иқтисод
МАВОДИ ПЛАСТИКӢ. ЧАРО ҲАНӮЗ ҲАМ АЗ МАВЗӮЪҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД?
Чанд вақт боз дар кӯчаҳои шаҳр овезаҳо бо мазмуни худдорӣ кардан аз истифодаи маводи пластикӣ ба назар мерасанд. Ин овезаҳо натиҷаи ҳамкориҳои судманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мебошанд. Баробари ин, дар амал иҷро кардани корҳои ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои пластикӣ вазифаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав мебошад. Дар ин ҷо хоҳем гуфт, ки онҳо то куҷо дар ин самт масъулият эҳсос мекунанд.
Кам кардани истифодаи маводи пластикӣ дар вақти ҳозира, ки шумораи мағозаҳои бузург ё супермаркетҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, дар онҳо ба муштариён барои гирифтани маҳсулот аз халтаҳои полиэтиленӣ ва зарфҳои пластикӣ истифода менамоянд, аз масъалаҳои мубрами рӯз аст.
Як роҳи ба танзим даровардани истифодаи ин гуна мавод ҷамъоварӣ ва коркард мебошад, ки бештар аҳолии деҳотро ба ташвиш овардааст. Сокинони ноҳияи Ҷайҳун шиква аз он доранд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷамъоварии маводи пластикӣ як тараф истад, партовҳо сари вақт тоза карда намешаванд. Тавре Исмоил Гулзода, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия, гуфт, ҷамъ кардани партовҳо аз маҳалҳо ба корхонаи хоҷагии коммуналӣ вобаста аст, аммо корхона барои муомилоти партов тамоман шароити техникӣ надорад. Партови 5 - 6 сол инҷониб нигоҳдошташуда баъзан аз ҷониби аҳолӣ ҳамчун нурӣ барои парвариши маҳсулот истифода мешавад, ки бе коркард ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба одамон ва муҳити зист зарар дорад. Маводи пластикии аз маҳаллаҳо ҷамъшуда низ ба партовгоҳҳо партофта мешаванд.
Сари вақт кашонда бурдани партовҳо, ки дар онҳо маводи пластикӣ зиёданд, имрӯз на танҳо мушкили як ноҳияи Ҷайҳун аст, балки дигар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот низ бо он рӯ ба рӯанд.
Паҳлуи дигари масъала, ин байни аҳолӣ ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад, ки мутахассисони соҳа ба он бештар такя мекунанд. Дар робита ба ин Мақсадулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иброз дошт, ки пайваста гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тарғиби кам истифода бурдани зарф ва халтаҳои пластикӣ хеле муҳим аст. Мақсад аз гузоштани овезаҳо дар хиёбону кӯчаҳо низ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Зеро агар одамон зарари пластика ба саломатӣ ва муҳити зистро нафаҳманд ва тартиби ҷамъоварии партовҳои пластикиро риоя накунанд, ҳалли масъала номумкин мегардад. Моро зарур аст, ки бо супермаркетҳо корро ба роҳ монем ва тавсия диҳем, ки аз истифодаи чунин мавод худдорӣ кунанд. Агар истифодаи зарфҳои пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ дар мағозаю дуконҳои фурӯш аз байн бурда шавад, ба ҷойи онҳо дар шароити имрӯза чӣ гуна маводро кор фармудан мумкин аст? Маълум гардид, ки ба ҷойи маводи пластикӣ халтаҳои латтагӣ ва ё коғазиро истифода кардан беҳтар аст. Дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки мардум ба пахтакорӣ машғуланд, аз навъи пасттарини матоъҳои пахтагин метавон халтаи арзонтар истеҳсол кард ва онро ба фурӯш гузошт. Халтаҳои латтагиро чандин маротиба истифода бурдан мумкин аст. Дар сурати аз истифода баромадану партофта шудани халтаҳо ба муҳит онҳо дар байни як ё ду моҳ дар хок пӯсида, ягон таъсири манфӣ намерасонанд. Корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки оид ба ҳалли ин масъалаи барои аҳолӣ ва корхона манфиатовар чораҳои зарурӣ андешанд. Мутаассифона, он сехҳое, ки дар ҷумҳурӣ барои коркарди партовҳои пластикӣ мавҷуданд, талаботи имрӯзаро қонеъ карда наметавонанд. Танҳо маводи пахтагии истеҳсоли ватанӣ суд меорад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2020 №: 84 Мутолиа карданд: 810