logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. СОҲАЕ, КИ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ АВЛАВИЯТ ДОРАД

Соли равон, тибқи дурнамо, дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 23 ҳазор гектар замин кишти зироат гузаронда мешавад.

- Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳия зикр гардид, - иброз дошт Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат соли равон заҳматкашони ноҳия  тасмим гирифтанд, ки дар 7371 гектар ғалла, 8400 гектар пахта, 2544 гектар сабзавот, беш аз 900 гектар картошка, 500 гектар полизӣ ва 3959 гектар хӯроки чорво кишт намоянд. Инчунин, барои гирифтани ду - се ҳосил ва ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ гузарондани кишти такрории зироати кишоварзӣ дар 3 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ доданд, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 163167,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида низ тадбирҳо андешида мешаванд. Соҳибкорон  дар 150 гектар замини бекорхобида боғ бунёд карданд.
Зикр гашт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ба иҷрои босифати корҳои саҳроӣ вобастагии калон дошта, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонону сокинон бояд аз заминҳои кишоварзиву наздиҳавлигӣ пурсамар истифода намоянд. Ба масъулон ҷиҳати иҷрои нақшаи пешбинишудаи кишти зироат, ҳарчи зудтар ба анҷом расондани кишти пахта ва картошка, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини фаъолияти муназзами гармхонаву сардхонаҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои холимонда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастур дода шуд.
  
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 1089
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед