фарҳанг
ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ - РАВИЯҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИЛМ
Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни ҷумҳурӣ
Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимони кишвар, ки 18-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи Борбад баргузор гардид, барои ҷомеаи илмии мамлакат воқеаи муҳими таърихӣ ва хотирмон буда, бо чунин теъдоди бузурги кормандони соҳаи илму маориф ва, дар маҷмӯъ, аҳли зиё суҳбати рӯ ба рӯ ва ошкорои Пешвои миллат маҳз доир ба масоили соҳаи илм бесобиқа мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо аҳли зиё, хусусан бо кормандони соҳаи илм, ҷиҳати ба самти муносиб ва созанда раҳнамо сохтани ҷомеаи илмии мамлакат, фаъолияти самараноки илмию тадқиқотии муассисаҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки зимни суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми он масъалаҳо ва мушкилоте, ки дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, воқеъбинона ва бо таҳлилҳои хеле дақиқу амиқ баррасӣ гардиданд. Дар ин мулоқот аз ҷониби Сарвари давлат чанд масъалаи меҳварии соҳаи илми кишвар мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифт, ки ҳар кадом бо зарурат ва муҳимият дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар муассир ва муфид маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, масоили низоми идора ва дурнамои рушди илм, маблағгузории мақсадноки соҳаи илм, дар сатҳи хуб ба роҳ мондани илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккули донишҳои техникӣ, бурдубохти илми академӣ ва мактаби олӣ, сатҳу сифати кадрҳои илмӣ, инчунин, масъалаи интегратсияи илм ва истеҳсолот баррасию арзёбӣ гардиданд, ки ин барои ҷомеаи илмиву фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ дар самти ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дастури раҳнамо ва як барномаи мушаххасе хоҳад шуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият, амалӣ намудани сиёсати мақсаднок оид ба тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои таъмин намудани талаботи муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад. Роҳбарияти давлату Ҳукумат хуб эҳсос намуданд, ки дар замони муосир рақобатпазирии давлатҳо бештар аз рӯи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки донишҳои навро тавлид ва самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад. Дар ин раванд илму дониш ба соҳаи муҳиме табдил меёбад, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, ин омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, неруи зеҳнии ҷомеа дар ҷаҳони муосир ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушд табдил ёфта, заиф гардидани он дар мадди аввал ба амният ва истиқлолияти кишварҳо таъсир хоҳад расонд.
Бо дарки амиқи ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Дар баъзе самтҳои илм шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ нокифоя буда, аксари муассисаҳо ба ходимони илмии болаёқат ниёз доранд. Масалан, иқтидори кадрии худи Академияи илмҳо имрӯз назар ба солҳои пештар хеле коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 1985 дар сохторҳои Академияи илмҳои ҶТ миқдори номзадҳои илм 656 нафарро ташкил медод. Вале имрӯз бошад, теъдоди номзадҳои илм дар ин муассиса ҳамагӣ 360 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 1985 қариб 300 нафар камтар аст, ки ин, албатта, моро қаноатбахш карда наметавонад”.
Вобаста ба ин, Академияи илмҳо вазифадор карда шуд, ки: “...бо ҷалби иқтидори илмии донишгоҳҳои мамлакат ва дигар муассисаҳои таҳқиқотӣ барномаи дарозмуддату фарогири тарбияи кадрҳоро бо дарназардошти ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ таҳия намояд ва дар самти тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Рушди давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар хоҷагии халқ, тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад.
Вобаста ба ин, дар суханронии Пешвои миллат масъалаи таълими фанҳои табиатшиносию дақиқ мақоми хосса дошт. Зикр гардид, ки «мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем”.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд: “Аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад».
Тавре ки мебинем ба масъалаи ҳавасмандсозии омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст. Вале дар ин самт мушкилиҳо низ ҷой доранд. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот бо қарори Ҳукумат ҳанӯз соли 2006 «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ» таъсис ёфта буд, вале бо сабабҳои номаълум муассисаи мазкур то имрӯз фаъолияти назаррас надорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, тақрибан тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва соҳаи тандурустии кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд. Бинобар ин, марказ вазифадор шуд, ки тибқи талаботи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҷиҳати харидорӣ кардани таҷҳизот, ашё ва бахусус, маҳлулҳои кимиёиву биологӣ, чораҷӯӣ намояд.
Бояд гуфт, ки дар қатори дигар масоили муҳиме, ки зимни суханронии Президенти кишвар зикр гардиданд, андешаҳои Сарвари давлат доир ба муайян гардидани равияҳои афзалиятноки илм дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ мебошад.
Воқеан, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат чун равияҳои афзалиятноки илм беҳтарин ва муҳимтарин василаи муттаҳид намудани неруи зеҳнии мамлакат, хотима бахшидан ба бисёрмавзӯъгӣ, таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ мебошад.
Ин се самти муайяншудаи афзалиятноки илм имкон медиҳад, ки он минбаъд дар ҳалли мушкилоти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муассир гузошта, ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёбад. Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳадафҳои миллӣ имкон дорад чунин самтҳои афзалиятноки илм муайян карда шаванд:
1. Илм оид ба энергетика ва таъмини истифодаи оқилонаи имкониятҳои табиии ҷумҳурӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (дарёҳо, офтоб, шамол ва ғ.)
2. Рушди илми соҳаи кишоварзӣ (агросаноатӣ) чун омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ. Тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид барои таъмини амнияти озуқаворӣ бояд то 30 фоизи тухмии зироатҳои истеъмолшавандаи асосӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шаванд. Барои ин бояд ба рушд ва дастгирии илми соҳаи мазкур, хусусан оид ба селексияи навъҳои зироат ва зоти чорво афзалият дода шавад.
3. Илмҳои техникӣ ва муҳандисӣ. Муқаррар гардидани саноатикунонии босуръат чун ҳадафи миллӣ зарурати таъмини рушди илмҳои техникӣ ва муҳандисиро тақозо менамояд.
Илм дар ҷомеа чун мошини «Ёрии таъҷилӣ» дар кадом самти ҳаёти кишвар мушкиле пайдо шавад, бояд он ҷо ҳозир гардад ва дар ҳаллаш мадад намояд.
Ҳамин тариқ, мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат бо фарогирии васеи масоили илм, нақши олимону донишмандон дар рушди ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ташаббусу иқдомҳои беназир дар самти дастгирии илм ва кормандони соҳаи мазкур дар хотири ҷомеаи илмӣ нақш баст.
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ, доктори илмҳои фалсафа,
сардори раёсати таҳлили масъалаҳои
иҷтимоии МТС назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.04.2020 №: 83 Мутолиа карданд: 693