logo

сиёсат

ИНТИХОБИ АРЗАНДА

Солҳои охир пойтахти кишвари азизамон ободу зебо ва нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии он ба куллӣ беҳтар гардид. Соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба 15,1 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2016 - ум 5 миллиард сомонӣ ё 49,5 фоиз зиёд мебошад. МММ ба ҳар нафар аҳолӣ бошад, дар ин давра 50 фоиз афзуд.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Душанбе тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд. Дар чор соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардида, соли 2019 ба 2711,3 миллион сомонӣ баробар шуд.
Воқеан, ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба фаъолият пардохтани корхонаҳои нави саноатӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, мусоидат намуд. Корхонаҳои истеҳсоли обҳои нӯшоӣ, мебел, асфалту бетон, маҳсулоти нассоҷӣ, заргарӣ ва коркарди сангҳои ватанӣ аз ин зумраанд. Ҳоло барои бунёди 10 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолин, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд санги асос гузошта шудааст.
Давоми се соли охир дар шаҳри Душанбе 112 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии 1245 ҷойи нави кор таъсис ёфта, 2310 бинову иншоот ба хати гармӣ пайваст карда шуд. Дар натиҷа истифодаи неруи барқ дар фасли зимистон кам гардида, сокинони пойтахт ва ташкилоту муассисаҳо маблағҳои худро сарфа намуданд.
Дар се сол 752 иншооти муҳими хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи 6,8 миллиард сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони 18 муассисаи таълимӣ барои 14614 хонанда дар як баст ба итмом расида, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст ва лоиҳакашии 6 муассиса барои 3232 хонанда идома доранд. 118,3 км роҳ навсозӣ ва таъмир гардиданд.
Бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ низоми нави автоматии «Шаҳри бохирад» ба роҳ монда, 100 автобуси нави тамғаи «AKIA» - и корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия ба мусофиркашӣ пардохт. Дар 30 хатсайр пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи наврасону кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим дар маҳаллаҳои пойтахт 231 майдончаи варзиш бунёд ёфт.
Дастоварди намоёни дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ шудани Душанбе ҳамчун шаҳри гулҳо мебошад. Дар ин давра 71 боғу гулгашти дорои гулу буттаву дарахтони нодир бунёд гардид, 5 боғи фарҳангу фароғатии нав ба номи Восеъ, Алишери Навоӣ, Аҳмади Дониш, «Ҷавонон» ва Куруши Кабир бунёд ва боғҳои С. Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», Абулқосими Фирдавсӣ, Хайём, «Кӯдакон» ва Мироненко навсозӣ шуданд.
Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ 2 меҳмонхонаи муосир бунёд ёфта, сохтмони 8 меҳмонхонаи дигари замонавӣ идома дорад.
Обрӯю эътибори шаҳр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафт. Ҳоло расму оин ва фарҳангу маданияти чандҳазорсолаи гузаштагонамон ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ мешавад.
Тибқи баҳогузории нашрияи британии «The Independent», пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аз рӯи таъмини амнияти шабона ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ҷаҳон ва аз ҷониби Агентии таҳлилии «ТурСтат» ба даҳгонаи шаҳрҳои ҷолибтарини сайёҳии ИДМ ворид гардид.
Дар ҳамаи ин дастовардҳо кордонию заҳмату талоши раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ баръало мушоҳида мешавад. Натиҷаи эътироф ва қадрдонӣ шудани дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр буд, ки чанде пеш аъзои Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалиро ҳамчун шахси кордону ботаҷриба, худогоҳу сиёсатмадор ва шаҳрдори комёб тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Дар ҳақиқат, бо назардошти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешравию ободӣ ва дастовардҳои назарраси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ арзанда мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ӯ дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ донишу таҷрибаи фаровон, талошҳои созандагию ободкории худро ба манфиати тамоми ҷумҳурӣ истифода мебарад.
Фаъолияту кордонии Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватани азизамон аст.

ЗАВҚИЗОДА З. А.,
доктори илмҳои иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2020    №: 82    Мутолиа карданд: 1358
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед