logo

фарҳанг

ВАҚТЕ ҒАРИБ ЁДИ ВАТАН МЕКУНАД...

Барои онҳое, ки дур аз Ватан набуданд, шояд дарки мафҳуми Тоҷикистон - хонаи умед, мақдур, яъне мувофиқи қудрат ва тавоноӣ набошад. Банда 13 сол дур аз Меҳани азиз будам ва тамоми он сахтиҳоеро, ки як нафар мусофир мекашад, кашидаам ва бовар кунед, чизе, ки маро зинда нигаҳ медошт, ин  ёди Ватан буд.

Ман дар деҳае ба дунё омадаам, ки дар подомони кӯҳҳо ҷойгир аст ва ҳар замон болои кӯҳҳо барои чидани  гули  лола  мерафтам.  Ҳамон солҳо филми «Рустаму Суҳроб» ба намоиш баромада буд ва дар он саҳнаи кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хосса, мавзеи «Чилдухтарон» - и ноҳияи Муъминобод акс ёфта буд ва ана ҳамон бӯи деҳа ва хоки поки Тоҷикистон дар тӯли солҳои ғарибӣ аз димоғу пеши назар дур намешуд. Ва худро ба ҳеҷ ваҷҳ шаҳрванди дигар давлат тасаввур намекардам. Хелеҳоро медидам, ки мекӯшиданд, шаҳрвандии давлатҳои дигарро бигиранд, вале ин чиз, ҳатто дар гӯшаи хаёлам ҳам ҷой намегирифт. Худро фақат дар Тоҷикистон тасаввур мекардам ва мегуфтам, ки берун аз он ҳеҷам. Ин суханон аз аъмоқи қалби банда берун меҷаҳад, дӯстдории банда хушку холӣ не, балки реша дар мутолиаи китобҳои тоҷикӣ ва бавежа афсонаҳои халқи тоҷик, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ашъор ва осори Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Мирзо Турсунзода дорад. Чӣ қадар зебост ин Ватан, ки бӯи биҳишт мекунад ва ба қавли хоҷаи бузургвор Ҳофизи Шерозӣ:
Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт,
Ману шароби фараҳбахшу ёри ҳурсиришт,
Гадо чаро назанад лофи салтанат имрӯз,
Ки хайма сояи абр асту базмгаҳ лаби кишт.

Бешак, ин ҷо биҳишт аст ва мо зеботарин инсонҳо, озодагони ин замину осмонем. Ин макони  кӯҳҳои сарбафалак, осмони нилӣ, обҳои мусаффо, Ватани мо - тоҷикон  ва Ватани нобиғаҳои бузурги рӯйи олам мебошад. Аз Рӯдакии бузургвор то Айнию Турсунзода ва Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон. Шахсе, ки Ватанро дӯст медорад, ӯ онро бо тамоми бешу камаш дӯст медорад ва ба он бо чашмони ошиқ менигарад ва дар дуриҳои дур онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Имрӯзҳо хелеҳоро мебинам, ки дар Тоҷикистон зиста, нисбат ба он ҳарфҳои пасту баланд мегӯянд, ёди Амрикову Аврупо мекунанд ва фаромӯш менамоянд, ки он марзу бумҳоро низ одамон обод кардаанд ва мехоҳанд безаҳмат соҳиби зиндагии серу пур бошанд. Ин тавр намешавад. Барои ободии Ватан талош бояд кард ва ҳар зарра хоки онро муқаддас бояд донист ва барои шаъну эътибораш шаъну эътибори худро баланд бардоштан лозим аст. Он вақт мо ҳам ба ҳамон пешрафтҳои иқтисодӣ мерасем. Худои мутаол ҳамаи чизро барои мо додааст, фақат бояд кӯшишу талош кунем. Он кӣ дар ёди Ватан  ҳаст, ҳамеша ватандор мебошад, сарфи назар аз он ки дар ҳар куҷое аз кураи Замин қарор дошта бошад. Дар ин росто, шоири шаҳири тоҷик  Мастон Шералӣ фармудааст:
Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст. 
                                                       
Шарифхон ШАРИФЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед