logo

фарҳанг

СИФАТОРО. БОНУЕ, КИ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ ДОШТ

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои идомаи таҳсил аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омадани Сифаторо Ниёзмамадова қаҳрамонӣ буд.  Бештари касон ба умеди ёфтани қути лоямут буданд, пайи сохтани сарпаноҳ ва мотамдории шаҳидон мегаштанд, аммо Сифаторо бо вуҷуди тамоми мушкилот, вазъи ноҷӯри оилавӣ, роҳи ноҳамвору ағбаҳои бузурги раҳи Бадахшон - Душанбе - мактаби олиро интихоб кард.
Нахуст дар идораи фарҳанги ВМКБ коргузор буд. Соли 1958 ба яке аз нахустдонишгоҳҳои кишвар – имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шомил шуда, онро бомуваффаққият хатм кард...
- Аслан, нияту орзуи ман соҳибмаълумот шудан буд, аммо намедонистам, ки таҳсили олӣ роҳи минбаъдаи ҳаётамро ба куллӣ тағйир медиҳад. Ба корҳои идорӣ пешбарӣ мешавам ва шебу фарозҳои зиёдеро мебинам. Дар Душанбе мондану роҳбар шудан, ҷаҳонро гаштан, ба гӯшаи хаёлам намеомад. Аммо сарнавишт гардишҳои ногаҳонӣ дорад. Баъдтар дарк кардам, ки ба қавли устод Рӯдакӣ касе дониш дорад, бояд чароғи равшан бошад, равшан, ки шудӣ, торикиҳо бисёранд, - изҳор медорад Сифаторо Ниёзмамадова.
- Мо имрӯз духтарони озодаву босавод ва коргарро дар ҳама гӯшаҳои кишвар дида, шод мешавем. Дар бораи онҳо барномаҳо таҳия мекунем. Аммо камтар огоҳем ва ё гоҳо фаромӯш кардаем, ки чунин шароит ба осонӣ даст надодааст. Барои ин  рӯзҳои пурсаодат басо занони ҷасуру матинирода мубориза бурдаанд. Аз ҷумла, дар рафти фаъолият ҳолатҳое буданд, ки моро аз маҳалҳои дурдасти кӯҳистон меронданд. Духтарони моро кофир накунед мегуфтанд. Бо сарулибоси муосир барои аҳолӣ ба қавле ангуштнамо будем. Аммо, мо худро «шумрӯ» карда, ба таҳи дари онҳо боз мерафтем. То он ки мефаҳмиданду ба ифоқа мерасидем, хеле маломату таънаҳоро таҳаммул мекардем. Шумо агар чанд рӯз ё чанд моҳ бо халқ кор карда бошед, баъд ранҷҳои моро мефаҳмед, - мегӯяд қаҳрамони мо.
То хатми донишгоҳ, аллакай номи ӯро дар Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон медонистанд. Дар симои ӯ мутахассис ва роҳбари ояндаро медиданд. Зеро ӯ борҳо дар анҷуманҳои ҳизбӣ суханронӣ карда, пуштибонии ҷавонони кишварро аз сиёсати давр изҳор менамуд. Барои поймол нашудани ҳуқуқу озодиҳои занон мубориза мебурд.
Соли 1965 Сифатороро ҳамчун нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизб ба собиқ ноҳияи Ҳисор фиристоданд. Солҳо вакили халқии ин ноҳия буд. То соли 1993 дар вазифаҳои гуногун содиқона хидмат карда, ба тараққиёти хоҷагии деҳот, ба истеҳсолот ворид намудани технологияҳои нав, рушди истеҳсолоти агросаноатӣ мусоидат намуд.
Мардум имрӯз ҳам аз ӯ ҳамчун бонуи қавииродаву кордон ба некӣ ёд мекунанд ва ба эҳтиромаш чандин касон ба фарзандони худ номи ӯро додаанд. Шогирдону пайравон роҳи Сифатороро идома дода истодаанд. Ду духтари соҳибкасбу нозанинаш имрӯзҳо дастгиру ёвари ӯ ҳастанд. Дар охири суҳбат бо назокат ва лутф ишораи омӯзандае кард: «Писарам, имрӯз ситораҳои экрани телевизиону газетаҳо бешумор шудааст,  аммо гоҳ - гоҳ мо – офтобҳои ба ғуруб наздикшударо ҳам, ёд кунед. Савоб мешавад…».

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед