалсафаи оламро, ки маҷмӯи шуури ҷамъиятӣ, мавқеи субъект дар муҳити объективӣ, назария ва методологияи ҷаҳонбиниро меомӯзад, бо тадқиқоти бунёдии худ оид ба табиат, ҷамъият, тафаккур ва усули объективият аз нигоҳи илмӣ тақвият бахшидааст. Дар он андешаи ҳақиқии тафаккури ҳастиро ворид намудааст.  
Олими дақиқназар дар масъалаи муайян кардани предмети тадқиқот, ки ҳамакнун аз ҷониби мо, дар доираи ин мавзӯъ иброз шуд, ниҳоят серталаб аст.
Барои ба хонанда фаҳмонидани муҳтавои таҳқиқоти худ ва таъмини муколама бо Гегел таъкид месозад: «Мафҳуми рӯҳ ... худ ба худ донистани воқеияти идея аст. Ин мафҳумро ҳамчун мафҳумҳои дигари худӣ бояд фалсафа мисли чизи зарурӣ нишон диҳад. Ба тарзи дигар, монанди натиҷаи мафҳумҳои умумӣ ва идеяи мантиқӣ ба намоиш гузорад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. – М.: Мысль, 1956. – С. 33).
Ҳамчунон, бо дарки мантиқи одии идея дар хулосабарорӣ нисбат ба донишҳои воқеӣ ва илмӣ ин донишманди дақиқназар саросема намешавад. Он чизе, ки мо дар рӯзгори маъмулӣ ва натиҷагириҳои хеле омиёнаи «идеолог»-ҳои гурезаи ҳукуматхоҳ мебинем. Ва дар муҳокимаронии онон истифодаи истилоҳи мантиқ боиси хиҷолати худи мантиқ мегардад. Зеро «дарк, аллакай, дар мантиқи одии идея фақат мафҳум дар доираи дарк аст, на худи донишҳо... » (Ҳамон ҷо. – С. 33). Гегел мавқеи худро оид ба масъала мушаххас мекунад: «Илм дар бораи рӯҳ, дар навбати худ, бояд ҳақиқати хешро тавассути мафҳум дар бораи рӯҳ ба воситаи инкишоф ва амалишавӣ нишон диҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 33).
Бадбахтии тарзи тафаккури афроди муайян, ки бо ном ва зери шиорҳои гуногун «достони бадастории ҳукумат дар парда гуфта», бо дастон ба ифротгароӣ ва терроризм машғуланд, дар ниҳояти кор догматизми асримиёнагӣ аст.
Сарфи назар аз тағйири макони зист,  бо хароҷоти пуштибонон, «бо рафту омади Макка», хӯшае барои рушди на танҳо халқи худ, балки ҳолати зеҳниашон ҳам зам накардаанд. Агар намояндагони  бузурги миллатҳо маҳз баҳри чизи нав омӯхтан, аз худ кардан сайру сафарҳо анҷом дода бошанд (Носири Хисрав, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Муҳаммад Иқбол ва дигар шахсиятҳои маъруфу машҳури халқҳои дунё), ашхоси ёдшуда, мутаассифона, бо айб ва хасисии табиат, ки рӯҳи офаранда ва таҷрибаи бунёдкунандаро дар онон қаҳт кардааст, бетағйир мондаанд. Дараҷаи тафаккури онон аз воқеияти маърифат ва тараққиёти ҷаҳонӣ фосилаи бебозгашт гирифтааст. Ҳатто ҳаракати зиддимиллии босмачигариро, ки ба қавли шоҳиди он замону макон устод Садриддин Айнӣ, дар буридани гӯшу бинии мардум ва «баччабозӣ»-и саргум маъруфу машҳур гардида буд, то ҳол ҳамчун идеология ва рӯҳи «муқаддас»-и мубориза барои давлатдории ояндаи худ тасаввур ва ташвиқу тарғиб мекунанд. Ин зуҳурот одӣ нест. Намуна аз бахти гаронхобу кори бесомони гурӯҳаки мансуб ба ҳамин миллат аст. Масъала ниёз ба омӯзиш ва ислоҳи ҷиддӣ дорад.
Мавқеи Гегел дар таҳқиқ, баҳодиҳӣ ва хулосабарорӣ нисбат ба воқеият мушаххас аст. Вай гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки «ҳама гуна воқеият дар муқоиса бо воқеияти дигар, воқеият дошта метавонад» (Ҳамон ҷо. – С. 33). Аз ин лиҳоз, ҳолати рӯҳӣ, равонӣ, андешаронӣ ва аз ҳама муҳим, натиҷаи амалии нақшаҳое, ки ҳар миллат ва ё намояндаи одии он дар майна доранд, бояд бо тарзи тафаккур ва таҷрибаи бадастовардаи миллатҳои дигар мавриди муқоиса қарор дошта бошанд. Он вақт сифати рӯҳӣ, ҷаҳонбинӣ ва тарзи амали ҳар қавм ва намояндагони он мушаххас мегардад.
Фаҳми масъаларо Людвиг Фейербах қувват мебахшад ва возеҳтар тафсир мекунад: «Рӯҳ, ҷони одамизод, як моҳияти номуайян ва ғайри материалӣ, одӣ  нест,  он чизе, ки дар борааш рӯҳшиносон майна об мекунанд – ин ғайр аз моҳияти муайяни инсон чизи дигаре буда наметавонад. Он чизест, ки инсонро ба ҳамон шакл ва мазмун меофарад. Ин хусусияти ба тарзи худ характерноки сифатӣ ва ифодатарин хосияти фардияти инсон аст» (Л. Фейербах. Истории философии. – М.: Мысль, 1967. – С. 38). 
Мусаллам аст, ки хештаншиносӣ мансуб ба сохтор ва мундариҷаи рӯҳи инсонӣ мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат, мавзӯъ ниёз ба тафсири моҳияти шуур дорад. Мақсад аз он ба хотир овардани тасаввурот нисбат ба муҳимтарин масъалаи фалсафа – муносибати ҳастӣ ба шуур мебошад.
Ба назар мерасад, ки шарҳи паҳлуҳои шуур дарки назарияи Гегелро оид ба рӯҳи инсон ҳамчун қисмати структуравии он осонтар мегардонад.
Вақте ки сухан дар бораи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ меравад, муайяншавандаи аслии истилоҳ ва ибораи номии зикргардида, дар тарҷумаҳои англисӣ ва русӣ ҳам ба тарзи маъмул вожаи шуур (сonshiosness, сознание) мебошад. Ин ҳолат зарурати дарки моҳиятии шуурро тахассусӣ, аз лиҳози семантикӣ предмети илмӣ мегардонад.
Ҳамин тариқ, шуур шакли мушаххаси инъикоси ҳастӣ, ҳамчунин ба тарзи идеалӣ шинохтан, дарк намудан ва аз худ кардани воқеияти реалӣ мебошад.
Шуур решаи воқеӣ, заминӣ дорад. Муҳимтарин воситаи муносибат байни инсон ва муҳити атроф дониста мешавад. Фақат дар ҷомеа шакл мегирад. Рӯйдоди ҷамъиятӣ аст. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ: «То замоне ки инсон ҳаст, рӯйдоди ҷамъиятӣ мемонад».
Чунин тарзи идеалии инъикоси воқеият дар заминаи моддӣ пайдо мешавад. Таҳкурсии материалӣ дорад. Маҳсули маводи ба дараҷаи олӣ муташаккили узви инсон – майнаи ӯ мебошад. Шуур заминаи дигари ба вуҷуд омадан, шакл гирифтан ва рушд карданро надорад.
Шуури инсон қудрати бузурги динамикӣ, сафарбаркунӣ ва моил ба ҷӯяндагиро аз худ нишон медиҳад. Ба муҳит – муҳимтарин масъалаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур нигаронида шудаанд. Чунин кӯшишҳо, сарфи назар аз хосият ва сифати майна, ба донистан ва дарк кардани ҷанбаҳои моҳияти ашё равона гардидаанд. Ҷараёни дарк имкон дорад дар чорсӯйи зиндагӣ ба тарзи хаотикӣ сурат бигирад. Ва ё баръакс, ҳадафманд, ратсионалӣ ба фоидаи худи инсон ва ҷомеа бошад. Тарз ва муҳтавои ташаккули шуур, бешубҳа, амали мақсадноки инсон аст. Ин раванд хосияти бевосита, ҳамчунон, бавосита дорад.
Яке аз объектҳои асосии омӯзиши шуур моҳият, мундариҷа ва сифати шуури худи инсон  аст. Онро ҳамчун предмети илмӣ интихоб мекунад. Тадқиқот мебарад. Роҳҳои шаклгирӣ ва истифодаи онро ба манфиати фард, гурӯҳҳои сиёсӣ, синфҳои иҷтимоӣ, ҷомеа, миллат (хонда шавад давлат) меомӯзад. Дар ин замина, тамоми метод, роҳу усул ва воситаҳоро ба кор мебарад. Дарёфт кардани лаҳзаҳое, ки шахс, гурӯҳи одамон, ҷомеа бидуни таваҷҷуҳи манфиатдории ташаккули шуур бошад, вуҷуд надорад. Дошта ҳам наметавонад.
Маҳз шуур махзани муайянкунандаи ҳолати рӯҳӣ аст. Тавассути он эҳсосот, майлу рағбат ва аз ҳама ҷолиб, иродаи инсон шакл мегирад. Хусусияти моҳиятии характер ва ҳамчун натиҷа рафторҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Бузургтарин воситаи ифодаи материалии шуур дар сухан инъикос меёбад. Рафторҳои инсонӣ ҳам таҷассумгари моҳияти шуури ӯ маҳсуб мегарданд.
Дар доираи тафсири шуур фарқ гузоштан байни шуури одӣ (сода, омӣ, рӯзмарра) ва илмӣ, инчунин шуури индивидуалӣ ва ҷамъиятӣ амри зарурист.
Моҳияти маҷмӯи гуфтаҳои боло дар мавриди шуур, иборат аз он аст, ки тавассути ин падидаи ҷамъиятӣ инсон на танҳо роҳу равиши барои худи ӯ, ҷомеа, миллат ва Ватани хеш судмандро интихоб ва пайгирӣ кунад, балки дар натиҷаи омӯзиши афкор, муҳимтар аз ҳама,   таҷрибаи таърихӣ ва муосир, донишҳои андухтаи аҳли башар, раванди рӯзгорро ба манфиати воқеии инсон тағйир диҳад. Ё ҳадди ақал, бо имконоти ақлониаш (дониш, ҷаҳонбинӣ, таҷриба) ба худ, дигарон, ҷомеа зарар нарасонад ва расонида ҳам натавонад.
Ба назар мерасад, ки донистани моҳият, тарзи ташаккул, система ва структураи шуури инсонӣ ба ҳамин мақсад мувофиқат мекунад. Ин масъала садсолаҳо мавриди омӯзиши амиқ ва мавзӯи таҳқиқи гузаштагони бузурги мо буд. Қариб тамоми асарҳои ҷовидонаи онон, ки рӯйхаташон беохир хоҳад буд, далели ҳамин гуфтаҳост. Хонандаи огоҳ, нуктадон ва пуркор зарурат ба номбар кардани онҳоро надорад.
Шуур ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ ҳамакнун падидаи маҳдуд, сирф ҷуғрофиёӣ, минтақавӣ буда наметавонад. Дар системаи идеалии хосияти маҳз доштаи инъикоси воқеият, вазъ, раванди рушди табиат, ҷамъият ва тафаккур аз худ дарак медиҳад.
Муқоиса, ҳамчунон, аз умдатарин методи дарки воқеият барои шуур аст.
Тавре хотирнишон гардид, дар маҷмӯъ, минтақаи муайяни  Шарқ асрҳост дар ҳолати рукуди анъанавии шуур ва қисмати он – ҷаҳонбинӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи ҳамарӯза нишон медиҳад, ки миллионҳо кӯшиши бозпас гардонидани шеваи тафаккур ба муҳтавои ҷаҳонбинии асримиёнагӣ, вориди саҳнаи мубориза барои рабудани ақлҳост. Ин ҳолат на танҳо байни омма, балки миёни қишри иҷтимоие, ки худро мансуб ба аҳли зиё мешуморанд, вуҷуд дорад. Натиҷаи таъсири чунин «гарди хони нагуни фалак», «ақибмондагии шадиди ифтихорӣ» ва тазоди бузурги бошуурона эҷодгардида – барҷомондагии саросарӣ, фоҷиаи маънавӣ, ҳамчун натиҷа – терроризми байналмилалӣ зери ниқоби таассуб ва хурофот мебошад. Ин ҳолат инъикоскунандаи сояи ваҳшатангези сиёсати бозиҳоро дар «тахтаи бузурги шоҳмот»-и геополитикӣ, ки асоси онро сохтани ақлҳо ташкил мекунад,  ифода меёбад.
Ҳама гуна шиорпардозӣ ва даъвоҳои худсафедкунии гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҷонибдорони ақидаҳои хурофотиву бегонапараст оид ба масъалаҳои давлатсозии баҳри зиндагии инсон шоиста, як далел дар хусуси тасдиқи он, ки чунин идея ва ҷаҳонбинӣ барои банӣ одам, манфиатҳои миллӣ фоидаовар буданд ва ҳастанд, надоранд.  Қисмати муайяни Шарқ дар тарзи тафаккури ба инсон судманд, ба хотири пешрафти илм ва технологияи муосир, ки самараи идея ва андешаи солим аст, то имрӯз дастнигари бебозгашт ва таънашунави Ғарб боқӣ мемонад. Мутаассифона, раванди кор чунин аст, ки дар даҳсолаҳои наздик ин тамоюл ислоҳнопазир ва беохир  ба назар мерасад.
Сирри пешрафти мамлакатҳои мутараққиро бояд аз лиҳози системавӣ таҳлил кард. Онҳоро ҳамчун дастоварди башарият омӯхт ва бо дарназаргирии хусусиятҳои миллӣ истифода кард.
Бузургтарин натиҷае, ки миллатҳои пешқадами дунё ба он кӯшиданд, ноил гаштанд ва ифтихор доранд, расидан ба истиқлолияти давлатӣ аст.
Аммо эълони истиқлолият, пеш аз ҳама, моҳияти ҳуқуқӣ, ҷанбаи расмӣ дорад. Сароғоз, барҳақ, хосияти декларативиро ба намоиш мегузорад. Ҳамчун рӯйдод, натиҷаи равандҳои гуногуни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Аммо эълони истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ як ҷузъиёти моҳият − қисмати сиёсӣ-ҳуқуқии масъаларо дар бар мегирад. Барои истиқлолияти комил фақат ҳамчун пойдевор хизмат мекунад.
Ҳамин тариқ, баъд аз истиқлолияти сиёсӣ муҳимтарин шарти ҳимоя ва рушди истиқлолияти давлатӣ − истиқлолияти идеявӣ, зеҳнӣ ба шумор меравад. Асоси сулҳу субот, рушд ва пояндагии давлати миллӣ ба даст овардани истиқлолияти маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Миллате, ки ба хотири ҳамин забон, фарҳанг, анъана, урфу одат мустақилият пайдо кардааст, номи давлати миллиро соҳиб гаштааст. 
Идеологияи миллӣ, дар мисоли кишвари мо – тоҷикият, бояд  дар асоси арзишҳои таърихӣ, умумибашарӣ, қувваи асосии муттаҳидкунанда ва пешбарандаи давлат ва давлатдорӣ бошад. Дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ба ҳамин гуна арзишҳо хизмат кунанд. Дар акси ҳол, истиқлолияти сиёсӣ характери шаклӣ, муваққатӣ, фосилавӣ дорад. Осебпазир аст. Поянда нахоҳад монд.
Сарчашмаи асосии фоҷиаи солҳои навадум − касодии маънавӣ ва адами идеяи ягонаи умумихалқии эъмори давлати миллӣ эътироф гаштааст. Ин падида давоми мантиқӣ ва такрори ду бадбахтии таърихӣ – шикасти давлати бузурги Сомониён ва ҳаракати ниҳоят аҷнабипарастонаю хунини босмачигарӣ буд.
То он замоне ки ҷаҳонбинии миллӣ – хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар мафкураи мардум – наврасон, ҷавонон, калонсолон ғолибият пайдо накунад, истиқлолияти миллӣ наметавонад аз доираи эъломи декларативии масъала фосилагирӣ намояд. Осебпазир боқӣ мемонад. Чунин ҳолат – ноамнӣ, ҳамзамон хатар барои онҳоеро ҳам дорад, ки монанд ба солҳои навадуми асри гузашта, бетарафиро  пеша карда буданд. 
Дастоварди аслии Ғарб, устувории сиёсӣ ва рушди бонизоми иқтисодии он, натиҷаи воқеият доштани ғолибияти ҷаҳонбинии миллӣ бар дигар шаклҳои шинохт, тафсири ҳақиқати табиат ва ҷамъият аст.

РӮҲ ВА МАҚСАДГУЗОРӢ
Фикр, андеша, идея, абстраксия (ба тарзи хаёлӣ тасаввур кардан, муҳокимаронӣ намудан, хулоса баровардан) дар тафсири Гегел тавассути истилоҳи рӯҳ ифода мегардад. «Ҳамин тариқ, агар муҳтавои асари «Фалсафаи рӯҳ»-ро мухтасар гӯем, он илм дар бораи шуури индивидуалӣ ва ҷамъиятӣ мебошад» (Г. В. Ф. Гегель.  Сочинения. Т. 3. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. – М.: Мысль, 1956. – С. 11). 
Гегел муътақид аст, дарки моҳиятии андеша бузургтарин масъулияти одамизод мебошад. Маҳз ба воситаи он инсон худро мешиносад. Сирри табиат, ҷамъият ва тафаккурро ошкор месозад. Имконоти худро ҳам баҳри истифода бурдан аз онҳо ва ҳам ба хотири ғанӣ гардонидани қудрати ин сегонаи ҳаётан муҳим истифода мебарад. Ба ин мақсад, таъкид мекунад: «Донистани рӯҳ чизи аз ҳама асосӣ, баландмазмун ва барои ҳамин мушкил мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 25).
Ӯ хотирнишон менамояд, ки зарфияти андешаронӣ мансуб ба хусусияти генетекӣ аст ва ҳамзамон ба иродаи аз бар намудани донишҳои илмӣ вобастагӣ дорад. Ин раванд одӣ нест. Бо ҷузъиёте, ки номбар гардид, дар зарфияти мафҳумот (дарки муҳити атроф), муҳокимаронӣ ва назарияҳо инъикос меёбанд. Ва барои инсони комил чунин маҷро ҳадди ниҳоӣ надорад. Беохир аст.
Мувофиқи таълимоти Гегел, тавони андеша ҷараёни ниҳоят мураккаби физиологии материяи олӣ – майнаи инсон аст. Эҳсос ва дарк намудани муҳити атроф, амалияи фаъолияти одам асоси онро ташкил мекунад.  Фикр кардан, ба хулосаи барои худи фард ва ҷомеа судманд омадан, заминаи маънавӣ, таҷриба ва таҳлили натиҷаи онро тақозо менамояд. 
Иқтидор ва хулосаи  андеша аз лиҳози самаранокӣ – санҷиши он дар таҷриба, инсонҳоро ба гурӯҳ ва табақаҳои иҷтимоӣ, синфҳо, ҳизбҳо, шакл ва мундариҷаи фаъолият тақсим мекунад. Истилоҳи «синфи фикркунанда», шакли муайян ва ниҳоят муҳимми фаъолияти инсонӣ, ки ба ин навъи кор шуғл варзиданро дар назар дорад, дар натиҷаи ҳамин тарзи тақсимбандии гурӯҳҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст. 
Дараҷаи пойдорӣ ва устувории давлати миллӣ, хушбахтӣ, саодатмандии сокинони он дар вобастагии кулл ба шумора ва сифати шаҳрвандони соҳибмаърифат, андешаманд ва муҳокимаронии мутаносиб ба воқеият – манфиатҳои миллӣ қарор дорад. Дар сурати халал ёфтани таносуб дар байни ҷаҳонбинии илмӣ ва мудирияти моил ба андешаи хурофотӣ, шикасти давлати миллӣ раванди бебозгашт хоҳад гирифт. 
Гумон меравад, ки Гегел бо ғурури маҳзи худкифоии илмӣ ва эътиқоди комил ба умқи донишҳои фалсафии худ, дар асарҳояш аз овардани иқтибос аз олимони дигар, дар маҷмӯъ, худдорӣ мекунад. Шояд бисёр олимонро дар радифи худ намебинад. Аммо дуюмин ҷумлае, ки олими бузурги немис бо он асари худ − «Фалсафаи рӯҳ»-ро оғоз мекунад, иқтибос аз Суқрот аст.  Гарчанде аз ном бурдани ин нобиғаи ҳама давру замон истиҳола мекунад, мантиқи аз ӯ истифодашударо ниҳоят арзишманд меҳисобад. Истиноди ӯ мақсадгузории қотеонаи бо услуби императивӣ нигошташуда мебошад. Гегел дар назди инсон, шаҳрванд муҳимтарин падида – масъалаи худшиносиро мегузорад.  Онро ҳамчун аксиома (зуҳуроте, ки дурустии он ниёз ба исбот надорад) ёдовар мешавад: «Худро бишинос – ин сухани ҳикматомӯзи мутлақ на танҳо худ ба худ, на дар он ҷое, ки аз лиҳози таърихӣ моҳиятдошта эълом гардидааст, фақат маънии худшиносиро барои фаҳмидани баъзе лаёқатмандиҳо, хислат, майлу рағбат ва заъфият дар ботини фард мадди назар дорад, балки он ба хотири донистани ҳақиқат дар ҷавҳари инсон, воқеияти ботинии худ ва барои худ – донистани моҳият (чизе, ки онро бо чашми одӣ дидан мушкил аст, аммо хосияти муҳиммият, муайянкунандагӣ ва қонунмандӣ дорад – С. Я.) ҳамчун рӯҳ мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 22).
 Гарчанде мутафаккирони материализми илмӣ бисёре аз назарияҳои Гегелро идеализми объективӣ номниҳод кардаанд, олими бузург тафаккурро берун аз воқеияти ҳастӣ маънидод намекунад.  Ҷараёни шаклгирии шуури инсонро дар вобастагии кулл ба воқеият мешуморад. Дар тасаввуроти ӯ, рӯҳи инсон оне ҳаст, ки одам чӣ тавр муносиботи худро бо олами ҳастӣ муайян мекунад. Муҳтавои мақсадгузориаш аз кадом дидгоҳ сурат мегирад. Дар маҷмӯи чунин ҷаҳонбинӣ, шаҳрванд барои манфиати хеш ва ҷомеа чӣ кореро ба субот мерасонад.
Асоси фаъолияти инсонро аз рӯйи таълимоти Гегел меҳнат дар бар мегирад. Иқтисоди сиёсӣ ҷавҳари таълимоти ӯро дар арзёбии мавқеи инсон, муносибаташ ба меҳнат медонад.  Бузургтарин олимони дунё, ки дар мавқеи материализми илмӣ ҳастанд, ақидаи Гегелро дар бораи он, ки меҳнат моҳияти рӯҳи инсон мебошад, бо қаноатмандӣ пазируфтаанд (Ҳамон ҷо. – С. 13).  Гегел  муътақид аст, ки аз бар кардани донишҳои илмӣ нишони умдаи ба тарзи муносиб, барои зиндагии шоиста мувофиқ намудани инсон аст.
Файласуфи немис комилан муқобили фикри схоластикӣ, шахшудамонда, бидуни инкишоф ва навоварӣ аст. «Андеша ким-кадом чизест, фақат то он замоне вуҷуд дорад, ки амал мекунад. Фикре, ки дар ҳаракат нест, фикре, ки  фикр намекунад, одӣ карда гӯем, вуҷуд надорад». Фикри мутлақ гуфта, Гегел Худои худ, Худои масеҳиро дар назар дорад. Аммо Худои ӯ Худои соҳибандеша, мутафаккир, созанда ва ободгар аст. Ба ҳамин хотир, Гегел таъбири «тафаккури амалкунандаи худовандӣ»-ро истифода мебарад. Тавассути ин маънӣ одамонро ба андешаи созгор ва ба рӯзгори комгор раҳнамун карданӣ мешавад.
Ӯ назарияи қудсиятро ба се марҳала ҷудо месозад: 1) дараҷаи мантиқ; 2) дараҷаи табиат; 3) дараҷаи рӯҳ. Тавре мебинем, дар ҷаҳонбинии Гегел андешаи динӣ ҳам ба амали мантиқӣ (муносибати фикр ба амал ва натиҷаи он) нигаронида шудааст. Чунин шакли шинохт ва муносибати рӯҳонии ӯ аз талошҳои кӯр-кӯрона, хурофотӣ, ифротикунонии дин, қатъиян, фосилагирӣ мекунад.
Дар фалсафаи Гегел идеяи мутлақ табиатро ҳамчун майдони озмоиш истифода мебарад. Лекин бо тамоми қотеият мавқеи инсонро, барҳақ, аз ҳама боло медонад: «Охир, натиҷаи олии табиат инсон мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 8). Ва онро бо назарияи худ ба созандагӣ ҳидоят мекунад: «аммо дар рӯҳи одамизод идея метавонад ифодаи воқеии худро дарёбад ва дар он ба тарзи ҳақиқӣ худро шиносад» (Ҳамон ҷо. – С. 8).
 Дар ифодаи мутафаккир, дар гуфтугӯи ӯ бо хонандагони хушзеҳни миллати худ, инсоне, ки ҳатто дар доираи фикри мутлақ андеша ва амал карданӣ мешавад, ниҳоят мустақил, созанда ва ободкор аст. Нооромӣ, озор, таҳқир ва фарқгузории ифротиро намепазирад.
Муҳимтарин ҷузъиёт дар фалсафаи рӯҳи Гегел муносибати диалектикии ӯ ба фикр ва тарзи тафаккур мебошад. Мавҷудияти зиддиятро дар андеша, фикрронӣ ва хулосаи мантиқӣ пурра эътироф мекунад. Ҳамин тариқ, барои материализми илмӣ замина мегузорад. Бо эътимоди кулл таъкид месозад: «Инкишофи рӯҳ шакли ҳаллу фаслшавии тараққикунандаи ҳамин зиддиятҳо тавассути паси сар сохтан (гузашт, аз худ намудан, мувофиқ гардонидан – С. Я.)-и объект, ашё, кашф кардани моҳияти идеалии ҷаҳон ва худи инсон мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).
Донистан ва мавриди таваҷҷуҳ гирифтани хосияти диалектикии моҳият ва зуҳуроти олам барои Гегел танҳо ҷанбаи назариявӣ надорад. Мақсаднок аст. Ба дарки воқеияти олам, дигаргун намудани он барои инсон тавассути инсон дар чаҳорчӯбаи илм ва маърифат нигаронида шудааст. Ба ақидаи ӯ, ҳангоме ки муносибати диалектикии рӯҳ мафҳум ва мантиқи озодиро барои одам фароҳам меорад, чунин озодӣ, соҳибихтиёрӣ бояд ҳадафмандона истифода гардад: «Ҳамзамон, инкишофи рӯҳ дар дарки озодии шуур ифодаи худро меёбад. Рӯҳ усулан озод аст. Дар аввал чунин озодӣ дар доираи имконот дода мешавад. Ҷараёни «ғайрипредметикунонӣ»», тибқи назарияи Гегел, «соҳибихтиёрии воқеиро таъмин мекунад. Озодии инсон, ҳамин тариқ, на ба василаи инкори зарурат фароҳам мегардад, балки ба воситаи ошкор намудан, фаҳмидани охирин, тадриҷан аз бар кардани табиати идеалии чунин озодӣ сурат мегирад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).
Дар идомаи фикри худ, Гегел ҷараёни азхудкунии озодиеро, ки барои дарки табиат тавассути чунин муносибат, новобаста аз эътиқодот, тарзи тафаккур ифода мегардад, бо масъулияти олимона шарҳ медиҳад. Онро дар алоқамандии зич бо меҳнат, амалия, таҷрибаи инсонӣ мебинад. Чунин назарияи муассири фалсафӣ – таъмини озодии фикр, андеша ба хотири пешрафти илм, маърифат, ҳамин тариқ, ҳимояи манфиатҳои воқеии миллиро дар назар дорад.
  Муҳокимарониҳои Гегел дар атрофи тафаккур, гӯё аз рӯҳи мутлақ сарчашма мегиранд. Аммо дар тафсири ӯ шуур хосияти   заминӣ дорад. Дар вобастагӣ ба воқеияти табиат ва ҷамъият мебошад. Барои ҳамин, қимати бузурги дарки ҳастиро дар худ таҷассум мекунад. Чунин тарзи фикрронӣ ба шаклгирии ҷаҳонбинии фалсафаи ҳастии мардумони Аврупо хизмати босазо кардааст. Ба милликунонии одилона ва барои зиндагии шоиста мувофиқгардонии ақидаҳои схоластикие, ки метавонистанд барои пешрафти илму маърифати ин минтақа таъсири фалокатбор расонанд, мусоидат намудааст.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки Гегел дар байни истилоҳи рӯҳ ва шуур бо мақсади арзишманд нишон додани вазни ақли инсонӣ фосилаи мантиқӣ гузошта, шуурро дар вобастагӣ ба рӯҳи одамизод медонад. Маҳсули онҳоро бошад ақл, хирад номгузорӣ мекунад: «Дар рӯҳ шуур бедор мешавад. Шуур худро ҳамчун ақл, фаросат, хирад  меҳисобад. Тавассути фаъолият худро то дараҷаи объективият, то сатҳи дарки мафҳуми худ озод менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 51).
Бо ин тарзи масъалагузорӣ Гегел мафҳуми идеалиро ба воқеӣ мубаддал месозад. Онро заминӣ  мегардонад.
Ин тарзи муносибат аҳамияти амалӣ ва моҳияти таърихӣ дорад. Таваҷҷуҳи инсонро барои дигаргунсозии олам – муҳити беруна ҷалб менамояд, дар натиҷа худи инсон, тафаккури ӯ тағйир мепазирад, рушд мекунад.
Агар сухан дар бораи фалсафаи Ғарб равад ва ба саволи он, ки рӯҳ гуфта фалсафаи ин қитъаи куҳан, мутараққӣ, соҳибмаърифат ва пешрафтаи олам чиро дар назар дорад, посух фақат мавриди   таваҷҷуҳ доштани ақл, фаросат ва одамият аст. И. Кант, олими барҷаста, аз ҳаммиллатони Гегел, айнан, ҳамин маъниро дар тафсири  истилоҳи мазкур мебинад: «Се шакли муҳокимаронӣ бояд дар ин маврид ҷо дошта бошад:
1. Доштани рӯҳ нишони хирад аст.
2. Хирадмандӣ аз рӯҳи инсонӣ шаҳодат медиҳад.
3. Будани рӯҳ нишон аз ҳастии одамизод аст» (И. Кант. Сочинения в шести томах. Т 2. – М.: Мысль, 1964. – С. 62).
Фазилати  мардуми  тоҷик  нисбат ба истилоҳи мазкур наздик ба ҳамин тарзи дарки зуҳурот, ҳам дар сабки гуфтугӯӣ ва ҳам дар нутқи хаттӣ ифода ёфтааст: рӯҳ, рӯҳи нек, рӯҳия, рӯҳияи баланд, рӯҳбахш, рӯҳнавоз, рӯҳпарвар, рӯҳафзо, рӯҳи солим, рӯҳи созгор ва шаклҳои манфии  истифодаи  маънӣ  бо ин калима – рӯҳи носолим, рӯҳафтода, одами берӯҳ, рӯҳфарсо (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Иборат аз 2 ҷилд). Ҷ. 2. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – С. 182-183). 
Ба гуфти асосгузорони материализми илмӣ «забон воқеияти ифодаи шуур (рӯҳ – С. Я.), шакли материалии андеша ва воситаи муоширати байни ҳамдигарӣ мебошад».
Забони модарии мо бо тавоноии бузург таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад. Тавассути қудрати шинохт, ифода ва тафсири рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур забони тоҷикӣ ҳамчун нишонгари воқеии (материалии) рӯҳи фавқулодаи миллати тоҷик аст. Ин аслият сарчашмаи бойи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар муқобили рӯҳи бегонапарастӣ ва салтанатхоҳӣ мебошад. Забони оламшумули тоҷикӣ худ ҳамчун қаҳрамони майдон дар набардҳо бар зидди аҷнабиён дар кулли ҷабҳаҳо мубориза бурд. Истодагарӣ кард. Пирӯз гашт. Нашояд, ки ин бурҳони рӯҳи тоҷикият, баръакси манфиати миллат истифода шавад. Дар тамоми самтҳо чунин падидаи номатлуб ниёз ба пешгирӣ дорад.
Забони миллат силоҳи миллат аст.

ҶАҲОНБИНӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСӢ
Маълум аст, ки ҷаҳонбинӣ маҷмӯи дидгоҳи инсон нисбат ба муҳити атроф – масъалаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, аз овони хурдсолӣ шакл мегирад. Як умр дар ҳолати динамикӣ қарор дорад. Тадриҷан мукаммал мегардад. Омили такондиҳандаи он тағйироти беохири диалектикии муҳити атроф, мақсадгузории иҷтимоӣ ва сиёсии одамон, субъектҳои гуногуни сиёсӣ мебошад. Чунин ҳолат, бидуни шак, дар шуури инсон инъикос меёбад. Аз рӯйи он рафторҳои шахс, гурӯҳҳои одамон, синфҳо, дар маҷмӯъ, ҷомеа дар навъҳои мухталиф худро ба намоиш мегузоранд.
Аслияти назарияи Гегелро дар бораи мундариҷаи шуури инсон, тавре хотирнишон гардид, шахсияти бомаърифат, ҳушманд ва худкифо дар бар мегирад. Ҷараёни мураккаби шаклгирии шуурро падидаи биологӣ – имконот ва қудрати материяи олӣ – майнаи инсон мешуморад.
Гегел бар он ақида аст, ки асоси ҷомеаи солим оилаи солим мебошад. Минбаъд ҷаҳонбинии инсон дар шароити муҳит – мактаб, ҷомеа ва меҳнати созанда инкишоф меёбад.
Агар давлат, ҷомеа аз рафторҳои нодурусти афрод, ки манфиати миллатро зери суол мебаранд, зарар бинад, зарур аст камбуд ва саҳлнигарии  худро низ дар ин рӯйдод эҳсос, эътироф ва муҳимтар аз ҳама, ислоҳ намояд.   
Эҳтимол он аст, ки дар тасаввуроти Гегел ин ақида зери таассуроти таълимоти Аристотел дар мавриди функсия ва масъулиятшиносии давлат, чун ягона муассисаи посухгӯи ҳаёти ҷомеа, шакл гирифтааст. Аристотел бошад, ақидаи мазкурро бе дудилагӣ, қотеона, ба тарзи императивӣ иброз медорад: «Бисёр шубҳанок ба назар мерасад, агар касе шак кунад, ки қонунгузор бояд ба масъалаи тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Дар ҳамон давлатҳое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; ба ҳар сохти давлатдорӣ ҳамон тарбияе лозим аст, ки чунин сохт ниёз ба он дорад. Моҳияти чунин тарбия барои нигоҳдории сохти давлатдорӣ хизмат мекунад» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 535). Ин муҳимтарин вазифаи сиёсӣ аст, ки давлат барои таъмини сулҳу субот, осудагӣ, пойдорӣ ва рушди миллӣ метавонад ва вазифадор аст, тамоми имконоти худро истифода намояд. Дар акси ҳол, ин майдонро дигар қувваҳо истифода мекунанд. Ва тавре дар кишварҳои мусулмоннишин мебинем, оқибати он бебозгашт фоҷиавӣ хоҳад буд.  
Шинохт ва тарбияи ҷаҳонбинии инсон аз ҷониби худи инсон, бо кулли имконот,  аз мавзӯъҳои марказии таълифоти Гегел мебошад.
Ӯ омилҳои дохилӣ ва берунии назарияи ҷаҳонбинии одамро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Таъкид мекунад: «Қобилияти назариявӣ аз нақдинаи мавҷудаи барои мо омодашуда, аз ҷаҳони беруна сарчашма мегирад ва онро ба тасаввурот мубаддал мегардонад. Қобилияти амалӣ бошад, баръакс, аз муайнкунии дохилӣ оғоз мешавад. Ва онро тасмим, ният номидан мумкин аст. Дохил ба воқеияти берун табдил меёбад. Ҳамин гуна тағйирёбии дохилиро ба беруна таҷрибаи амалӣ ном мебаранд»  (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет. В двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1970. – С. 20). 
Дар ин маврид, Гегел категорияҳои фалсафии дохилӣ ва берунӣ, моҳият ва зуҳуротро тавре ки интизорӣ меравад, устодона истифода мебарад. Барои донистани моҳият ва мундариҷаи ҷаҳонбинӣ, алоқамандии диалектикии ба он таъсиррасон – табиат ва ҷамъиятро омилҳои муҳимми сохтори маънавиёти ҷомеа ва рафторҳои иҷтимоӣ меҳисобад.
Мувофиқи ақидаи Гегел, рӯйдодҳо хосияти зоҳирии алоқамандии ҳатмии байни предметҳо (шахс, падида, воқеа) мебошанд. Чунин тарзи муносибат дар он таҷассум меёбад, ки зуҳурот хосияти моҳиятӣ дорад. Ва «моҳият дар зуҳурот аз худ дарак медиҳад». Бо тағйири миқдорӣ, муҳимтар аз ҳама, сифат, шакл ва мазмуни худро ногузир тағйир медиҳад.
Таҳлили воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузаштаи таърихи миллати мо, идома ёфтани падидаи экстремизм ва терроризм дар солҳои баъд, густариши раванди бегонапарастӣ бо оқибатҳои эҳтимолии харобиовар дар оянда, омӯзиши сабабии онҳоро бо истифода аз методологияи илмӣ тақозо дорад.
Ақидаҳои ҷолиби Гегел, ки дусад сол муқаддам иброз гаштаанд, пеш аз ҳама, барои роҳнамоии миллати худи ӯ равона шуда буданд. Ва ҳамин гуна муносибати хирадмандона ба тақдири шаклгирии маънавиёти ҳамватанонаш бетаъсир намонд.
Воқеан, ҳушдори Гегел тавассути истилоҳи «ҷараёни гузаронидани мавод» – яъне таъсиррасонии назариявӣ, маънавӣ, идеявӣ, идеологӣ аз одам ба одам, ки ҳамарӯза дар ҷомеа тавассути гуфтугӯи мустақими шахс бо шахс, шахс бо гурӯҳи афрод дар шакли нақдӣ (зинда), бо роҳҳои тарбия ва таълим, васоити ахбори умум ва ғайра сурат мегирад, мантиқи ифодаи зикргардидаро мадди назар дорад.
Дар таҳлили шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ Гегел эҳтиёткор аст. Ӯ ишора мекунад, ин ҷараён дар ҷомеае, ки бо такя ба илму маърифат ба рушди оянда нигаронида  шудааст, бояд асоснок ва эътиқодмандона сурат бигирад. Худшиносиро маҳсули ҷаҳонбинӣ мешуморад. Таъкид месозад, ки инсон дар асоси аз бар намудани дониш ва тасаввуроти одии илмӣ, бояд қудрати шинохти муҳити атроф, ҷомеаро дошта, аз мавқеи мушаххас бархӯрдор бошад, ин гуна ҳаракат, ташаббус ҳамчун ангезаи пешбаранда дар ниҳоди одам пайдо шавад. Инсони солимфикр муътақид бошад, ки барои сифати шахсият пайдо кардан  ягон неруи махсуси фавқуттабиӣ вуҷуд надорад. Чунин аломат аз омӯзиш, ҷаҳонбинии илмӣ, таҳлили таҷрибаи судманд ва хулосаи баробар ба воқеият сарчашма мегирад.
Воқеан, хотирнишон бояд кард, яке аз ҳидояткунандагоне, ки  метавонад инсонро бо ақида,  роҳу равиши муайян дар шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ − капитализми монополистӣ ба шахсияти барои ҷомеа фоидаовар мубаддал гардонад, худи Гегел аст. Ҳамчун намояндаи синфе, ки иқтидори маъниофаринӣ дорад, худро дар ин ҷода масъул мешуморад.
Ӯ инсонро шакли материя, ҳаракат, таҳаввулоти ҷисмонӣ ва маънавиро хосияти асосӣ ва доимии ин мавҷудот медонад. Таъсири маърифат ва таҷрибаи инсониро аз муҳимтарин омилҳои шаклгирӣ ва муайян кардани вазифаҳои ӯ меҳисобад.
Тавре хотирнишон гардид, фоҷиаи бузурги солҳои 90-уми асри гузаштаи миллати тоҷик ва таърихи хунини мардуми мусулмон дар  гузашта ва имрӯз, сарфи назар кардани донишҳои илмӣ, қашшоқии на танҳо моддӣ, балки маънавӣ аст. Камбуди навмедонаи давомдори иҷтимоӣ ҳам, аз мушкилоти таърихии маънавӣ сарчашма мегирад. Ҳамзамон, гурӯҳакҳои дастнигари ҳамватанони мо, ки гоҳо бо намоиш додани мушкилоти ҷаҳонбинӣ аз худ дарак доданӣ мешаванд, яқин аз хештаншиносии воқеӣ ва худшиносии миллӣ бешуурона ва шояд бошуурона ҳам, фосила мегиранд.
Натиҷаи ҷараёни худмуайянкунӣ, хештаншиносӣ, бояд хулосабарорӣ, эҳтиромгузорӣ ба худ ҳамчун шахсият ва рафторсозӣ бошад. Дар ин ҷода, рӯзгор беҳтарин воситаи дарки воқеият аст.  Барҳақ,  Гегел таҷрибаи зиндагиро меъёри асили дарки олами ҳастӣ медонад. Ба ҳамин хотир, ҷузъиёт, раванд ва шаклгирии мафкурасозиро бо кӯшиши маҳз фаҳмониданӣ мешавад. Аммо ҷараёни худшиносиро, асосан, ҳамчун раванди фаъоли дохилии худи инсон дар назар мегирад: «Сарчашмаи аввалини донишҳо таҷриба мебошад. Барои таҷриба ҳамагӣ зарур аст чизеро худамон фаҳмем, эҳсос намоем. Аммо байни эҳсос ва таҷриба бояд фарқ гузошт. Муҳтавои эҳсос, пеш аз ҳама, чизе ҳаст, ки як предмет нохост метавонад ба як шакл ва дар дигар ҳолат дар шакли дигар худро ба намоиш гузорад. Агар як навъи эҳсоси предмет такроран мадди назари ман пайдо шавад ва дар дигар ҳолат ҳам он бетағйир, дар ҳамон шакл монад, ин ҳамон таҷриба аст» (Ҳамон ҷо. – С. 12).
Гегел чунин такроршавиҳоро одӣ, бесабаб, нохост ё фавқулода намешуморад. Ӯ арзишмандии таҷрибаро маҳз дар ҳамин мебинад ва таъкид мекунад: «Муҳтавои таҷрибаро қонунҳо ташкил менамоянд ё ин ки алоқамандии ду зуҳурот ва ҳангоми вуҷуд доштани як падида, ҳама вақт падидаи дигар рух медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 12).
 Гегел муътақид аст, ки таҷриба фақат натиҷаи амалро нишон медиҳад. Наметавонад сабабҳои онро ошкор созад, тафсир намояд. Ба мисли И. Кант ин корро вазифаи олимон, донишмандон меҳисобад. Яъне «субъекти тадқиқкунанда бояд дар дунёи бенизоми падидаҳо тартиб ворид кунад».  Инро вазифаи муқаддаси зиёиёни миллӣ мешуморад.
Ҳамзамон, барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ Гегел омилҳои муайянро хотиррасон мекунад, ки онҳо ҳам характери объективӣ ва ҳам хусусияти субъективӣ доранд. Дар мантиқи андешаҳои ӯ ҷузъиёти муассири муқобилистӣ ва зиддиятҳо афзалият касб кардаанд. Маҳз онҳо барои шаклгирии ин ва ё он тарзи ҷаҳонбинӣ, муҳтаво ва хусусиятҳои хештаншиносӣ мусоидат менамоянд.
Аз лиҳози диалектикӣ, муқобилистӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ дар ҳолати истисно кардани яке аз мавқеъҳо мебошад. Мураккабии чунин муносибот дар доираи ҳаёти ҷамъиятӣ дар аввал ноаён, ба якдигар безарар ва одӣ ба назар мерасад. Дар давраи ниҳоӣ, чунин муқобилистӣ ба тарзи ошкор, дар шароити ҳаёти ҷамъиятӣ кӯшиши инкор кардани якдигарро дорад. Гарчанде назарияи фалсафӣ ин зуҳуротро аз лиҳози илмӣ тафсир намояд ҳам, дар низоми давлатдорӣ ассимилятсия, мувофиқгардонии чунин муқобилистоданҳо хосияти функсионалӣ дорад. Аммо онҳо характери меъёри ҳуқуқиро ба худ мегиранд. Ҳама гуна зиддиятҳо дар доираи конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳаллу фасл мегарданд. Дар ин ҳолат, талаботи сохти конститутсионӣ мавқеи афзалияти қотеонаро касб мекунад. Ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ зарурати мувофиқ кунонидани онҳоро тибқи манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд.

МУҲИТ ВА  ҶАҲОНБИНИИ МИЛЛӢ
Давлат натиҷаи олии эҳсоси худшиносии инсони комил аст. Он аз бузургтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои мавҷудоти соҳибшуури табиат мебошад.
Дувуним ҳазор сол қабл Аристотел дар асараш «Сиёсат», ки сирф ба масъалаҳои сохт ва рукнҳои давлату давлатдорӣ бахшида шудааст, эътироф ва эҳтироми худро нисбат ба чунин кашфиёти инсон ба тарзи зайл иброз медорад: «Табиат дар ниҳоди одамон тамоюли муоширати давлатиро ҷой кардааст. Ва аввалин шахсе, ки чунин шакли муносибат (зиндагии инсонро дар чаҳорчӯбаи давлат ва давлатдорӣ – С. Я.)-ро ташкил кардааст, барои одамизод бузургтарин некӣ  намудааст» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 31).
Ибрози ифтихор аз хулосаи андеша ва тасмими инсон барои  сохтани давлат аз ҷониби Арасту, моҳиятан, мансуб ба раванди муваффақонаи рушди шуур ва муҳимтарин қисмати он, худшиносии инсон мебошад. Дар ин маврид, Гегел давраҳои тараққиёти рӯҳи одамизодро ёдовар мешавад. Қисмати аввали онро рӯҳе меномад, ки «дар муҳосираи табиат ва дар вобастагӣ ба ҳастии ҷисмонии инсон қарор дорад ва мо бояд аз он оғоз кунем, ки чунин рӯҳ ҳанӯз озод нест, ба таври худ, ба ҳастӣ мубаддал нагаштааст» (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет. В двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1970. – С. 53).
Гегел бовар дорад, рӯҳи одамизод аз замоне ки нишонаҳои материалии худро ба намоиш гузошт, вориди мубориза шудааст. Кӯшиш кардааст аз ҷисм фосила бигирад. Бар он ғолибият пайдо кунад. Онро раҳбарӣ намояд.
Хотирнишон месозад, ки худшиносии инсон натиҷаи амали қонунмандии зиддиятҳо  мебошад. Ва алоқамандии сифатии рӯҳро ба муҳити атроф ифода мекунад. Ба ақидаи ӯ, ҷараёни   тақсимоти инсон ба нажодҳо аз ҳамин мантиқ сарчашма мегирад (Ҳамон ҷо. – С. 53).
Гегел муътақид аст, ки шуури инсон дар дараҷаи ибтидоии он ба худ нигаронида шудааст. Холӣ аст. Фақат тавассути аз худ кардани воқеияти муҳит ба омили фарогир табдил меёбад. Давлат натиҷаи дарки тадриҷии олами ҳастӣ, қонуниятҳои тараққиёти ҷамъиятӣ ва тафаккур мебошад. Чунин тағйироти диалектикии шуурро Гегел фавқулода муҳим мешуморад. «Ҳамин тариқ,  рӯҳ ба ҳақиқат ворид мегардад, ба хотири он ки ягонагӣ дар рӯҳи одӣ ... ҳамчун барқароршуда, ҳамчун омили бавосита, тавассути бартараф кардани зиддиятҳои дар мафҳумҳои шуур пайдошуда» (Ҳамон ҷо. – С. 54) ба инобат гирифта мешавад.
Олимони номдоре, ки баъди Гегел дар бораи умдатарин хосияти диалектика − «инъикоси воқеият дар шуури одамон на чизи мутлақ, на падидаи мурда, на зуҳороти шахшудамонда ва беҳаракат, балки ҷараёни ба тарзи абадӣ дар ҳаракат тағйирот, зиддият ва ҳаллу фасли он» муҳокимаронӣ кардаанд, маълум мегардад, аз натиҷагирии илмии ҳамин нобиғаи фалсафаи олам истифода кардаанд.
Дар омади сухан гуфтан мумкин аст, ки ин афкори мантиқӣ  ҳамчун назарияи муътамади қонунмандии рушди иқтисодӣ ва таъмини осудагии иҷтимоӣ, ҳамзамон, дар ҳадди эътидол нигоҳ доштани ҷаҳонбинии ба ҷомеа созгор, метавонад мисли аксиомаи муваффақи илмии аҳамияти универсалидошта хизмат кунад.
Эҳтимоли ғолиб он аст, ки ақибмонӣ, демагогияи схоластикии ҷонсахти зиддимиллии асрҳои аср дар байни қавми ақибмонда ва бадбахти баъзе аз мардумони Шарқ ҳукмрон, аз сарфи назар кардани чунин ҳақиқат аст. Гурӯҳакҳои дастнигари ғарбнишини «содаву гумроҳу нодонбачаҳои мо» ҳам, нодидагирони чунин аксиомаи илмӣ ва воқеияти аслии зиндагӣ мебошанд.
Вақте ки Гегел дар мавриди ҷаҳонбинӣ ҳарф мезанад, онро падидаи умумиҷаҳонӣ ном мебарад. Ӯ таъкид мекунад, ки «Дараҷаи инкишофи рӯҳи фарди алоҳида ҳама вақт дар умум ва дар маҷмӯъ, дараҷаи тараққиёти рӯҳи тамоми инсониятро таҷассум мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 14). Ва ба қавли ӯ, «Рӯҳи умумӣ ҳамчун рӯҳи олам набояд мисли ягон навъи субъект таъйид гардад: балки он субстансияи фарогири умумӣ мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 62). Классикони материализми илмӣ чунин тарзи масъалагузории Гегелро диди асосии диалектикии ӯ ном бурдаанд.
Ҳамзамон, ҷолиби таваҷҷуҳи хос аст, ки Гегел масъалаи шаклгирии рӯҳи инсониро ба тарзи васеъ – аз нигоҳи идеявӣ, ҷаҳонбинӣ, структураи шуур, аз ҷумла шуури миллӣ, сифати миллат, (тавоноии маънавии халқҳо) дар муносибат ба ҷанбаҳои муҳимми табиат ва тафаккур дар чаҳорчӯбаи назарияҳои антропологӣ баррасӣ, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ мекунад.
Маълум аст, ки антропология ақидаи шинохти инсонро аз мавқеи ҷуғрофӣ, релеф, зист, хусусияти фардии гурӯҳҳои одамон дар вобастагӣ ба ташаккули структураи нейронҳои майнаи қисмати асосии нажод ва халқу миллатҳо медонад. 
Аз ҳамин ҷиҳат, мунаққидони Гегел ӯро ба хотири ба ҳам омехтани масъалаҳои антропологӣ бо илми фалсафа мазаммат кардаанд. Аммо таҷрибаи таърихӣ ҳақиқати илмӣ доштани ақидаҳои Гегелро, дар маҷмӯъ, тасдиқ намудааст. Бузургии Гегел дар тавоноии таҳлили воқеият ва амалкарди таърихӣ дар асоси рафторҳои иҷтимоии мардумони олам мебошад.
Бидуни доштани маълумоти кофӣ дар бораи табиат ва тинати воқеии халқу миллатҳо, ҷаҳонбиние, ки аз ҷавҳари ҳастӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда бармеояд, ташкили муносибат бо олами беруна ба талаботи рӯз мувофиқати пурра надорад.
Дар тарҷумаи ҳоли Гегел, дар бораи он ки ба хотири  донистани хислат ва хулқу атвори халқҳо ӯ ба кишварҳои олам сафар карда бошад,  маълумот мавҷуд нест. Аммо яқин аст, ки олими пуркор барои навиштани ин қисмати «Фалсафаи рӯҳ» адабиётеро, ки дар он замон барояш дастрас буд, бодиққат ва масъулияти илмӣ омӯхтааст. Таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ намудааст. Ҳамин аст, ки аз иншои рисолаи мазкур наздик ба ду аср гузашта бошад ҳам, назарияи илмии ӯ, ба фикри мо, ҳамчун асари дорои аҳамияти махсус боқӣ мемонад.
Гегел муътақид аст, ки рӯҳи (хонда шавад шуур, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, хислат, характер, сифати шахсият) инсон танҳо ҳодисаи ҷамъиятӣ нест. Ба он муҳити атроф, дар назар дошта  мешавад  табиат,  релеф  низ таъсири муайян доранд. Чунин асаргузорӣ амали лаҳзаина буда наметавонад. Давоми ҳазорсолаҳо дар этноси муайян осори худро мемонад. Ва «барои шуур онҳо предмети табиӣ ба ҳисоб мераванд. Рӯҳ ба онҳо муносибати зоҳирӣ надорад. Бо эҳтимолияти бештар, он худ ба худ сифати табиӣ мегирад» (Ҳамон ҷо. – С. 62).
Ҳамин тариқ, хислату характери халқу миллатҳо, ки муҳокимаи онҳо дар ин мавзӯъ зарурати рӯзмарра дорад, зуҳуроти табиӣ, моҳиятиро дар худ касб кардааст. Хосияти наздик ба тағйирнаёбандагии хулқу рафтори халқҳо, дар маҷмӯи  ифодаҳое,  ки аз  ҷониби ин мутафаккир иброз дошта мешаванд, аҳамияти масъаларо бори дигар хотиррасон менамояд.
Дар алоқамандӣ бо мавзӯъ, Гегел барои тасдиқи фикри худ аз силогизми зерин истифода мебарад: «Рӯҳ зиндагӣ мекунад: 1) дар субстансияи худ; 2) дар рӯҳи табиат; 3) дар ҳаёти умумипланетарӣ; 4) дар гуногунии иқлим, иваз гаштани фаслҳои сол, шабу рӯз ва ғ. – ҳаёти табиӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 63).
Бузургии олими немис дар он аст, ки ӯ шуурнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ақл, хирад ва донишро дар дараҷаи вобастагии (муносибати) инсон ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур медонад. Агар истифодаи истилоҳи ченаки арзишмандии ҷузъи зиндаи табиат – Одам ҷоиз бошад, гуфтан мумкин аст, ки Гегел онро ба сатҳи фикрронии мантиқӣ, наздикии андешаи ӯ ба воқеияти зиндагӣ, фосилагирӣ аз ҳукмронии табиат ва тақдир мебинад. Яъне қимати инсонро баробар ба дараҷаи тафаккури ӯ нисбат ба воқеият меҳисобад. На дар чизи дигар. Дар ҳамин поя, ба хулоса меояд, ки инсон аз ҳайвон чӣ қадар фарқ дорад. Ӯ таъкид мекунад: «Дар навтарин марҳала дар бораи мадорӣ, сидерикӣ (замоне ки дар доираи он Моҳ гашти пурраи худро дар фазо таъмин мекунад ва ба ҳамон ситоразори худ бармегардад – баробар ба 27,32 шабонарӯз – С. Я.) ва теллурӣ (муҳлате, ки Офтоб даври пурраи худро дар атрофи замин ба охир мерасонад, баробар ба 365 шабонарӯз – С. Я.) будани ҳаёти инсонӣ гуфтаанд. Ҳайвон, моҳиятан, дар доираи ҳамин гуна арзишҳо зиндагӣ мекунад: характери махсуси он баробар бо шеваи маҳзи  тараққиёташ кам ё беш алоқаманд аст. Инсон ба ҳамон андозае ки дониш дорад, ба ҳамон андоза вобастагии худро аз ҷузъиёте, ки номбар гардид, бартараф мекунад,  то он дараҷае, ки тамоми ҳастии ӯ дар пояи маърифат, дар сатҳи рӯҳи озод муқаррар гашта бошад»  (Ҳамон ҷо. – С. 63).
Озодии ақли инсонро файласуф дар чаҳорчӯбаи тасаввуроти илмӣ ва меъёрҳои ҳуқуқ эътироф мекунад. Баръакси чунин ҳолатро декларативӣ, шаклӣ, намоишкорӣ, ғурури беасос, «кибри аз дараҷаи хирад ва тахассусмандӣ бепояи хизматӣ ва дар таҷриба аз лиҳози судмандӣ тасдиқнагардида» мешуморад.
Тавре хотирнишон гардид, Гегел муътақид аст, ки муҳити ҷуғрофӣ, релеф, вазъи табиӣ аз омилҳои муҳимми таъсиррасонӣ на танҳо ба ҷисм, балки ба рӯҳи инсон ҳам ҳаст. Ӯ дар таҳлили ин самт мехоҳад ба умқи масъала ворид гардад. Тарз ва муҳтавои ибрози силогизм ва энтимемаҳои файласуфи немисро метавон то дараҷае ҳамчун ҳақиқати мутлақ ба эътибор нагирифт. Талаботи методҳои диалектикӣ, ки худи Гегел аз асосгузорони қисмати умдаи онҳост, ҳаминро низ дар назар доранд. Аммо эътимоди қавӣ он аст, ки дар ин маврид, хулосаҳои ӯ ҷолиби таваҷҷуҳи махсус мебошанд. То ҳанӯз аҳамияти илмӣ, методологӣ ва амалии худро гум накардаанд. Онҳоро мебояд эътироф ва то ҳадди имкон истифода намуд.
Пеш аз он ки Гегел ба таҳлили рӯҳи миллат ва нажодҳои гуногун оғоз намояд, намуди физиологӣ – берунии объектҳои тадқиқоти худро ҳадафи омӯзиш ва арзёбӣ қарор медиҳад. Аз ҳама бештар, ба андом ва шаклу шамоили онон таваҷҷуҳ ва таъкид мекунад: «Фарқияти ҷисмонии ҳамаи ин нажодҳоро, асосан, сохтори косахонаи сар ва рӯй дар бар мегирад» (Ҳамон ҷо. – С. 68). Андешаи ғолиб он аст, ки ин гуна маълумоти физиологӣ, аз як тараф ба шароити табиие, ки ин гурӯҳи одамон умр ба сар мебаранд, вобастагӣ дорад. Дувум, чунин хосият ба тарзи тафаккур ва маънавиёти инсон, то андозае бетаъсир намемонад.
 Аз пайдо гаштани мавҷудоти соҳиби шуур дар рӯйи Замин садҳо ҳазор сол сипарӣ гаштааст. Вобаста ба таҳаввулоти табиат, аз ҷумла, эволютсияи навъи махсуси он – Homo Sapience – аҷдоди одам тақрибан дар як давраи таърихӣ, дар як замони муайян дар рӯйи Замин пайдо гаштааст.
Ба таври одӣ, то ба ҳол ягон нафар ё насли инсон шоҳиди тадриҷан аз дигар навъ ҷузъиёти биологӣ табдил ёфтани одамро мушоҳида накардааст. Аммо барои расидан ба мақсади илмӣ Гегел мувофиқи масали «бузургӣ ба хирад аст на ба сол» (Саъдӣ) – аз рӯйи дониш,  фаросат, пеш аз ҳама, шуурнокӣ, нажод ва миллатҳои дунёро ба дараҷаҳои гуногуни синнусолӣ – «ҷавон» ва «пир» ҷудо мекунад.
Яке аз миллатҳои африқоиро, барои мисол, «младенческий» (кӯдакмонанд) ном мебарад. Шояд баъд аз дусад соли таълифоти Гегел ин миллат тағйир пазируфта, рушд пайдо карда бошад,  аммо барои тадқиқоти мо ин дигаргунӣ аҳамияти принсипиалӣ надорад. Ҷолиби таваҷҷуҳ дидгоҳ, меъёр, чаҳорчӯба, аломат, хосият, тарзу усуле, ки файласуфи бузург ин ва дигар халқҳоро баҳо медиҳад, мебошад.
Дар ин маврид набояд фаромӯш кард, ки ба сифати тадқиқоти этнографӣ, давлатҳои дигар ҳувияти миллии моро низ мақсаднок меомӯзанд, то сифат ва арзишмандии тоҷиконро ҳам муайян кунанд. Пешгӯии авзоъро дар мамлакат дар вобастагӣ ба чунин хосият барои даҳсолаҳои баъдина таъмин намоянд. Ва рафторҳои сиёсиашонро ба нақша бигиранд. Тавре маълум аст, чунин тарзи корро, барҳақ, тадқиқоти стратегӣ ном мебаранд.
Воқеаҳои февралӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта, таҳдидҳои дохилимиллӣ – зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ва пайравӣ ба миллатҳое, ки худ дар фақр, нодорӣ ва вобастагии кулли иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ аз дигарон зиндагӣ мекунанд, фарқ карда натавонистани терроризм ва заминаҳои идеологияи террористӣ аз падидаи одии ҷаҳонбинии илмӣ ва мафҳуми оппозитсияи созанда, дар доираи арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ моро водор месозад, ки ба сифат ва мундариҷаи маънавиёт ва хосияти шуурнокии гурӯҳҳои муайяни миллати худ воқеъбинона нигоҳ кунем. Эътирофи ҳақиқати ҳол ва ояндабинии оқибатҳои он метавонад мардумро аз бадбахтиҳои пешорӯ наҷот ва ба давлатдории миллӣ бақо бахшад.
Гегел, тавре ёдовар шуд, миллатҳоро аз рӯйи кӯшиши эҳсоси дуруст намудан, аз худ кардан ва истифода бурдани муҳити атроф баҳо медиҳад. Ӯ менависад: «Зангиҳоро ҳамчун миллати наврас (норасида – С. Я.) бояд шинохт». Дар идомаи сухан, хулосаи худро  чунин асоснок мекунад: онҳо «аз вазъи  муносибати беманфиатӣ ва бегонагӣ нисбат ба манфиате, ки мустақиман ба онҳо дахл дорад, то ҳанӯз набаромадаанд».  Ин тезисро ниҳоят ҷолиб ва ибратомӯз шарҳ медиҳад: Сиёҳҳоро «мефурӯшанд ва худи онҳо иҷозат медиҳанд, ки онҳоро фурӯшанд. Лаҳзае андеша намекунанд, ки ин амал аз рӯйи адолат аст ё на» (Ҳамон ҷо. – С. 69).  Дараҷаи фаросати ин халқро дар муносибат ба дин ва арзишҳои миллиашон, ҳамчун далели ақибмондагӣ, хурофотзадагӣ ва нодонӣ ба қалам медиҳад: «дар дини онҳо  ким - кадом чизи кӯдакона мавҷуд аст. Чизи олиеро, ки эҳсос менамоянд, наметавонанд барояш истодагарӣ кунанд. Чунин падида фақат хеле зуд тавассути шуури онҳо мегузарад. Ҳамин гуна эҳсосоти олиро ба санги аввале, ки рӯ ба рӯ мегарданд, изҳор менамоянд. Онро ба муқаддасот табдил медиҳанд... » (Ҳамон ҷо. – С. 69). Ба он саҷда мекунанд.
Гегел аз чунин  ҳолати рӯҳӣ ва дараҷаи тараққиёти ақлонии ин халқ хулосаи хавотирангез мебарорад: Ин мардуми дар назар «комилан нексиришт, бемалол дар вазъияти ором, дар ҳолати ногаҳон эҳсосотӣ шудан ба содир кардани ваҳшонияти фалокатбор қодир будани худро намоиш медиҳад» (Ҳамон ҷо. –С. 69).
Ин тарзи масъалагузорӣ, тавре хотирнишон гардид, ба дусад соли қабл тааллуқ дорад. Гарчанде он ифодаи илмӣ ва аз забони Гегел ҳам бошад, боиси маъзарат аст. Аммо нишонаҳои чунин рафтори мардумони номбурда, яқин ба аъзои созмони террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои зиддимиллӣ, ки онҳоро «мефурӯшанд ва худи онҳо иҷозат медиҳанд, ки онҳоро фурӯшанд, лаҳзае андеша намекунанд, ки ин амал аз рӯйи адолат аст ё на» пурра тааллуқ дорад. «Қаҳрамонон»-и ифодаҳои Гегел дар таҷрибаи талхи миллии мо, дар ин арзёбӣ, мебояд воқеъбинона худро бишиносанд. Хулоса бароранд. Тасмими барои Ватанашон судманд бигиранд. Ислоҳи хато муҳлат надорад.
Ҳангоми таҳлили дараҷаи рушди маънавиёти миллатҳои гуногун файласуфи немис аз ҷанбаи муҳимми диалектикӣ – тазод истифода мебарад. Дар чунин ҳолат, миллатҳоеро, ки дар сарзамини қитъаҳои Африқо, Осиё ва Аврупо зиндагӣ мекунанд, аз рӯйи сифат дар муқоиса мегузорад. Мавқеъгириро нисбат ба чунин миллатҳо дар маҷмӯъ ва намояндагони ҳар яки он дар алоҳидагӣ, ноаён тавсия медиҳад.
Тадқиқоти Гегел дар бораи характер ва сифати шахсияти халқе, ки  ба тақдири мардумони Осиёи Марказӣ таъсир гузошт, дорои аҳамияти махсус аст. Он ҳақиқати хотираи таърихии миллати моро (солҳои 1219-1220) бори дигар ба пуррагӣ тасдиқ мекунад. Ӯ таъкид месозад: «Хусусияти маҳзи онон дар серҳаракатие ифода мегардад, ки бо ягон натиҷаи собит анҷом намеёбад. Чунин хислат (ин мардумро - С. Я.) ба ангезае тела медиҳад, ки онҳо ҳамчун тӯдаи бузурги малахҳо дар сарзамини миллатҳои дигар паҳн мегарданд – серҳаракатие, ки аз нав ҷойи онро бетафовутӣ,  беандешагӣ ва оромии бехирадона мегирад, ки он аз рафтори монанд ба чахмоқак оғоз гардида буд» (Ҳамон ҷо. – С. 70).
Ҷузъиёти дигаре, ки дар тадқиқоти Гегел таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, муносибати ин миллат нисбат ба худоён мебошад. Файласуфи немис шарҳ медиҳад, ки дини онҳо эътиқодоти ҳамагониро дар бораи Худо таҷассум менамояд. «Аммо зӯри онҳо барои худои ғоиб басандагӣ намекунад: он дар шакли ин ва ё он одами дигар ифода меёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 70). Ва агар ин одам бимирад, рӯҳи худовандиро дар ифодаи шахси дигар пайдо мекунанд.
Ҳангоме ки Гегел дар бораи Осиё сухан мегӯяд, равандҳои бедоршавии рӯҳро дар мардумони ин қитъа хотирнишон месозад. Аммо дар ин маврид ҳам, боз ягонагии рӯҳро бо табиат ба ёд меорад. Ва таъкид мекунад, то он даме ки рӯҳи инсон аз табиат ҷудо намегардад, бар вай бо ақли худ соҳибӣ карданро намеомӯзад, ин рӯҳро мустақил гуфтан ҷоиз нест: «Дар чунин ягонагии рӯҳ бо табиат озодии ҳақиқӣ имкон надорад. Инсон дар ин холат дигар наметавонад худро ҳамчун шахсият шиносад. Ӯ дар фардияти худ ягон арзиш ба намоиш гузошта наметавонад» (Ҳамон ҷо. – С. 70).
Муносибати инсон ба табиат барои халқҳои пешқадами дунё аз мавзӯъҳои марказӣ ҳисоб меёбад. Аз дараҷаи он ки одам чӣ қадар табиатро мефаҳмад, тафсир мекунад, бар он ҳокимият дорад, аз он истифода мебарад, сатҳи рушди ақл, хирад, донишу таҷриба ва дар маҷмӯъ, арзишмандии ин ва ё он халқро баҳо медиҳанд. Гегел таъкид мекунад: «Дар назди инсон маҷмӯи зуҳуроти табиат меистад. Шахси бешуур, одами ваҳшӣ худро аз табиат ҷудо намекунад. Одами соҳибшуур масъалаҳои калидиро дар ин самт ҷудо месозад, ки тавассути онон табиатро омӯзад ва аз худ кунад»  (Мысли  и  изречения (составитель С. Х. Карин). – Алма-Ата: Казгосиздат., 1964. – С. 31).
Ақибмондагии маънавии зиддимиллӣ, ки ҷавҳари ақидатии онро хурофот, тақлидкорӣ ба идеология ва тарзи тафаккури миллатҳое, ки то ҳанӯз дар ҳолати дастнигарии занҷирии мардумони Ғарб ҳастанд ва дар ҳамин асос даъвои бадастории ҳокимияти сиёсиро доранд, то ҳанӯз имдодро аз қувваҳои фавқулинсон, бидуни заҳмати андухтани дониш интизорӣ мекашанд. Дар назди табиат сар хам кардан, ҳамин андешаро ба дигарон ташвиқ намудан шеваи аслии ин гурӯҳакҳо аст. Тактика ва мутаассифона, стратегияи сиёсии онҳо низ, аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Худ дар раҳгумӣ ҳастанд. Мехоҳанд дар ин бадбахтӣ дигаронро ҳамроҳ гиранд. Ҳамсон созанд. Сабки андешаи онон арзиши таҳлилро надорад. Аммо сар то по маълум аст, ки ин тоифа дар донистани одитарин қонуниятҳои табиат ва ҷамъият оҷизӣ мекашанд. Ба гуфти Гегел, «худро аз табиат ҷудо намегиранд». Боиси таассуф аст, «То замоне ки одамон қувваҳои табиатро намедонанд, кӯр-кӯрона ба ин қонунҳо итоат мекунанд» (Г. В. Плеханов. Избранные философские произведения в пяти томах. Т. 2.  – М.: Соцэкгиз., 1956. – С. 232). Аксиомаи зиндагӣ аз Абулқосими Фирдавсӣ, Френсис Бекон (1561-1626) то замони мо фақат донишро ҳамчун шарти тавоноии фард, дар маҷмӯъ, миллат тасдиқ кардааст.
Камбудии дигаре, ки Гегел ба қисмати мардуми Осиё нисбат медиҳад, ноустуворӣ дар ҷаҳонбинӣ, калавандагӣ, тағйири ноҷо, номуваффақона ва беоқибати дидгоҳи назарӣ, аз як кунҷ ба кунҷи дигар ҳавола кардани худ бе асоси кофӣ мебошад. Чунин хислатро ба тақдири ин миллатҳо носозгор мешуморад.
Олими немис ҳангоми муҳокимаронӣ дар ин мавзӯъ, бори дигар ба сифати халқе, ки дар нимаи аввали асри XIII Осиёи Марказиро ғасб карда буданд, муроҷиат ва фикри худро  оид  ба  ин  қавм  ҷамъбаст мекунад: Ин миллат «...тавре хотирнишон гардид, аз дигарон бо характери тӯфонмонанди худ фарқ мекунанд. Мекӯшанд, чунин хислати худро дар берун ба намоиш гузоранд, мисли обхезие, ки тез мегузарад. Фақат харобиовар амал мекунанд. Ягон чиз бунёд намекунанд. Амали онон ба ягон шакли рушд, тараққиёт ва инкишоф оварда намерасонад. Ва ба тамаддуни ҷаҳонӣ ягон навъ пешравӣ намеоранд» (Ҳамон ҷо. − С. 71).
Гегел рӯҳи мардуми мусулмонро ҳам қисман шарҳ медиҳад. Дар назарияи ӯ, ҷонибдорони ин дин Худоро мавҷудоти зарурат ба эътироф, пайравӣ ва эҳсоси умумиҷаҳонӣ талқин мекунанд. Онро  ягона ва муқтадиртарин дар олам меҳисобанд. Худои мусулмонҳо мисли худои яҳудиҳо маҳдуд, миллӣ ва танҳо барои як халқ нест. Файласуфи немис ба ҷонибдорони ин дин, барҳақ, эҳтиромона муносибат мекунад. Ҳамзамон менависад: «Ин халқ дар доираи эҳсоси баланд нисбат ба Худои ягона, ба ҳама чизе, ки хосияти ба охир расиданро  дорад, ба ҳама харобиовариҳо бетафовут аст, бо  рӯҳи болида, ҳаёт ва дороии худро дар ин роҳ нисор мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 71). Аммо ба ақидаи ӯ, дар замири пайравони ин дин  «дар баробари эҳсосоти воло бузургтарин шаклҳои қасдгирӣ ва фитнагарӣ низ вуҷуд дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 71).
Ҳангоми таҳлили моҳияти эътиқодии пайравони ин шакли ҷаҳонбинӣ, хулосаи андешамандонаи Гегел иборат аз он аст, ки дар ислом рӯҳи этникии мардумони минтақаи мавриди назар (сарзамине, ки чунин боварӣ аз он сарчашма мегирад) бештар ба назар мерасад: «Ба ин дин характери ... махсусан арабҳо ҳамсадо мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 71).

МАЪРИФАТ ВА МАНЗАЛАТИ МИЛЛАТ
Дар моҳияти «Фалсафаи рӯҳ»-и Гегел, аз ҷумла, таҳқиқи муқоисавии сохт ва мундариҷаи шуури гурӯҳҳои этникӣ, тавре хотирнишон гардид, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ, шаклгирии ҷаҳонбиние, ки тибқи он раванди тараққиёти ҷамъиятӣ муайян мегардад, дар назар дошта мешавад.
Агар Гегел дар хислати мардумони Африқо ва миллатҳои пайрави дини ислом ҷавҳари шууреро ошкор карда бошад, ки ба қавли ӯ, то ҳол дар вобастагии кулл ба шароит ва матои офаридаи табиат буда, барои саҳм гузоштан дар пешрафти таърихи умумиҷаҳонӣ мушкил доштаанд, ҳамзамон таъкид мекунад: «аврупоиҳо, баръакс, ҳамчун сифат ва характери дақиқи ҳамагонӣ, худ ба худ фикри муайянкунандагӣ доранд» (Ҳамон ҷо. – С. 72). Умумияти рӯҳ ва ҷаҳонбинӣ дар ин мардум сифати махсусро мегирад. Махсус гуфта, Гегел қудрати андешаи созанда доштан, тибқи он амал карданро фаҳмониданӣ мешавад.
Маълум аст, ки бо ин аҳвол –  бо сипарӣ гаштани даҳсолаҳои   асри 21 дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, қисмати муайяни аҳолӣ аз шуури схоластикӣ ва догматизм фосила намегиранд.
Вазъ нишон медиҳад, ки дар муқобили ҷаҳонбиниҳои номбаршуда, қишрҳои муайяни зиёиён, бешубҳа, на аз камсаводӣ, балки заъфи андешаи миллӣ, урфу одат, анъана, тақлид ба бегонагон, ҳисси бегонапарастӣ ва ҳоло ҳам эҳсоси тарс аз эҳтимоли «зуҳури муллоабдуғаффорӣ» ва андешаи рӯзи мабодо, ба тарзи мақсаднок  фаъол нестанд. Зиёикунонӣ ва равшангароиро фақат вазифаи давлат мешуморанд. Аммо «Давлат мансуб ба он аст, ки табиатан вуҷуд дорад. Ва инсон табиатан зуҳурест сиёсӣ» (Аристотел. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 1). Қаҳрамониҳо ва инқилобҳои фикрии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, ҳадди ақал Аҳмади Дониш ва Садриддин Айниро фаромӯш мекунанд. Бо ин гуна мавқеъгирӣ, шиорпартоӣ, «ба осонии афиниҳоро дар пеши афиниҳо таъриф кардан» (Суқрот) рӯз мебаранд. Интизорӣ мекашанд, ки каси дигаре омада, мардумро, махсусан ҷавононро, ҷомеаро аз ҷаҳолат халос мекунад. Ва онҳо ҳам дар амон мемонанд.
Аммо дар шароити тираи асримиёнагӣ  олими машҳури англис Френсис Бекон ҷавонмардона таъкид мекунад: «Мо ҳисоб мекунем, ки таърихи шаҳрвандӣ бо асосҳои комил аз се қисмат иборат аст: сараввал таърихи муқаддас ё таърихи калисо, баъдтар таърихи шаҳрвандӣ ва дар охир таърихи илм ва санъат. Мо фаъолияти худро аз ҳамон шакли  охироне, ки номбар кардем, оғоз мекунем. Барои он ки ду аввалае, ки зикр шуд, аллакай арзи ҳастӣ кардаанд. Аммо охирон, тавре хотиррасон гардид, ниёз ба сохтан, асос гузоштан   дорад. Ин таърихи илм аст. Воқеан, агар таърихи ҷаҳон  аз ин кор маҳрум карда шавад, дар он ҳолат ин муҷассама (таърихи инсоният – С. Я.) ба пуррагӣ ба кӯри Полифем (яке аз қаҳрамонҳои раҳгумзадаи мифологияи Юнони Қадим – С. Я.) мемонад» (Ф. Бекон. Сочиение в двух томах. Т. 1. – М.: Мысль, 1977. – С. 158). Ва таъкид месозад, ки дар чунин вазъ ҷомеа аз шахсиятҳои соҳибистеъдод ва нобиғаҳо  маҳрум мегардад.
Тавре мебинем, олимони Ғарб  чаҳор садсола пеш дар назди миллатҳои худ, қотеона, афзалиятро ба донистани илм ва таърихи он чизе, ки ягона воситаи посухгӯ ба ниёзҳои иҷтимоии мардум аст, ҳидоят кардаанд. На ба дигар шаклҳои шуур. Ин мантиқро бузургони миллати тоҷик ҳам, бо ҳазорон маънӣ, моҳият ва мундариҷа ифода намудаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров шарти пешрафт ва зиндагии муваффақонаи мардумони оламро, аз ҷумла, дар сатҳи тараққиёти илму маърифат медонад: «Инсоният маҳз тавассути ривоҷи истеҳсолот ва маданият, мубодилаи комёбӣ, дониш ва таҷрибаҳои амалӣ ба пешрафти худ ноил гардидааст» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби якум: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. – Душанбе: Ирфон, 1998. – С. 9).    
Гегел бо истифода аз методи муқоисавии таҳлили сифати миллатҳои гуногун, якеро дар «пояи эҳсос» ва қисмати пешқадами  дигарро дар «дараҷаи шинохти масъала» қарордошта меҳисобад.
Ба андешаи ӯ, барои пешрафти ҷомеа танҳо фаҳми масъала басанда нест. Инсон бояд «қудрати бузурги муҳокимаронии баробар ба воқеият» ва дар асоси он «амали аз лиҳози иҷтимоӣ судманд» дошта бошад. Ин дастовард наметавонад дар роҳи рост ба вуҷуд ояд. Барои он қобилияти аз худ кардани донишҳои илмии дар таҷриба санҷидашуда зарур аст. Гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки пешрафти ҷомеа ба «муҳокимаронии хирадмандона» ниёз дорад. На ба назарияи аз воқеияти ҳаллу фасли талаботи рӯзмарраи ҷомеа  фосиладошта. Чунин натиҷаро Гегел дар сифати мардумони Аврупо ҳамчун зуҳуроти мавҷуд таъкид месозад.  Қаноатмандии худро аз ин дастовард изҳор менамояд. Боифтихор менависад:  Баръакси ақидаҳои қафомонда, «Аврупоиҳо ба сифати принсип ва характери худ фикри мушаххаси мувофиқ бо ҳамагон, андешае, ки худаш худашро муайян мекунад, доранд» (Ҳамон ҷо. – С. 72).
Гегел  тавассути мафҳумҳои фалсафӣ мекӯшад фаҳмонад, ки бо кадом сабаб, барои чӣ мардумони Аврупо, сарфи назар аз миллат, дину мазҳаб пеш рафтаанд. Халқҳои Осиё ва Африқо дастнигари онҳоанд.  Ҳама чизеро дар зиндагии  ҳаррӯза истифода мекунанд,  маҳсули ақл, дониш ва андешаю навоварии қавми Аврупо аст.
Маҳз барои ҳамин фарқияти сифатии ин миллатҳоро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.
Дар таҳлили Гегел чанд саволи муҳим таваҷҷуҳи ӯро ҷалб менамоянд. Якум, муносибати ин халқҳо ба худи онон. Яъне, фард, дар маҷмӯъ миллат, шинохти худро дорад? Донишҳои онҳо дар бораи таърих, ҳодисаҳои таърихӣ, арзишҳои умумимиллӣ, масъулияти ватандорӣ ва саромадони худ, тибқи ҷаҳонбиниашон аз чӣ иборат аст? Зарурати нақши як нафарро дар алоҳидагӣ ва миллатро дар умум чӣ гуна тасаввур мекунанд? Дуюм, муҳити атроф – воқеият, қонуниятҳои табиат ва ҷамъиятро дар кадом шакл мебинанд? Мавқеъ ва масъулияти худро дар муносибат бо ин зуҳурот, дар доираи воқеият ва манфиатҳои миллӣ чӣ хел асоснок менамоянд?
Гегел бар он аст, ки дарки зарурати донистани мушкилоти баробар ба ҳақиқати  масъалаҳои табиат, ҷамъият, тафаккур ва ҳаллу фасли онҳо масъулияти бузурги расидан ба моҳияти чунин зуҳуротро тавлид мекунад. Барои ҳамин дилпурона менависад: «Принсипи рӯҳи аврупоӣ хирадест, ки дар пояи худшиносӣ асос ёфтааст. Ва чунин шуурнокӣ ба он дараҷае аст, ки инсон ба худаш бовар дорад. Ва аллакай намегузорад тасаввур кунад: ҳадде нест, ки одам натавонад аз он гузарад. Онро ҳаллу фасл намояд. Чунин ҷаҳонбинӣ (шинохти илмии муҳити атроф, дониш, хирад, тавоноии маънавӣ, касбият, ихтисосмандӣ, малака – С. Я.) ба ҳама чиз ворид мегардад. Дар ҳама самтҳо ширкати худро таъмин мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 72).
Барои фаҳмонидани тавоноии рӯҳи аврупоӣ Гегел раванди тасмимгирии ин мардумро шарҳ медиҳад. Таъкид мекунад, ки чунин амал дар асоси донистани моҳияти масъала шакл мегирад. Онро дар вобастагии дараҷа ва сифати азхудкунии қонунмандии ҳодисаҳои муҳит медонад. Воқеият доштани он, ки инсон на танҳо маҳсули вазъияти таърихӣ, балки созандаи он аст, дар назарияи ин олими барҷаста тасдиқи худро пайдо мекунад.  
Ӯ таъкид месозад, ки ҳангоми сару кор доштан бо муҳимтарин вазъияте, ки дар табиат, ҷамъият ва тафаккур рӯйи кор меояд, ҳолати гуногуншаклии зуҳуроти материя худро ба намоиш мегузорад. Ҳамзамон, дониш ва қобилияти инсон аст, ки роҳ, восита ва навъҳои имконотро дар ҳамин қонунмандиҳои олами ҳастӣ ошкор месозад ва ба манфиати ҷомеа истифода мебарад.
Дар тасмимгириҳо Гегел ҷонибдори «иродаи соф» нест. Ин амалро дар вобастагии кулл ба дониш, таҷриба, иқдоми мантиқӣ ва  зарурати наздикшавии маънавиёт ба воқеият тасаввур мекунад.
Вақте ки файласуфи немис дар бораи қабул кардани қарор ва ҳалли масъала сухан мегӯяд, ӯ принсип ва шартҳои асосии чунин амалкардро аз арзишҳои  умумибашарӣ меҳисобад. Он арзишҳое, ки раванди таърихии ниёзҳои иҷтимоии мардумро мадди назар доранд.
Гегел эҳсос мекунад, ки рӯҳи аврупоӣ то андозае барои пешбурди ҷомеаи башарӣ масъул аст. Аз ҳамин сабаб, хосияти диалектикии ин ҷаҳонбиниро таъкид менамояд. Зиддият ва тавони муқобилистиро аз сифатҳои рӯҳи аврупоӣ медонад: «Рӯҳи аврупоӣ дар муқобили дунё истодагарӣ мекунад. Онро паси сар месозад. Аз он озод мешавад. Ба худ бозпас мегардад. Бо шакли одии худ. Ба шакли дигари худ. Бо бисёршаклӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 72). 
Дар ин ҳолат, Гегел бо истифода аз мафҳумҳои фалсафӣ раванди инкишофро аз сода ба мураккаб, аз одӣ ба олӣ ба инобат мегирад. Воситаҳои сабабии онро шарҳ медиҳад. Бузургтарин омиле, ки дар кулли таълимоти олими немис мавқеи махсус дорад ва онро ягона воситаи зиндагии шоистаи инсон медонад, тавре борҳо таъкид гардид, маърифат аст. Ба назари мо, муносибати Гегел ба дарки истилоҳи донистан (муроқибат, аз худ кардан, фаҳмидан) ҷолиби таваҷҷуҳи махсус аст. Ӯ ба ин мафҳум мундариҷа ва мантиқи дорои масъулияти умда вогузор мекунад: «Донистан моил кунонидани мафҳум ба ҳақиқат мебошад. Худи истилоҳи донистан, сараввал як навъ истилоҳи танҳо пур аз худ аст. Дар ин маънӣ (пур аз худ – С. Я.), он чизи холӣ мебошад. Тафаккур тавассути донистанҳо (хондан, таҷриба гузаронидан, озмоиш, муқоиса ва таҳлил кардан, санҷидан – С. Я.) бо муҳтавои маҳз пур мешавад» (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет. В двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1970. – С. 144).
Дар тақвияти андешаҳои Гегел оид ба қудрати маънавии илму маърифат, суханони  файласуф ва лашкаркаши машҳури Чини Қадим  Сун Сзиро овардан мумкин аст, ки аҳамияти рӯзмарра дорад: «Дониш он чизе аст, ки ҳақиқатро тасдиқ мекунад ва дурӯғро рад. Бесаводӣ бошад, дурӯғро тасдиқ мекунад, ҳақиқатро рад»  (Вопросы философии // 1956. – № 1. – С. 153).
Дар замони муборизаҳои иттилоотӣ, дар баробари дигар омилҳо, яке аз сабабҳои пофишорӣ кардани гурӯҳҳои зиддимиллӣ, ки ба умеди хоҷагӣ кардан, бандагии бегонагон мекунанд, аз ҳамин сифати шахсияти онон сарчашма мегирад.
Воқеан, барои мардуми Аврупо чунин донистанҳо, махсусан, дар соҳаи илмҳои бунёдӣ, тадқиқот, таҷриба, ки «навиди фатҳу башораташон ба осмон ва аз қаъри чоҳ баромада ба авҷи моҳ расидаанд», тавассути ин дастовардҳо мардумони мусулмонро ҳамчун тайёрахӯри маҳсули афкори қавми эшон таъна мезананд (ниг. https//www.youtub.com/watchv=3fkwe9uf4xw), воқеан, як кори саҳл, одӣ, осон нест. Дар бораи заҳматҳои донишомӯзӣ ва таҷрибаандӯзӣ, яке аз илмпарастони қаблан ишоракардаи Ғарб, Ф. Бекон одилона   мефармояд: «худи донишҳо аз баъзе воқеиятҳои табиат ва санъат, ҳамчун асал аз гулҳои майдонҳои кишт ва боғот ҷамъоварӣ мешаванд. Албатта, онҳоро ақл такя бар қувваи модарзодӣ намуда, пайдо мекунад» (Бекон Ф. Сочинения в двух томах. Т. 1. – М.: Мысль, 1977. – С. 282).
Таҳлили таърихи пурфоҷиаи миллати тоҷик, дар маҷмӯъ ва баъзе равандҳои ба сохти давлатдории миллии мо начандон созгори замони муосир, ки дар он қисмате аз ҳамватанонамон бо имконоти маҳдуди маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ширкат меварзанд, шахсро ба андеша водор мекунад. Дар ин маврид, тафсири  Гегел дар бораи  он, ки  муҳтавои дониш, сохт ва мундариҷаи он аз чӣ иборат аст, ибратомӯз мебошад. 
Вақте ки Гегел дар бораи тавоноиҳо менависад, он донишҳоеро дар назар дорад, ки ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро бо хосият, муносибат, алоқа ва қонунмандиҳояшон дар бар мегиранд. Омили қудратмандӣ ва сарбаландии мардумони Аврупоро дар сохтани давлатҳои миллии муваффақ, пешрафта, собит ва амн  маҳсули ҳамин гуна тасаввурот дар ҷаҳонбинии онҳо медонад. Бе дудилагӣ, бо лаҳни тунди ибратомӯз инро хислати аз дигар миллатҳо фарқкунандаи аврупоиҳо эълон мекунад: «Ба ҳамин хотир, дар ин ҷо (дар Аврупо – С. Я.) талоши беохири донишомӯзӣ ҳукмфармост, чизе, ки ба дигар нажодҳо бегона аст. Дунё мавзӯи тааҷҷуби аврупоӣ мебошад. Мехоҳад онро фаҳмад. Он чизи дигари оламро, ки дар муқобили ӯ меистад, бо тамоми нозукиҳои зуҳуроташ, бо тамоми банду басташ, қонунмандиҳояш, умумияташ, маъниҳояш ва мантиқи дохилиаш донад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. – М.: Мысль, 1956. – С. 72).
Агар Гегел дар бораи сифати созандагӣ ва ақлу хиради онҳо, сабабҳои асосие, ки аҳволи иҷтимоии ин миллатҳоро тағйир дода, дигар халқҳоро аз лиҳози пешрафти илму техника, фарҳанги истеҳсолӣ садсолаҳо пеш зердасти худ гардонидааст,  фақат аз лиҳози донишҳои илмӣ сухан мегуфт, таълимоти ӯ дар бораи рӯҳ нотамом мемонд. Аз ҳамин сабаб, дар баробари донишҳои назариявӣ таҷрибаи амалии мардуми Аврупоро низ хотиррасон мекунад.
Ӯ сидқан бовар дорад, ки донишҳои илмӣ муҳимманд. Аммо беҳтарин ақидаҳо, волотарин шакли тафаккур ҳам наметавонанд худ ба худ ҷомеаро ба натиҷаҳои мавриди таваҷҷуҳ оварда расонанд. Шуури ҷамъиятӣ шаклҳои функсионалии фаъолияти назариявиро таъмин мекунад. Таҷрибаи зиндагӣ майдони санҷиши пешқадамтарин идеяҳо, тахминҳо, гипотезаҳо, андешаҳо мебошад.
Бадбахтии гурӯҳакҳои зиддимиллӣ, ки дар беруни кишвар кироякаши ақидаҳои сиёсии бегона ҳастанд, дар он зуҳур меёбад, ки онҳо дар системаи эклектикии падидаи ҷаҳонбинии худ раҳгум задаанд ва дар ин мафҳумҳо нотавонию нофаҳмии комили физиологии худро ба намоиш мегузоранд.
Хотирнишон бояд кард, ки маҷмӯи донишҳо сабабгори аслии амалия, таҷрибаи муваффақ мебошад ва баръакс. Гегел дар ин бора менависад: «Комилан ҳамин тавр, мисли ҷанбаи назариявӣ рӯҳи аврупоӣ дар самти амалия мекӯшад, ки ягонагии байни илм ва ҷаҳони берунаро таъмин кунад». Фикри худро идома дода, олими немис, ба назари мо, муҳимтарин андешаеро баён месозад, ки дорои аҳамияти бузурги хулосабарорӣ аст: аврупоиҳо «ҷаҳони берунаро бо ҳамон неруе ба мақсадҳои худ тобеъ мекунанд, ки ҳокимияти худро дар ин олам таъмин созанд» (Ҳамон ҷо. – С. 72).
Дар ин маврид, воқеан, хизмати мардумони «Дунёи куҳан» дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ аз кушодани қитъаҳои номаълум, расидан то ба Моҳ ва миллионҳо кашфиёти барои мардумони сайёра ҳаётан муҳим ба хотир меояд. Ва албатта, муқоисаи дар аввал ёдраскардаи Гегел бо халқҳои дигар ҳам.
Олими немис ба он мувофиқ аст, ки «фарзандони як мактаб ҳама олим наметавонанд шудан». Аммо гӯё ӯ вориди баҳс гардидани моро дониста, таъкид карданӣ мешавад: шахсоне, ки қудрати фикрии онҳо маҳз барои пешрафти илм ва ҷомеаи мутамаддин офарида шудааст, дар натиҷаи аз худ намудан ва нақд гузоштани донишу таҷрибае, ки таърихи инсоният офаридааст, дар ниҳодашон рӯҳи азнавсозӣ ва   рушди ҷомеа ғолибият пайдо мекунад. «Фард дар ин маврид, аз рӯйи принсипҳои шахсии худ, дар асоси қоидаҳои ба тарзи умумӣ муайяншуда, иқдом мегирад» (Ҳамон ҷо. – С. 72). «Тарзи умумӣ»  гуфта, Гегел манфиати ҷомеаро тасаввур мекунад. Ӯ сидқан ба донишҳои илмӣ такя карда, танҳо ба он итминон дорад. Мантиқан ба Ф. Бекон ҳамфикр будани худро тасдиқ менамояд: «Охир, дар замин, албатта, ягон қуввае ба ғайр аз илму дониш нест, ки  ҳокимияти волотаре бар рӯҳу ҷони одамизод, дар андеша ва тасаввурот, дар ирода ва эътиқоди ӯ дошта бошад» (Ф. Бекон. Сочинения в двух томах. Т. 1. – М.: Мысль, 1977. – С. 135).
Тавре хотирнишон гардид, Гегел таъкид месозад, мардуми Аврупо моил ба он аст, ки манфиати хешро ба инобат гирад. Ҳамзамон, тарзи ҳаётеро интихоб кунад ва пеш барад, то манфиати умум дар он ҳамчун қоида эътироф гардида бошад. Ташкили ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба мисли Аристотел, мутафаккири бузурге, ки Гегел ба таълимоти ӯ эътимоди қавӣ дорад, дар хирадсолорӣ ва маърифатнокӣ асосёфта мешуморад. Равандҳои сиёсии ҷомеа ва натиҷаҳои иҷтимоии онро дар вобастагии кулл ба характери миллӣ медонад. 
Ҳангоми таҳлили қобилияти халқу миллатҳо, олими немис аз мафкураи мансуби ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ – «рӯҳи маҳаллӣ» ошкоро сухан мегӯяд. Ин гуна хусусиятро, аз ҷумла, ба имконоти ақлонии онон низ нисбат медиҳад. Ӯ менависад: «Он фарқияте, ки дар ин ҷо гуфта шуд, ифодаи худро дар рӯҳи (шуури – С. Я.) маҳаллӣ, ки тарзи ҳаёти беруна, машғулият, шакли ҷисмонӣ, моил будан (ба самтҳои маънавӣ ва муносибатҳо – С. Я.) таҷассум месозад, аммо  бештар дар ҷараёнҳои дохилӣ (маънавӣ – С. Я.), тавоноии интеллектуалӣ ва ахлоқии халқҳо инъикос меёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 72).
Дар ин маврид, Гегел нисбат ба бетағйир мондани хулқу атвори миллӣ хулосаи худро пешниҳод мекунад: «Доимӣ будани хислати зикргардидаи баъзе миллатҳо дар тамоми тӯли таърих ба назар мерасад» (Ҳамон ҷо. – С. 72).
Бешубҳа, тарзи натиҷагирии яке аз нобиғагони сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба халқу миллатҳои муваффақ, комёб, пешрафта ва соҳибтаҷриба, дар доштани давлати миллии мутамарказ аҳамияти амалӣ дорад. Инсонро ба андеша, хулосабарории омӯзанда ва тасмимгирӣ ҳидоят мекунад. Худи миллати немис, ки Гегел бо ин ақлу хирад ва донишу фаросати шоистаи ибрат намояндаи он аст, бо вуҷуди комёбиҳо, ҳамчунон бо шикастҳои бузурги таърихӣ рӯ ба рӯ гашт. Аммо дар кӯтоҳтарин муддат тавонмандии бунёдии маънавӣ ва характери миллии худро ба намоиш гузошт, исбот кард. Дар ин маврид ҳам, пешгӯии Гегел дар бораи собит будани характери миллӣ дар ҷавҳари миллат тасдиқ мегардад. Ин таҷриба лоиқи таҳсин ва мавриди таваҷҷуҳи «гӯши суханшунав ва дидаи эътибор»-и миллӣ аст.    
Хулосаи пойдорӣ ва бардавомии характери миллӣ нисбат ба халқҳое, ки тавассути моил будан ба нобоварии якдигарӣ ва кашмакашҳои дохилӣ, дар маҷмӯъ, фосила гирифтан аз илму маърифати замонавӣ, самтгирии ифтихорӣ ҷониби фанатизми динӣ, догматизми ақидатӣ, пайравии кӯр-кӯрона ба ҷаҳонбинии шахшудамондаи бегона, дурӣ ҷустан аз урфу одат, маданият, худшиносӣ ва аслияти миллӣ, ки дар ҳар замони таърихӣ таҷрибаи «рухи зард бо хунобаи дил мунаққаш»-ро такрор мекунанд, ҳамчун бонги хатар садо медиҳад.
Бе тағйири тадриҷӣ ва мақсадноки шуури ҳамагонӣ, тавассути омӯзиш ва парвариши омма дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тақдири миллатҳое, ки худашон борҳо сабабгори бадбахтии таърихии хеш гаштаанд, такрори фоҷиаҳои пешгӯишаванда ногузир аст.
Характери миллӣ – эъмори  тақдири миллист.
 
ТАБИАТ, ҶАМЪИЯТ ВА ХАРАКТЕРИ ИНСОН
Гарчанде Гегел ҳангоми омӯхтани ҷаҳонбинии одамизод дар бораи «рӯҳи умимиҷаҳонӣ» ҳарф мезанад, аз тасаввуроти схоластикӣ ва шахшудамонда фосилагирӣ мекунад. Ҳама бозёфти инсонро мансуби ҳадаф, заҳмат, дониш ва тавоноии худи инсон мешуморад.
Тавре олимони таҳқиқгари осори фалсафии Гегел таъкид кардаанд, ӯ ба дараҷае ба ақли одамизод, қудрати хиради ӯ бовар дорад, ки барои ҳаллу фасли тақдири он «ба дигар қувваҳо қариб, ки навбат намедиҳад. Дарахти фасонаҳоро бешоху барг мекунад». Хонандаи нуктасанҷ ҳангоми иқтибосоти одӣ ҳам метавонад аз таълифоти ӯ чунин маъниҳоро пайдо намояд.
Дар тасаввуроти Гегел табиат маҷмӯи ҷараёнҳои мансуб ба тағйироти доимии ҳолати физикӣ, кимиёвӣ ва биологии замин мебошад. Инсон ба пайдошавии табиат на танҳо муносибат надорад, балки худи ӯ офарида ва маҳсули табиат аст. Табиат заминаи аслӣ барои пайдоиши инсон мебошад. Шарти мавҷудият ва рушди инсонро ҳам аз имконоти табиат медонад.
Аммо ба ақидаи ӯ, аз замоне ки нишонаҳои Homo Sapience пайдо шуд, аввалин кори оғозкардаи ӯ – шакли ибтидоии даст ба гиребон шудан бо дигар мавҷудоти органикӣ ва ғайриорганикии табиат буд. Дар мубориза истодагарӣ, меҳнат, заҳмат авлоди одам «Ман»-и худро пайдо кард. Дараҷа ва натиҷаҳои аз табиат рӯёнда тавонистани «ҳаққ»-и худ инсонҳоро ба мардумони пешрафта, дар ҳоли рушд ва ақибмонда ҷудо сохт.
Бузургии Гегел дар он ифода меёбад: бо вуҷуди ба тамоми ҳастӣ банди фалсафаи спекулятивӣ (мубоҳисавӣ, андеша ва муҳокимаронии фалсафӣ) гаштан, аз таъсири муҳити атроф ва дар ин поя шаклгирии хислату характери инсонӣ фосилагирӣ намекунад.
Дар чаҳорчӯбаи таҳлили ҷаҳонбинӣ ва маънавиёт олими немис сифати инсонро чун натиҷаи тараққиёти таърихии аҳли башар дар мадди аввал мегузорад. Ӯ муътақид аст, ки тамоми дастоварди субъекти соҳибшуур дар самтҳои ҳаётан муҳим аз мундариҷаи маънавиёти ӯ сарчашма мегиранд. Онҳоро ҳамчун маҷмӯи сирати инсон шарҳ медиҳад. Таъкид месозад, ки рафтори одам намунаи барҷастаи моҳияти ӯ мебошад.
Зуҳуроти характерро Гегел дар муносибати ҷисму рӯҳ медонад. Онҳоро дар зиддияти диалектикӣ тафсир мекунад. Ин ҳолатро ҳамчун  падидаи доимӣ ба қалам медиҳад. Натиҷаашро ба таври мантиқӣ хислат ва характери инсонӣ ном мебарад. Бо овардани мисолҳои гуногун ҷонибдори ғолибият пайдо кардани рӯҳ бар ҷисм будани худро таъкид месозад. Ӯ рӯҳи инсонро зуҳуроти баробар бо тавоноии бузург тафсир менамояд. Ба қавли ӯ, «дар ин мубориза идеалӣ будани рӯҳ тасдиқ мегардад... ва он бартарияти хешро нисбат ба ҷисм тақвият мебахшад»  (Ҳамон ҷо. – С. 53). Рӯҳе, ки чунин қудратро соҳиб мегардад, ҷузъиёти муҳимми худшиносӣ эътироф карда мешавад. 
Олими немис бо он тавоноии фитрие, ки дорад, самтҳои асосии фалсафаи оламро мавриди омӯзиш, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ қарор додааст. Дар натиҷаи кашфиёт ва навоварии худ дар соҳаи ҷамъиятшиносӣ, сабабгори пайдошавии назарияи аз нигоҳи инқилобӣ-иҷтимоӣ дигаргун сохтани олам гаштааст. Аз он олимон, сиёсатмадорон, миллиардҳо одамони сайёра баҳравар   шудаанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, мутафаккири бузург ҳанӯз ҳам «аз дараҷаи рушди заифи физиологияи узвҳои ҳис ва системаи асаб шикоят мекунад, ки онҳо тавоноии ошкор кардани алоқамандии дохилии рӯҳи инсонро бо органҳои беруна, ки чунин муносибатро таъмин мекунанд, надоранд» (Ҳамон ҷо. – С. 17).
Ҳамин тариқ, нисбат ба хосияти физиологии одам талаботи бештар пешниҳод мекунад. Аз он интизориҳои зиёд дорад.  Хоҳони он аст, ки ботини инсон ба олами беруна робитаи қавӣ ва баробар ба ниёзҳои воқеиятро дошта бошад. Аз ҳамин сабаб, назарияи сенсуалистии файласуфи фаронсавӣ Этйен Бонно де Кондилякро (1715-1780) мавриди танқид қарор медиҳад, ки охирин дар қудрати дарки олам аз ҷониби инсон ба эҳсос афзалият медиҳад. Ва ба инкишофи рӯҳ, ки мақсади асосии он расидан ба хирад аст, беэътиноӣ зоҳир мекунад. Гегел ҷонибдори он аст, ки одам дар ҳама ҳолат бояд муносибати худро ба зуҳурот ва тибқи имкони маънавиаш ба моҳияти масъала муайян созад. Дар зиндагӣ тамошобини одӣ, бетараф набошад. Характер дошта бошад. Дар мантиқи тафсири ӯ, сифати инсон – маҷмӯи ягонаи мундариҷаи маънавиёти ӯ мебошад. Ва он дар гуфтор ва беш аз ҳама дар рафтори инсон арзи ҳастӣ мекунад.
Гегел ба фардияти шахсият таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ба қавли ӯ, тавассути иқтидори маънавӣ инсонҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Гарчанде заминаи омӯзиш ва парвариш, дар маҷмӯъ, хосияти умумӣ дошта бошад ҳам, аммо «характер мисли ким - кадом чизе ҳама вақт байни инсонҳо тафовут мегузорад. Фақат дар характер фард ба таври доимӣ мавқеи худро муайян месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 81).
Олими шинохта характерро хосияти сирф ботинии инсон  қаламдод мекунад, ки дар ҳолати гуногун, тавассути гуфтор ва рафтор зуҳур меёбад. Онро ҷузъи тавонмандии фард меҳисобад: «Ба характер он қисмати шаклии неруи инсон мансуб аст, ки намегузорад шахс роҳеро, ки интихоб кардааст,  аз он  берун ояд. Тавассути хислат мақсад ва амалӣ гаштани манфиатҳои хешро пайгирӣ мекунад. Ва дар ҳама ҳолат розигиашро бо худаш таъмин менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 81).
Ба қавли ин олими энсиклопедист, шахсе, ки дорои характер нест, худро аз номуайянӣ, раҳгумӣ халос карда наметавонад. Аз як сӯ худро ба сӯйи дигар мезанад. «Барои ҳамин аз ҳар одам талаб  бояд кард, ки ӯ хислати худро дошта бошад. Онро нишон диҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 81).
Мутафаккири олмонӣ аз ҳамватанони худ муносибати фаъолонаро нисбат ба ҳаёти воқеӣ интизор аст. Ва чунин тарзи рафтор бояд барои рӯйи кор овардани арзишҳо, принсипҳо ва мақсадҳое равона карда шуда бошад, ки он дар доираи ахлоқ ва маънавиёти миллӣ сурат бигирад. Барои ҷомеа судманд бошад. Ин шеваи амалро дар доираи имконоти иҷтимоии ҳар шахс мебинад. Аммо аз мантиқи ифодаи Гегел дар «Фалсафаи рӯҳ» бармеояд, ки ҳангоми омӯзиш ва хулоса барвардан оид ба характер, ӯ бештар субъектҳоеро, ки дорои масъулияти тасмимгирӣ дар ҷомеа мебошанд, дар назар дорад.  
Тавре ба назар мерасад, Гегел дар баробари арзёбии қудрати маънавӣ ва сифати ақлонии инсон сахтгир аст. Талаботи асосии олими маъруф аз он иборат аст, ки одам дар қиёс бо ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва ҳодисаҳои муҳити атроф худро шиносад. Чунин амал на яктарафа, балки дар муқобилгузорӣ ва муқоиса бо дигар худшиносиҳо, аз лиҳози манфиатҳои ҷамъиятӣ зуҳуроти эътирофгардида  бошад. Аз ҳамин ҷиҳат, ӯ хулоса мебарорад: «Шахсе, ки дорои характер аст, дигарон ба ӯ эҳтиром мегузоранд, медонанд, бо кӣ сару кор доранд. Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург инсон дар худ хислати бузургро ошкор мекунад ва ӯро ҳамчун қутбнамо ба дигарон муаррифӣ месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 81).

Аз рӯйи тасниф, файласуфи немис ба тамоми паҳлуҳои хислати инсонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Онҳоро, дар маҷмӯъ, ба қисматҳои идеявӣ – дар алоқамандӣ ба ҷамъият, давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба меҳнат – асоси ташаккулёбии инсон, ҳамчун субъекти дорои иродаи махсус тасаввур менамояд.  Дар мафҳуми характер, Гегел мантиқи иродаро низ ворид месозад ва онро муҳимтарин ҷузъи хислати инсонӣ мешуморад: «Инсон бо характер, оне ҳаст, ки аз як ҷиҳат дар пеши худ моҳиятан мақсадҳои мушаххасро мегузорад. Аз лиҳози дигар, устуворона ин нақшаҳоро пайгирӣ мекунад. Дар дигар ҳолат, фардияти чунин одам вуҷуди худро аз даст медиҳад, агар маҷбур шавад, ки аз чунин ҳадафҳо даст кашад» (Мысли и изречения (составитель С. Х. Карин). Алма-Ата: Казгосиздат., 1964. – С. 158). Характер аз сифати инсон гувоҳӣ медиҳад.
Донишманди олмонӣ паҳлуҳои манфии худшиносиро ҳам мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор медиҳад. Аммо чунин зуҳуротро лоиқи баҳси фалсафа намешуморад. Онро мансуб ба худи фард медонад. Ҳамчун заифиҳои шахсият ва камбуди ӯ тафсир менамояд. Таъкид месозад, ки ин шакли худшиносӣ арзиш надорад ва дар чаҳорчӯбаи дарки умумии омӯзиши табиати ақлонӣ ва ахлоқии инсон дорои аҳамият ҳам нест. «Чунин тарзи худшиносӣ таваҷҷуҳи инсонро ба сӯйи номуайянӣ аз вазифаҳое, ки дар назди худи инсон меистад, моил мекунонад ва ба тарзи дигар, ба самти муҳтавои воқеии чунин шахсият, ки ба худхоҳии ниёзманд ба мувозибати қимат (доягӣ, парастиш), ки фақат ба худи ӯ хос аст, равона месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
Аз ҷониби дигар, ба донистани характери чунин ашхос Гегел   моҳияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ медиҳад. Ӯ бо тамоми ҷиддият таъкид мекунад: «Барои ҳаёт чунин донишҳо, бешубҳа, муҳим ва заруранд.  Махсусан, дар ҳолатҳои аблаҳонаи сиёсӣ, вақте ки на ҳуқуқ ва маънавиёт, балки якравӣ, худхоҳӣ ва беназмии индивидиумҳо ҳукмрон аст, дар ҳолати иғвогариҳо, вақте ки  характери одамон ҳангоми зуҳур гаштан на ба моҳияти масъала, балки тавассути ба тарзи маккорона истифода бурдани сифатҳои махсуси дигарон равона шуда, ба ҳамин восита мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
Маълум мешавад, ки чунин характер вусъати байналхалқӣ дорад. Ба ҳамаи миллатҳо хос аст. Тавре мебинем, дар чунин маврид ҳам, Гегел раҳоиро дар доштани маълумот, илм, хирад ва муносибати мантиқӣ мебинад.
 
ИСТЕЪДОД ВА НОБИҒАГӢ
Ҳамзамон, Гегел ба характери шахсиятҳои бузург аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Чунин зуҳуротро коркарди прагматикии таърих, омӯзиши хосиятҳои фавқулода барои фаҳми хислатҳои беназири одамӣ, ки дар онҳо табиати инсон дар шакли воқеӣ таҷассуми худро пайдо мекунад, меҳисобад (Ҳамон ҷо. – С. 26). Гегел мадди назар гирифтани вазъи рӯҳии ашхосеро, ки чунин арзишро надоранд, гоҳо зарарнок ва вақтгузаронии беҳуда  мешуморад. Аз он ки  мабодо дар пасманзари он нукта нафаҳмида монад: «воқеоти бузургро характерҳои бузург» амалӣ карда метавонанд (Ҳамон ҷо. – С. 26).
Омӯхтани хислат ва характери мақомоти раҳбарӣ, бешубҳа, яке аз муҳимтарин самтҳои илми давлатшиносӣ маҳсуб мегардад. Тавре Гегел таъкид мекунад, тавассути донистани сифати шахсиятҳои олӣ, ки ба тасмимгирӣ ва амали онон тақдири миллат ва давлатҳо вобастагӣ дорад, ҳолати воқеӣ ва ояндаи сиёсатҳо муайян ва пешгӯӣ карда мешавад. 
Мавсуф, ки ҷавҳари офаридаҳои ӯро сифати шуур, ақл, хирад ва маънавиёти инсон ташкил мекунад, қариб дар тамоми асарҳояш ба тарзи мустақим ва ё ғайримустақим ин масъаларо мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Дар таълимоти одамшиносӣ, махсусан, муайян кардани дараҷаи истеъдод ва нобиғагии инсон ӯ аз назарияҳои «ба мактаб нарафтаву хат нанавишта, масъалагузори сад мударрис шудан», фарсахҳо дур аст. Гегел ин гуна муъҷизотро намефаҳмад. «Масъалаи истеъдод ва нобиғагиро омӯхта, ӯ дуруст қайд мекунад, ки ин сифатҳои фавқулодаи инсонӣ натиҷаи ба ҳам омадани ду омиланд: хосияти табиӣ доштан ва тарбия дидан» (Ҳамон ҷо. – С. 16). Гуфтаи Мавлавиро тасдиқ мекунад, ки «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд... ».
Тавре хотирнишон гардид, баъд аз ҳолати физиологӣ – аз лиҳози ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим будан, маҳаки аслии Гегел баҳо додан ба инсон аз рӯйи дониш, маърифат ва характери ӯст.
Олими немис дар таълимоти худ борҳо таъкид месозад, ки на ҳама донишҳоро илмӣ номидан мумкин аст. Барои ӯ назорати одӣ, хусусиятҳои зоҳирии предметҳо наметавонанд илмро ташкил кунанд. Ба ақидаи Гегел зуҳуротеро илм номидан мумкин аст, ки бар маҷмӯи далелҳои ба ҳам алоқаманд асос ёфта, қудрати ба намоиш гузоштани қонунмандиҳоро дороанд ва дар таҷрибаи зиндагӣ тасдиқ шуда,  баҳри ҳаёти рӯзмарраи инсон фоидаовар бошанд. Бинобар ин, вақте ки ба шахсиятҳои фавқулода, соҳибистеъдод ва нобиға баҳо доданӣ мешавад, аз рӯйи ҳамин принсип хулосабарорӣ мекунад.
Нобиға будани намояндагони барҷастаи инсониятро на аз лиҳози «каромот», «даму нафас», «гузаштагон», балки аз нигоҳи илмӣ тафсир менамояд. Дар чунин таҳлил, ҷузъиёте монанди омил, сабаб ва натиҷа вуҷуд дорад. Ин сифатҳоро хусусияти заминӣ, воқеӣ, объективӣ медиҳад. Онҳоро мутлақ, дастнорас ҳисоб намекунад.  «Аммо ҳам истеъдод ва ҳам нобиға... ба хотири он ки сарчашмаҳои одӣ доранд, бояд дар асоси воситаҳои ба тарзи умум қабулгардида такмил ёбанд, фақат агар нахоҳанд, ки чунин қобилият нобуд шавад, ба фарсудашавии ахлоқӣ ва ё ба аслияти аблаҳона табдил гардад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).
Иқтибоси овардашударо таърихи кӯтоҳи давраи соҳибистиқлолии давлати мо тасдиқ мекунад. Нафароне, ки метавонистанд бо қудрати ҷисмонӣ ва фитрӣ ба миллати худ хизмат кунанд, бо таъсири омили хонаводагӣ, муҳит, манфиатҳои молӣ вориди гирдоби фано ва дастобрези бегонагон гаштанд. Танҳо дар ҳамин манзалат дар ёдҳо монданд, номи худро дар саҳфаи таърихи миллат сабт карданд.  
Гегел аз шахсони соҳибистеъдод, ки тавассути хосияти табиӣ   ва заҳмати зиёд барои афзудани донишу малакаи худ ноил гаштанд, авлиё ё муқаддасот намесозад. Ба онҳо бо ҳисси масъулият муносибат мекунад. Аз олимону соҳибкасбон амали барои ҷомеа судмандро интизор аст: «Фақат комилгардида, ҳамин тариқ, сифатҳои номбаршуда (истеъдод ва нобиғагӣ)-ро ҳамчун далели мавҷудияти худ ва қувваи худ бо андозае ки ҳаст, тасдиқ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).
Одамоне, ки бо заҳмати зиёд илму маърифат андухтаанд, соҳиби диплому унвонҳо гаштаанд,  қудрати хешро бояд дар амал нишон диҳанд: «Аз худ кардан ва гирифтани донишҳои гуногун, ки  дигарон эҷод намудаанд, қатъиян, басанда нест. Талаб карда мешавад, ки тавассути  аз худ кардани донишҳо дар ниҳоди инсон инқилоб – ҷунбиш ба вуҷуд ояд. Барои инсон фаъолияти худи ӯ,  дарки ӯ, арзёбии ӯ... муносибати эҷодкоронаи ӯ зарур аст. Зарур аст, ки чунин донишҳо ҳамчун тухме, ки дар биёбон меафтад, нобуд нашаванд. Баръакс, ин донишҳо ба замин нигаронида шуда, неруеро ба вуҷуд оранд ва ҳосил диҳанд. Чунин қувваи эҷодии тафаккур тавоноии аслӣ мебошад. Бе чунин зуҳурот майнаи сари инсон партовгоҳи анбори дониш аст, ки онро ҳамчун китобхона метавон тасаввур кард. На зиёдтар аз ин» (М. А. Налбалдян. Избранные философские и общественно –политические произведения. – М.: Мысль, 1954. – С. 155).
Вазифаи сохтани давлати миллӣ бар дӯши худи миллат аст. Ва майдони мубориза дар ин самт масъулияти бузурги ҳамагонӣ ва амали баробарвазн ба онро тақозо мекунад.  
Баъди мутолиаи Гегел, инсонро ҳолати маънавии ашхосе, ки «пой тар нокарда аз гирдоби дарё гузашта», бо васоити гуногуни иттилоотӣ ба мардум шеваи зиндагӣ карданро омӯзониданӣ мешаванд, дар хиҷолат мемонад. Албатта, ҷойи шубҳа нест, ки дар ин заҳмат ҳадафи онҳо  ақлҳои ҳамсони онҳост.
Худи Гегел бо ин донишмандӣ, хешро як умр ниёзманди комилгардонии илму маърифат меҳисобад. Рафтори ӯ намунаи амали як олмонӣ аст, ки имрӯз ҳамагон орзуманди омӯхтани сабақ ва баҳраварӣ аз хиради миллати онҳост.    
Хушбахтона, вақте ки Гегел дар бораи характер муҳокимаронӣ мекунад, онро зуҳуроти якзайл ва шахшудамонда намешуморад. Гарчанде моил ба он аст, ки ин падида бештар ҷанбаи табиӣ дорад. «Дар характер мо ... собит будани ишораҳои табииро дар алоқамандӣ бо тағйирёбии миҷоз мебинем» (Ҳамон ҷо. – С. 82). Чизи муҳимме, ки олими немис хонандагони худро баумед месозад, ин аст, ки «доимӣ будани характер на ба он дараҷае хосияти собит дорад, мисли он ки модарзодӣ бошад ба монанди омилҳои табиӣ: он метавонад тавассути ирода инкишоф ёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 82). 
Ҳамзамон, Гегел қариб дар аксари офаридаҳояш ба сифати шахсиятҳои фавқулода,  боистеъдод таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.  Ва мавқеи хулосавии андешаи худро ба тарзи зайл иброз медорад: «Ба ҳар ҳол, набояд он нуктаро инкор кард, ки характер моҳияти табиӣ дорад ва баъзе одамон нисбат ба дигарон табиатан дорои характери қавӣ мебошанд... гарчанде хислат инкишофи ҳақиқии худро дар шароити рӯҳи озод пайдо мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 82).
 
СИННУ СОЛ ВА ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНӢ
Дар масъалаи таҳлил ва арзёбии рӯҳ Гегел худро бо ифтихор давомдиҳандаи кори Аристотел меҳисобад. Гарчанде  «Фалсафаи рӯҳ» зиёда аз ду ҳазор сол баъд аз замони зиндагии ин нобиғаи ҳама давру замон эҷод шуда бошад ҳам, олими немис эътиқод ва эътирофи худро бори дигар нисбат ба энсиклопедисти юнонӣ  таъкид мекунад. 
Зуҳуротеро, ки дар фалсафа ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи «идеал», «ормон», «шуур», «тафаккур», «ақл», «хирад» оғоз аз Афлотун, Аристотел то Кант ном мебаранд, мехоҳад дар муносибат ба вазъи синну солии инсон, бо истилоҳоти гуногун шарҳ диҳад ва дар пайвастагӣ бо инкишофи физиологии одам тафсир намояд. Сарчашма ва давраҳои шаклгирии онро мавриди тадқиқ қарор диҳад. Рушди омилҳои ташаккулдиҳандаи шахсиятро моҳиятан баррасӣ кунад.
Истилоҳи рӯҳро, ки ӯ бо тавонмандии сухан дар тобишҳои мукаммали семантикӣ истифода мекунад, тавре таъкид гардид, дар вобастагии кулл бо эҳсос кардан, дарк намудан ва донистан мешуморад. Дар ин раванд, сифат ва муҳтавои рӯҳро дар ҷойи аввал мегузорад. Ба андешаи Ҷ. Брунер, ки мавзӯи асосии тадқиқоти ӯ ба масъалаҳои рӯзмарраи рӯҳшиносии рафти аз бар намудани донишҳо бахшида шудааст, «шуур – маҷмӯи ҷараёнҳои фавқулодае аст, ки дар муқоиса бо ҳайвонот ба инсон имкон медиҳад воситаҳои меҳнатро истифода кунад ва аз забон на танҳо ҳамчун олоти муошират, балки  василаи фикр кардан ҳам ба кор барад» (Дж. Брунер. Психология познания. За пределамы непосредстенной информации. – М.: Прогресс, 1977. – С. 274).
Дар ин ҳолат, муаллиф тағйироти синну солӣ, муҳтаво ва тарзи тафаккури одамро тахассусмандона мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Аммо, андеша моили он аст, ки баъд аз Гегел муҳаққиқони муваффақтар дар бораи таҳқиқи таҳаввули раванди фикрронии инсон кам андар кам ба назар мерасанд. 
Гегел муътақид аст, ки дар ҷисми инсони солим шуур «ҳамчун ҷараёни табиии синну солӣ» арзи ҳастӣ мекунад. Шуурро дар тавозуни ҷисм мегузорад. Вобаста ба тағйири синну сол аз тан ҷудо шудани рӯҳро зарур медонад. Ҳамзамон, рағбат ва эҳтироми худро нисбат ба рӯҳе, ки аз ҳолати физикӣ фосилаи мусбат мегирад, таъкид мекунад: «Дар чунин вазъ, рӯҳ  мустақилияти худро дар баробари ҷисм ба намоиш мегузорад. Дар инкишоф аз бадан пешсаф мегардад. Бисёр ба назар мерасад, ки сатҳи рӯҳии кӯдакон аз инкишофи ҷисмонии онҳо муқаддам мешавад. Ба тарзи истисно, чунин сатҳ дар кӯдаконе, ки истеъдоди бадеӣ доранд, рух медиҳад..., ҳамчунон, дар самти аз худ кардани донишҳои математикӣ, дар иқтидор ва имконоти муҳокимаронии дуруст... » (Ҳамон ҷо. – С. 85). 
Гегел таъкид месозад, ҳангоми  эволютсияи фикрӣ, инсон бояд ба дараҷае тараққӣ бикунад, ки худро ба умумиятҳои характери ҳамагонидошта, чизи тайёр, собит, омодагашта муқобил гузорад, худро  бишиносад. Ба фаҳми моҳият, мустақилияти рӯҳии хеш расидагӣ намояд.  Ба он муваффақ шавад.  Ба ақидаи олими немис, наврас ҳамон вақт «мард» мешавад, ки агар дунёро ҳамчун зуҳуроти сифати субстансионалӣ (хусусияти аслӣ, моҳиятдошта, доимӣ) ва индивидро падидаи аксидентиалӣ (лаҳзагӣ, гузаро, муваққатӣ) дида тавонад. Дар байни ҳамин ду ҷузъиёт, моҳият мавқеи худро муайян кунад. Аз амали хеш қаноатманд бошад. Дар олам бо чунин рӯҳ ба таври мустақил қадам занад. Он чизеро коркард кунад, ки амри зарурӣ, тақозои амал ва дар зиндагӣ судманд аст  (Ҳамон ҷо. – С. 86).
Гегел дар ин маврид ҷолибтарин таъбирро истифода  мебарад: «инсон бояд дар худ хосияти комил буданро пайдо кунад».  Он вақт ӯ дар зиндагии сарсахтонаи аз тазод саршор ва аз бадиҳо пурбор (таъбири Теодор Рузвелт) зистанро меомӯзад. Ва хулосабардорӣ менамояд: «Бо комил шудан мард... ба фоидаи кор амал мекунад, на бар зарари он ва ба саҳлнигарӣ ва сабукфикрии ҷавонӣ падруд мегӯяд» (Ҳамон ҷо. – С. 86).
Олими немис ба ташаккули ҷаҳонбинии наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Муътақид аст, ки ҷузъиёти тарбия ва таълим дар давраи аввали ҳаёти инсон,  ҳамчун  муассиртарин  омил  барои дар оянда шаклгирии шахсияти ӯ асос мешаванд. Дар ин асно, фардеро  меҷӯяд, ки ба ӯ монанд шавад. «Ҳама вақт ин ва ё он шахс барои наврас ҳамчун идеал хизмат мекунад. Мехоҳад ӯро фаҳмад,  мекӯшад ба ӯ тақлид намояд. Ба ҳамин андешаи аниқ такя карда, фақат ба ин восита ба моҳияти худ сарфаҳм равад. Он чизе, ки вай мебинад, барояш ҳамчун намунаи олии рафтору маънавият қабул ва эътироф мегардад. Зарур аст, ки ин  эҳсос  барои  шахси ҷавон эҳтиёткорона нигоҳ дошта шавад» (Ҳамон ҷо. – С. 89).
Мусаллам аст, ки ин фикрро Гегел ба замони худ ва оилаи консервативӣ, аристократӣ, пешрафта ва мақсаднок шаклгирифтаи немис мансуб медонад. Ва дар чунин шароит, ба ҳаёти оила ва фарзандон каси бегона ворид нест. Таъсири нохостаи муҳит ҳам имконнопазир аст.
Аммо ин андеша барои наслсозии имрӯзаи давлати  миллии мо ҳам ниҳоят муҳим аст: фарзандон, наврасон ва ҷавонон бояд зери назар, таъсир, таълим ва тарбияи шахсоне қарор бигиранд, ки аз илму маърифат баҳравар, ба идеяҳои давлатдории миллӣ содиқ бошанд. Аз томот, ақида, урфу одатҳои бегона орӣ буда, соҳибандешаи фархундапаём шаванд, то  «аз ҳарфи онон хасм ба дом ояду донанд, ки дӯст куҷо асту роҳ кадом» (Ҳофиз).
Гегел ҳам ба мисли Кант дар тарбияи инсон интизомро дар ҷойи аввал мегузорад. Онро омили асосии аз одам сохтани шахсият мешуморад. Таъкид месозад, ҷузъи муҳимми тарбия он аст: «нагузоранд, ки тарбиягиранда тибқи хоҳиши худаш амал кунад. Барои он ки инсон соҳибфармон гардад, сараввал бояд ӯ итоат карданро ёд бигирад» (Ҳамон ҷо. – С. 89).
Маълум аст, он чизе, ки миллати немисро дар олам машҳур кард, интизом, дақиқкорӣ, камгапӣ, аммо пуркорист. Амали бонизом, ки тавассути муташаккилии бомаслиҳати дохилӣ, аз худ кардани қоидаҳои рафтор ва дар амал ҷорӣ намудани он иқдомоте, ки барои манфиати миллат созгор аст, аз хислатҳои ин мардуми ободкор ва намуна барои қавмҳои ноком ва дар харобкорӣ пурибтикор  мебошад.
Интизомнокӣ ва итоат кардан ба тартибу низоми барои пешравии ҷомеа созгор, муҳимтарин аломат, хислат ва характери миллӣ маҳсуб мегардад. Мисли нафари ҳушманде, ки аз одамони нек баҳравар мешавад, миллатҳо ҳам бояд дар ҳамин поя гузашта ва имрӯзаи худро бо миллатҳои пешқадам дар муқоиса гузоранд. Аз онҳо омӯзанд. Ба онҳо пайравӣ кунанд, фаҳманд, ки муваффақияти амали ин ва ё он миллат дар чӣ ҳаст. Кадом сабаб онҳоро ба  натиҷаи барои ҷомеа судманд овардааст.
Таҳлил нишон медиҳад, муҳтавои аз тарафи Гегел дар «Фалсафаи рӯҳ» собитқадамона таҳқиқшуда, зуҳуротест, ки бештар ба функсияи давлат дахл надорад. Балки онро мансуби синфи пешқадами миллат – зиёиён ва нафароне, ки бар дӯши худ масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ доранд, онро бо гуфтор, офаридаҳо ва пеш аз ҳама, рафтори хеш муаррифӣ мекунанд, медонад. Маҳз онҳо тавассути имконоти зеҳниашон бо коркарди фазои ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ба манипулятсияи ҳолати идеологӣ, иҷтимоӣ-рӯҳии ҳамватанон машғуланд. Дар ин самт, Гегел ба сифати миллат таваҷҷуҳ карда фаҳмониданӣ мешавад: вазъи рӯҳӣ-равонии миллат бояд то он дараҷае бошад, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун эҳсоси худидоракунии дар сатҳи эътиқодоти комил, ташаккули мақсадноки афкори ҷамъиятӣ, дар умум, дар пояи ҳифзи манфиатҳои Ватан расад. 
Воқеан, умумияти миллӣ, дарки мансубият ба Ватани ягона, эҳсоси масъулият барои таъмини субот ва рушди иҷтимоӣ, зарурати  пешбурди манфиатҳои миллӣ, мебояд таҳкурсии асосӣ дар доираи низоми худҳифозатии аслияти аҷдодӣ, урфу одат ва анъанаҳои созандаи он бошад.
Ба ақидаи Гегел, чунин тарзи тафаккур наметавонад дар ҷойи холӣ, ба тарзи стихиявӣ пайдо шавад.  Ташаккули маънавиёт ниёз ба тарбия ва таълими мақсаднок дорад. Тавассути аз бар намудани донишҳои воқеӣ «ӯ метавонад ҳамчун шахси бавоярасида, дигар таҳти таъсири ангезаҳои хусусӣ ва нуктаи назари субъективии худ набошад. Аз доираи манфиатҳои хеш берун меояд. Танҳо ғами худро намехӯрад. Ӯ зери нуфузи хиради ҳастӣ амал мекунад. Барои дунё худро фаъол нишон медиҳад» (Ҳамон ҷо. − С. 91).
Ормони аслии инсон саломатӣ ва зиндагии шоиста мебошад. Аммо «Фақат дониш метавонад ба инсоният ёрӣ диҳад, ки  сабабҳои бадбахтии ӯро бо тамоми ҷузъиёташ омӯзад. Фаҳмонад, чӣ гуна ин омилҳо нобуд карда мешаванд ва тавоноиҳоеро сарҷамъ кунад, то ин мақсад ба даст ояд» (Р. Оуэн. Педагогические идеи. – М.: Мысль, 1940. – С. 130).  
 Гегел ҳам муътақид аст, ки инсони ҳақиқӣ идеал дорад. Ва нақшаҳои худро дар пайравӣ ба он дар шакли зайл тасаввур мекунад: «Наздиктарин мақсади ӯ  (шахси ҷавон – С. Я.) доштани маърифат аст. Бояд тавассути он имкон пайдо кунад, ки ба амалӣ гаштани ҳадафҳои худ ноил гардад. Дар ҷараёни рӯйи кор овардани нақшаҳои волои худ, инсон ба мартабаи ҷавонмардӣ ва  шахсияти  комил мерасад» (Ҳамон ҷо. − С. 91).
Ба андешаи мо, муҳокимарониҳои Гегел дар бораи аз одами одӣ,   содалавҳ, гаронбори ғам, раҳгум, маъюс ва малул аз фалак мубаддал гаштан ба шахси мубориз, фаъол, комгор ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд.
Ба фикри ӯ, шахси ноозмуда, ки дар давраи муайяни зиндагӣ  якбора, бе заҳмат ва омодагӣ ба имтиҳони рӯзгор, бо тасаввуроти идеалии худ  вориди уқёнуси пурталотуми ҳаёт мешавад, гоҳо аз ин варта роҳи халосӣ пайдо карда наметавонад.
Бешубҳа, чунин мушкилот   барои ҳар шахсе,  ки зиндагии  осудахотир доштааст, ногузир аст. Ба гуфти Гегел, чӣ қадаре ки ин ҳолат ба рӯзгори ҷавон дер ояд, паси сар кардани «ҷабри турки фалак» барояш боз ҳам мушкилтар мегардад. Ҳамзамон, файласуфи немис  бо маъюсӣ, аммо қотеона, таъкид мекунад: «Дар ашхосе, ки табиати мулоим (сустиродагӣ, камҳавсалагӣ − С. Я.)  доранд, аҳволи яъс ва ноумедӣ як умр идома хоҳад ёфт. Ҳатто, дар ҳамин вазъи монанд ба як навъ беморӣ, одам намехоҳад, ки аз субъективияти худ нисбат ба объективият даст кашад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар ҳолати нотавонии нисбӣ қарор мегирад. Чунин истодагарии манфӣ ба осонӣ метавонад  ба  заифии  ҳақиқӣ  (доимӣ − С. Я.) мубаддал гардад» (Ҳамон ҷо. − С. 91).
Албатта, барои адабиёт ва фалсафаи ҷаҳонӣ ин мавзӯъ нав нест. Аммо сухан аз боби он меравад, ки намояндагони кадом халқу миллатҳо, то чӣ андоза ва дар чанд муддат чунин иродаи барои воқеияти рӯзгор номувофиқро  паси сар мекунанд. Ба зиндагии   маъмулии баҳри худ ва ҷомеа судманд бармегарданд. Падидаҳое, ки такроршаванда ва умумӣ мешаванд, хосияти ҳамагонӣ пайдо менамоянд, ба қисмати таркибии характери миллӣ мубаддал мегарданд. Ва ин зуҳурот набояд сарфи назар карда шавад.
Гегел мавзӯъро идома дода, бо такя ба хислати миллии хеш, бераҳмона, вале асоснок, мисле, ки изҳорот мекарда бошад, ҳушдор медиҳад: «Агар одам нахоҳад, ки ҳалок шавад, бояд эътироф кунад, ки дунё вуҷуди мустақилона дорад. Ҳамчун ҷисм, аллакай, хотимаёфта (шаклгирифта − С. Я.) аст. Зарур аст, инсон шароитеро қабул кунад, ки ҳамчун чоҳи мушкилгузар дар рӯ ба рӯйи ӯ истодааст. Ва аз дунёи саркаш он чизеро, ки барояш лозим аст, тавассути мубориза бигирад, аз худ кунад» (Ҳамон ҷо. − С. 91).
Дар чаҳорчӯбаи дарки антропологияи сиёсӣ, айнан, ҳамин суханҳоро ба сохтани давлати миллӣ нисбат додан ҷоиз аст. Ҳар соҳибватане гумон кунад, ки дар роҳи рост, бе мубориза, ба осонӣ, бо бетарафӣ ва ҳамчун тамошобин ба равандҳои ҷомеа, муҳити атроф муносибат кардан, сохтан ва эмин нигоҳ доштани давлат бо исми миллате, ки худро мансуби он медонад, имкон  дорад, қатъан хато мекунад. Миллат ҳам мисли як фард мебояд дар муборизаҳо, муҳорибаҳо ҳаққи худро аз чанголи «даҳри дунпарвар», «дунёву шару шӯр», «макри осмон» ва «каҷтабъони дилкӯр»  мардонавор биситонад.  Он вақт давлат ҳам мисли он ҷавонмарде, ки Гегел мадди назар дорад, метавонад раҳи зиндагии худро ёбад. Ва ба он сазовор бошад.
Гегел андеша дорад, ки инсон набояд гумон кунад, фақат ниёзмандӣ аст, ки ӯро барои амал сафарбар мекунад. Дар ҳақиқат, мушкилот, ки ҷузъиёти воқеияти олам аст, на ҳамчун чизи маҷбуран таҳмилгашта, балки зуҳуроти одии дар доираи ақл ва фаросати инсонӣ пазируфташуда шинохта шавад. 
Бояд таъкид кард, ки гарчанде ақидаҳои Гегел барои ташаккули назарияи материалистии инқилоби иҷтимоӣ асос шуда бошанд ҳам, худи ӯ пайгир ва ҷонибдори чунин навъи табаддулот набуд.
Ҳамчун олим, мутафаккири бурдбор ва солор ҷонибдори бо роҳи эволютсионӣ тағйир додани авзои ҷомеа тибқи ниёзҳои онро дар назар дошт. Дар хислати одамӣ ҳам, ҳамин чизро талқин мекард: «Ҷавонмард ... ниҳоят боақлона рафтор мекунад. Аз нақшаи навсозии пурраи ҷаҳон даст мекашад. Кӯшиш мекунад, ки мақсадҳои шахсӣ, завқу манфиати худро фақат дар алоқамандӣ бо ҳамин дунё амалӣ намояд» (Ҳамон ҷо. − С. 92).
Олими немис тарафдори он аст, ки ҳар шахс, новобаста аз манзалати иҷтимоияш бояд дар зиндагӣ ҷойгоҳи муайян дошта бошад. Ва мундариҷаи чунин мавқеъро идеал ташкил кунад. Онро тавассути принсипҳое, ки ба рушди ҷомеа созгор ва мувофиқанд, амалӣ намояд. Ӯ чунин меҳисобад, ки барои рӯйи кор овардани ормонҳои ҳама кас дар олам фазо ва муҳит басандагӣ мекунад.
Дар ин маврид, Гегел ба бисёр саволҳо, ки бештар ҷанбаи субъективӣ, индивидуалӣ, рӯҳӣ доранд, посух медиҳад. Таъбирҳо ва истилоҳоти фалсафие, ки олими барҷаста истифода мебарад, нисбат ба шахсоне, ки гирифтори «коргаҳи дидаи бехоб» буда, муддатҳо «нақши хати рӯйи об мезананд», хосияти маслиҳатӣ касб кардаанд. Муҳтавои хулосаи файласуф ин аст: шахсе, ки воқеан кор кардан мехоҳад, «барои ӯ ҳам, фазои басандаи ба дуриҳо нигаронидашудаи фаъолияти эҷодӣ ҳаст. Гарчанде дунё, асосан, ҳамчун мавҷудоти хотимаёфта эътироф шуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол вай мурда, дар ҳолати мутлақи беҳаракатӣ нест. Ҷараёни ҳаёт гаштаву баргашта худро тавлид ва ҳифз мекунад. Пеш меравад. Ана дар ҳамин ҳолати эҳёшавии олам ва рушди минбаъдаи он, амали инсони комил инъикоси худро пайдо мекунад» (Ҳамон ҷо. − С. 92).
Гегел ба инсон на танҳо ҳамчун мавҷуди истифодабарандаи муҳити омодагашта, балки ба мисли эҷодкор муносибат мекунад. Онро бо ҳамин сифат мешиносад. Муҳимтарин вазифаи одамро дар азнавсозӣ ва таъмини рушди муҳите мебинад, ки ӯро иҳота кардааст: «Аз як ҷиҳат мо тасдиқ мекунем: инсон он чизеро месозад, ки аллакай сохта шудааст. Аз дигар тараф, меҳнати одам, ҳамзамон, бояд барои пеш рафтан мусоидат кунад» (Ҳамон ҷо. − С. 89).
 
«ФАЛСАФАИ РӮҲ» ВА АҲАМИЯТИ АМАЛИИ ОН
Гарчанде  ҳаёти инфиродӣ ва фаъолияти Г. В. Ф. Гегел мансубияти ӯро дар сафи донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ таъйид карда бошад ҳам, дар эҷодиёти ин шахсияти нотакрор ҳувияти миллии ӯ – олмонӣ буданаш, ҳамчун нишонаи барҷастаи характери ин миллат ҳувайдо мегардад.
Олими нотакрор дар забон ва услуби баён, таҳлил ва такмили андеша аз мансубияти худ ҳамеша ба ин миллат ифтихор мекунад. Мекӯшад, ки қувваи эҷоди ӯ на танҳо барои пешрафти фалсафаи олам судманд, балки баҳри ҷаҳонбинии миллати худи ӯ арзишманд ва «офати давру фалак аз ҷону танаш ва чашми ҳасуд аз Ватанаш» (Ҳофиз) дур бошад. Ин муносибат ва арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби Гегел, ҳамчун фалсафаи ҳамешагии рӯҳ садо медиҳад.
Чунин рафтор намунаи ибрат ва пайравист.
Новобаста аз он ки муҳаққиқон Гегелро дар бисёр маврид ҳамчун файлсуфи идеалист ном мебаранд, ӯ дар ягон ҳолат аз донишҳои илмӣ, назарияи дар амал санҷидашуда фосила намегирад, то худ ва  дигаронро раҳгум насозад. Мекӯшад фалсафаи ӯ фақат боиси рушд ва инкишофи миллӣ бошад. Хулосаҳои олими бузург барои хонандагонаш ҳамчун сабақи ростӣ садо медиҳанд. Он ҷавоб ба мардумони синну сол ва касбу кори гуногун, сарфи назар аз ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсиашон, аст: «Он чизе, ки дар идеалҳо (орзуҳо, ормонҳо, тасаввуроти олӣ − С. Я.) ҳақиқат ҳаст, дар таҷриба, фаъолияти амалӣ зуҳур меёбад: фақат аз он чизе, ки ғайри ҳақиқат (мавҳум, дурӯғ, бофта, абстраксия – С. Я.) аст, инсон бояд дур бошад» (Ҳамон ҷо. − С. 92). 
Шароити таърихие, ки Гегел дар он рӯзгор ба сар мебурд, аз дараҷаи рақобатҳои геополитикии кунунӣ ба куллӣ фарқ мекард.
 Замони нав дар пояи таълимоти ӯ ва дигар олимони ҳақбин тадқиқоти иловагии мувофиқ ба тағйироти воқеии диалектикиро тақозо дорад. Ҷавҳари эътиқод, асоси абстраксияи геополитикие, ки баъзе ҳамватанони мо аз рӯйи ғарази молӣ, бошуурона ва қисмати дигарашон бо ормонҳои ифротӣ ба гурӯҳҳои террористӣ мубаддал гаштаанд, ба қавли устодони худ «кушта мешаванд, то бикушанд», аз ҳамин мавҳум ва бофтаҳо сарчашма мегирад.
Ба хотири зарар расонидан ба Ватани падару модари хеш, террори мардуми диёр, «қасди фирдавс ба подоши хиёнат»-ро бо сухан, бо қалам ва бо қадам ба худ иҷозат медиҳанд. Мекӯшанд ин амалҳояшонро шиор созанд.  Номҳои нав ба нави барояшон фикр карда баровардаи дигаронро рӯйи кор оваранд.
Ин мавзӯи марказии тадқиқи фалсафаи рӯҳи замон аст, то ислоҳи кор пайдо гардад.
Гарчанде моҳияти муайянкунанда доштани ҳастӣ, бо муҳтавое, ки дар ин категория вуҷуд дорад, нисбат ба рӯҳи инсон барои илм аксиома аст, таърихи инсоният, махсусан давраи ниҳоят пурпечутоби ду садсолаи ахир собит кард, ки чӣ гуна рӯҳ аз қувваи беохири ҳастӣ суиистифода карда, бо такя дар он ҳастиро муайян мекунад. Дар ин маврид, сухани Архимед ба хотир меояд: «Ба ман нуқтаи такяро нишон диҳед, курраи Заминро аз ҷояш тела медиҳам».
Ҳастӣ бо бузургии худ чунин имкониятро ба тамоми мавҷудоти соҳибтафаккури олам додааст. Ин захира барои миллионҳо ва аз ин ҳам бештар мерасад. Аз ин ҳастӣ ба тарзи худ олиму омӣ, ҳокиму надим, тавонгару бенаво, мусулмону куништ – ҳама абадан ва беохир истифода мекунанд.
Ҳастӣ, дар доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ – манфиат аст. Манфиат бошад, бо ҳазор лафз гап мезанад. Ҳатто ба лаҳни хомӯшӣ. Бетарафӣ. Худро ба нодонӣ андохтан. Надидан. Нодида гирифтан. Ин шакли муомила асоси тазоди ҷомеа, муҳтавои шуур ва тафаккурро ташкил мекунад. Чунин ҳолат –  мундариҷа ва моҳияти муомилаи ҷамъиятиро дар бар мегирад. Муайян кардани шуур ҳастиро, яке аз навъҳои идеологикунонидашудаи нақши ҳастӣ дар мушаххас кардани шуур мебошад. На бештар аз ин.   
Таҳлили Гегел нисбат ба паҳлуҳои ҷаҳонбинӣ моҳияти бунёдӣ (фундаменталӣ) дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, олимоне, ки баъд аз ӯ ба муҳимтарин шакли муайянкунандаи раванди ҳаёти ҷомеа – идеяҳо (дар баробари ҳастӣ) сару кор гирифтаанд, афкори ӯро барои тадқиқоти хеш ҳамчун сарчашмаи назариявӣ ва методологияи тадқиқоти рӯҳи одамизод интихоб кардаанд.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи олимон-муҳаққиқони осори Гегелро оид ба шаклгирӣ ва инкишофи рӯҳ ҷалб кардааст, он  аст, ки ҳангоми баррасии мавзӯъ муносибати файласуфи бузург ба шуур дар кадом сатҳ қарор дорад. Оё объекти таҳқиқоти ӯ ҷанбаи индивидуалӣ дорад, ё ба ҳалли муаммоҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Аз ҷумла, чунин савол ҳангоми тафсири «Фалсафаи рӯҳ» дар муқаддимаи китоб (нашри Москва, 1956), ки зимни омӯзиши мазкур истифода шуд, ифода гардидааст.  Муаллифи ин сатрҳо муътақид аст, ҳатто мутолиаи одӣ (на омӯзиш ва таҳқиқ) ба ин савол посух медиҳад. Заҳмати ин энтсиклопедисти бузург, асосан, ба таҳқиқи на шуури индивидуалӣ, балки шуури ҷамъиятӣ равона шудааст.
Гарчанде Гегел дар бораи сохт ва муҳтавои ҷаҳонбинии фард сухан мегӯяд, ба тарзи диалектикӣ бо ҳам алоқаманд будани шуури индивидуалӣ ба шуури ҷамъиятиро баръало нишон медиҳад. 
Ҳам аз лиҳози онтологӣ ва ҳам гносеологӣ шуур ҳодисаи ҷамъиятӣ аст. Аз ҳамин лиҳоз, барандаи шуури индивидуалӣ бо вуҷуди фарқият, қисмати шуури ҷамъиятӣ ва ё нишона аз он маҳсуб мегардад. Ин ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар мавриди одитарин зуҳуроти ифротгароӣ, ҳатто на гурӯҳӣ ё ҳизбӣ, ҳамчун бонги хатар садо медиҳад.
Агар аз абстраксия фосила гирифта, ба амалияи имрӯза ба тарзи воқеӣ назар андозем, зуҳуроти шуури террористӣ, ки сахттарин таҳдид барои ҷомеа ва давлати миллии мост, дар рафтори фард ё гурӯҳи одамон равшан намудор аст, сарчашма ва мундариҷаи муайян дорад. Аз лиҳози вақт ва дарбаргирии муҳит мушаххас аст. Рӯҳи террористӣ, омодагӣ ва тасмимгириҳо дар ин маврид, дар дохил ва берун аз кишвар, дар доираи як системаи муайяни аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тарҳрезишуда амалӣ мешаванд. 
Дар зуҳуроти терроризми имрӯза, дар қаламрави кишвар акси садо ва унсурҳои амиқи идеологии замони буҳрон ва шикасти рӯҳи миллӣ дар давлати Сомониён, даврони босмачигарӣ ба хотири барқарор кардани султаи бегонагон ва ахиран унсурҳои боқимондаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон амиқ ба  назар мерасад.
Субъектҳои ташкилкунандаи аъмоли террористӣ ва объекти аслии таҳдиди террористӣ – айни замон шикасти давлатдории миллии тоҷикон − ҷавҳари чунин мақсадгузорӣ мебошад. 
Актҳои террористӣ тавассути рӯҳи террористии аъзои ҷомеа амалӣ карда мешаванд. Инро душманони сохти давлатдории миллии тоҷикон дар хориҷи кишвар хуб медонанд. Ба ҳамин мақсад, дар Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб машғули шикастани рӯҳи миллӣ дар ниҳоди мардум ва ба ҷойи он ворид кардани рӯҳи террористӣ мебошанд.
Дар рисолаи мазкур мафҳум ва истилоҳоти «илм», «дониш», «маърифат», «рӯҳ», «ҷаҳонбинӣ», «миллат», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «фарҳанг», «анъана ва урфу одатҳои миллӣ» «характери индивидуалӣ», «характери миллӣ», «иродаи ватандорӣ», «сиёсат», «истеъдод», «мантиқи меҳнат ва мушкилоти зиндагӣ» «таъсири он дар ташаккули шахсият», «дин» ва «фанатизми динӣ» дар доираи ақидаҳои Г. В. Ф. Гегел мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт. Мақсад аз он муқоисаи падидаи рӯҳ дар кишварҳои ақибмонда, рӯ ба тараққӣ ва пешқадами Шарқу Ғарб бо бедории миллӣ,  ҷараёни ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлати миллии мо, бо имконоти воқеии зинда ва оммавӣ кардани рӯҳи миллӣ мебошад. Зеро маҳз сифати хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ омили зиндагии шоиста ва ё мушкили инсон мегардад. Таълифи «Фалсафаи рӯҳ» аз ҷониби Гегел фаҳмонидани ҳамин зарурати ҳаётан муҳим ба одамон аст.

ХУЛОСА
Омӯзиш ва таҳқиқи ҷаҳонбинӣ дар «Фалсафаи рӯҳ», ки то ҳадди имкон, дар чаҳорчӯбаи алоқамандӣ бо хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ сурат гирифт, ба андешаи мо метавонад чунин натиҷагириро ба бор орад:  Г. В. Ф. Гегел,
1. Ҳангоми таҳқиқи масъалаи рӯҳ аз нигоҳи фалсафӣ – шуур, ҷаҳонбинӣ, тафаккур, ақл, хирад, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, худмуайянкунии миллӣ, характер ва хулқу атвори миллӣ, муносибати идеявии инсонро ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур мадди назар дорад.
2. Гарчанде дар адабиёти илмӣ ҳамчун файласуфи идеалистӣ объективӣ муаррифӣ мегардад, асоси пешрафти фард, ҷомеа, миллат ва давлатро танҳо дар вобастагӣ ба донишҳои илмӣ – омӯхтани қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи муҳимтарин масъалаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур медонад.  Аз маҷмӯи ҷузъиёти моҳият ва зуҳурот қудрати бузурги муайян кардани алоқамандиҳои умумӣ ва зарурии онҳоро ба намоиш мегузорад. Дар масъалаи таҳқиқи шуур ва ҷаҳонбинӣ чунин тавонмандиро устодона асоснок ва тафсир менамояд.
3. Вобаста ба аҳамияти дониш ва маърифат ишора ба он дорад: миллате, ки аз омӯхтани илму фарҳанг канораҷӯӣ мекунад, ҳамарӯза донишҳои худро тавассути мутолиаи илмӣ сайқал намедиҳад, бадеҳатан, рӯ ба девор меистад. Мутеъ ва дастнигари дигарон мешавад.
4. Ба қудрати фавқуттабиӣ итминони комил дорад. Аммо бо такя бо он донишҳои энтсиклопедие, ки шахсан, бо заҳмати зиёд омӯхтааст, дар амал, дар таҷриба ва натиҷаҳои илмӣ дар масъалаи рӯҳ (шуур) ба даст оварда, пешкаши хонанда мегардонад, қувваҳои ғайриодиеро, ки гӯё онҳо ба инсон ақлу хирад ва донишу фаросат меомӯхта бошанд, бе дасту по ва бе шоху барг мегардонад. Таъкид мекунад, дар зиндагӣ инсон, ҷомеа бояд ба ақлу фаросати худ, ки танҳо тавассути донишандузӣ ба даст меояд, такя кунад.
5. Дар масъалаи пайдоиш ва ташаккули ин ё он ақида, ҷаҳонбинӣ, эътиқод, шакли инъикоси идеалии воқеияти реалӣ, рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, он чизеро, ки зуҳуроти рӯҳ меномад,  донистани сабабу омилҳои ҳақиқии он рӯйдодро дар ҷойи аввал мегузорад. Инро  муҳимтарин талаботи илм мешуморад.
Бо ин гуна мавқеъгирии табиӣ бори дигар хулосаи яке аз абармардони фалсафаи воқеънигори олам Абӯалӣ ибни Синоро тасдиқ мекунад, ки таъкид кардааст: «Донистани ҳама гуна чиз, агар он зуҳур ёфта бошад, тавассути донистани  (дарк кардан − С. Я.) сабаби пайдоиши он таъмин мешавад ва комил мегардад» (Абу Али ибн Сина (Авиценна). Канон врачебной науки. Т. 1. Ташкент: Издательство Акад. наук УзССР, 1954. − С. 6). Яъне рӯйдоди фавқулода, бесабаб дар ҳастии олам вуҷуд надорад.
6. Исбот мекунад, ки рӯҳи (шуури) инсон решаи заминӣ дорад. Дар ҷомеа шакл мегирад. Ба дараҷаи тараққиёт, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, анъана ва собиқаи таърихии он вобастагӣ дорад.
7. Ҳамзамон, муътақид аст, ки ба рӯҳ − шуур, ҷаҳонбинӣ, сифати маънавӣ ва ақлонии одамизод мавқеи ҷуғрофӣ, таваллуд, зист ва сифати  генетикии худи қабила, халқ ва миллатҳо таъсири бузург доранд. Ва дар баъзе ҳолат чунин таъйинот ирсӣ, бетағйир мемонад.
8. Наслҳои як халқ аз халқи дигар на танҳо аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, балки хислат, характер, махсусан дар муносибат ба меҳнати ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва бадастории натиҷаи ниҳоӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, тарз, сифат ва дараҷаи зиндагии онон аз якдигар тафовут дорад.
9. Хулосаи олимони даврони қадим ва асрҳои миёнаро оид ба арзишмандии одам аз рӯйи муносибат ба табиат тасдиқ мекунад. Яъне инсон, сатҳи рушди ақлонӣ, маънавиёти халқу миллатҳоро тибқи шакли ҳукмронӣ, истифода ва сарварӣ карда тавонистани онҳо ба табиат, муҳити атроф баҳо медиҳад. Мутеъ будан ба тақдир ва зуҳуроти табиатро аломати адам ё камбуди дониш, маърифат ва заифии ирсии халқу миллатҳо ҳисоб менамояд.
10. Муҳимтарин аломатеро, ки барои дидани фарқ дар нерумандии шуур (ҷаҳонбинӣ, ақл, дониш, маърифат) байни халқҳо мегузорад, дар муаррифии дастовардҳои миллатҳо вобаста ба сохтани воситаҳои истеҳсолот, чизе, ки муҳитро тағйир медиҳад, зиндагиро осон, пурсамар, ҷамъиятро, давлатро пешрав месозад, мебинад.
11. Манзалати сиёсӣ, байналхалқӣ, дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, моҳият ва мундариҷаи боварии динӣ, нақши инсонро дар муносибат ба табиат дар доираи эътиқодоти осмонии онҳо ба ҳисоб гирифта, халқу миллатҳоро ба гурӯҳҳо тақсим мекунад. Тавре таъкид гардид, қиматнокии онҳоро аз рӯйи он ки имрӯз, айни замон, ба кадом комёбиҳо ноил гаштаанд, ки ба сатҳи зиндагӣ, оромӣ ва осудагии онҳо муассир будааст, баҳо медиҳад.  
12. Кӯшиш мекунад, бо квалификатсияи (таснифи) мардумон ба «халқҳои примитивӣ», «монанд ба наврас», «ақибмонда», «зобит, ғосиб, аммо амалкунандагони бешуур, тахрибкор» дар муқоиса бо халқҳои пешқадам, ба иззати нафси аввалиҳо нарасад. Чунин гурӯҳбандиро бо мисолу  далелҳои  илмӣ асоснок ва исбот мекунад. Ба масъала бетарафона, ҷиддӣ, бо назокати олимона муносибат менамояд.
13. Барои аз дигар миллатҳо бо принсипҳои дар боло номбаршуда ба таври мусбат фарқ кунонидани халқҳои пешқадами Ғарб, истилоҳи «рӯҳи аврупоӣ»-ро истифода мебарад. Онро хирад ном мекунад.  Ҳама қудрати замину осмонро ба худи одам нисбат медиҳад. Ва таъкид месозад: ҳадде нест, ки инсон  аз уҳдаи он баромада натавонад. Тавоноии миллатҳои сокини Аврупоро дар «кӯшиши беохири аз худ кардани донишҳо» медонад. Ба чизи дигаре умед бастанро раво намебинад. Инро ҳамчун зуҳуроти хештаншиносӣ ва ахиран худшиносии миллӣ эътироф менамояд.  Бо ҳамин гуна тавсиф, мехоҳад ба ҷаҳониён сирри «Дунёи куҳан»-ро ошкор созад. Онро чун намуна ба дигарон муаррифӣ кунад. Назарияи худро бо чунин далел асос бахшад.
14. Ҳангоми тафсири масъалаҳои рӯҳ, ба алоқамандиҳои ҷузъ бо кулл ва баръакс, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Омӯхтани масъалаҳои рӯҳро дар доираи шуури ҷамъиятӣ зарур мешуморад. Аммо ба ҷаҳонбинии индивидуалӣ ҳамчун қисмати сифатии он муносибат мекунад. Зимни баҳодиҳии ҳолати рӯҳии ҷомеа ба назар гирифтани қисматҳои таркибии онро ба инобат мегирад. Ислоҳ ва ба манфиати умумии ҷомеа сафарбар кардани вазъи рӯҳиву равонии аъзои ҷомеаро муҳим медонад.
15. Муҳимтарин шакли зуҳуроти рӯҳро дар характери инсон мебинад. Онро ба қисматҳо ҷудо месозад. Ишора ба он менамояд, ки таваҷҷуҳи махсус барои тарбияи инсон дар овони хурдӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ дода шавад. Шарти асосии обутоб ёфтани характери инсонро дар бархӯрди шахс бо мушкилоти зиндагӣ медонад. Чунин андеша дорад: касе, ки заҳматро надидааст, хислати хешро дар монеаҳо насанҷидааст, обутоб ва сайқал надодааст, наметавонад шахсияти комил ва барои имтиҳоноти зиндагӣ омил бошад.
16. Истеъдод ва нобиғагиро ҳамчун падидаи табиӣ шуморад ҳам, тарбия ва таълимро муҳимтарин шарти ба роҳи дуруст равона кардани зуҳуроти номбурда медонад. Таъкид месозад, ки бидуни заҳмати иловагии мақсаднок, ин ду унсур метавонанд бар зарари одамизод истифода шаванд. Бо тамоми қотеият   иброз медорад, ки инсони бузург шудани кас, новобаста аз истеъдод ва аломатҳои нобиғагии  табиӣ,  бидуни омӯхтани илм, маърифат, маданияти инсонӣ ва дастрасӣ ба таҷрибаи зиндагӣ кори ғайриимкон аст. Дар ин масъала, ба ҳодисаи ғайритабиӣ, бе мавҷудияти  муносибатҳои ҷамъиятӣ итминон надоштани худро  алоҳида ишора мекунад.

ОХИРСУХАН
Ҳамин тариқ, рисолаи Гегел аз лиҳози фалсафӣ таҳқиқи рӯҳи одамизод, яке аз бузургтарин дастовардҳои илмии фалсафаи дунё дар мавриди шинохти инсон, ҳамчун ҷузъи на танҳо биологӣ, балки ҷамъиятӣ аст.
Бо таълифоти худ Гегел бори дигар исбот кардааст, гарчанде одам ҳамчун зуҳуроти дараҷаи олии биологии табиат буда, ҳангоми солим таваллуд шудан тамоми аломатҳои бо номи худ сазоворро дошта бошад ҳам, аммо рӯҳ − шуур, ҷаҳонбинӣ, муносибат бо худ, ба муҳит бо «алфоз ниҳодану гуфтан» то «даст гирифтану по ба по бурдан ва шеваи роҳ рафтан»-ро тавассути одам аз худ мекунад. Яъне «одам» ҳамчун истилоҳи илмҳои ҷамъиятӣ, зуҳуроти номуайян, сарбаста, мутлақ, худкифо ва танҳо барои худ нест.
Садҳо озмоиш ва ҳодисаҳои фавқулода нишонгари онанд, ки бидуни ҷомеа одам наметавонад инсони комил гардад.
Муҳимтарин аломати шуур кони савол будан ва дар ҳамин асос хосияти сафарбаркунӣ доштани он аст. Вобаста ба он ки инсон ба кадом савол чӣ гуна посух пайдо мекунад, онро тавони дар тарозуи захираҳои дониш, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти худ баркашидан дорад, хулосабарорӣ менамояд, тасмим мегирад, тақдири худи ӯ ва дар маҷмӯъ, ҷомеа муайян мешавад. Ин мавзӯъ ҳамчун масъалаи беохири илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, фарҳангӣ буд, ҳаст ва  мемонад.  
Таълифоти Гегел барои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти бағоят муфид дорад. Бе шинохти хеш, шинохти миллӣ имконнопазир аст. Инро олими немис ҳамчун ҷузъ дар системаи ягонаи рӯҳ бо мисолҳои дақиқ, бо истифода аз методҳои системавӣ, системавӣ-сохторӣ, сохторӣ-функсионалӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, сарчашмаҳо ва фактҳои таърихӣ собит кардааст.
Гегел, бо вуҷуди он, ки аз бузургтарин файласуфони олам ва асосгузорони назарияҳои илмие аст, ки тафаккури инқилобиро дар илмҳои ҷамъиятшиносӣ сифати бунёдӣ бахшидааст, бо он машҳури олам гаштааст, аз мансубияти худ ба миллати немис ифтихор дорад. Дастовардҳои ин миллатро дар алоқамандӣ бо рӯҳи меҳнатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хирадсолорӣ, маърифатнокӣ, донишомӯзӣ, навоварӣ, тавони мустақилона паси сар кардани мушкилиҳо мебинад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешсаф буданро тавассути ба намоиш гузоштани рӯҳи миллӣ тадқиқ, тасдиқ ва хулосабарорӣ кардааст.
Омӯзиш ва таҳқиқи асарҳои олимони Ғарб, аз ҷумла «Фалсафаи рӯҳ»-и Гегел, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи асосии пешрафти миллат ва таъмини истиқлолият, суботи давлати миллӣ, дарёфт кардани роҳ, усул ва методҳои дар мағзи наслҳо коридани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ аст. Ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, илм ва эътиқодоти динӣ ҳам, дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳамчун ҷузъиёти фаъоли мусоидаткунандаи ҳамин навъи шуур ба хотири дар амн қарор додан ва рушди ҷомеа хизмат мекунанд. 
Мустақилияти ҷаҳонбинӣ – ҷузъиёти ҳаётан муҳимми истиқлолияти сиёсии миллатҳо дар асоси арзишҳои эътирофгардида ва пешрафтаи умумиҷаҳонӣ мебошад.
Агар рисоларо бо хулосаи  Г. В. Ф. Гегел нисбат ба мавзӯи мавриди баҳс  ҷамъбаст намоем, ӯ мегӯяд: «Ягона чизе, ки ман, умуман, дар тадқиқоти фалсафиям кӯшиш кардам ва кӯшиш мекунам – ин ба тарзи илмӣ дарк кардан, фаҳмидани ҳақиқат мебошад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 1. Наука логики. − М.: Мысль, 1975. − С. 57).

С. ЯТИМОВ, доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа», №1 (19) 2020


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27-29.04.2020    №: 81-83    Мутолиа карданд: 1460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед