logo

туризм

РАШТ. ИМКОНИЯТҲО БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ЗИЁДАНД

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол рушд ёфта, сафи сайёҳони хориҷӣ  меафзояд.
Бо истифодаи шароит ва имкониятҳои мавҷуда баҳри  инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ҷафр, Ҳоит, Ясман, Қалъанак ва даҳҳо дигар манзараҳои дилфиреб ва обу  шаршараҳо  мавҷуданд, ки табъи ҳар бинандаро болида мегардонанд. 
Тавре  муовини раиси ноҳияи Рашт Зарина Идиева  ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, бо мақсади муаррифӣ ва таблиғи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ду хатсайри нави сайёҳӣ вобаста ба самти агро-экосайёҳӣ таҳия гардида, ба ширкати сайёҳии “Рӯшноӣ” пешниҳод шуд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст, аз ҷумла хатсайрҳои Душанбе – Рашт - дараҳои Ҷафр – Камароб,  Душанбе – Рашт – дараҳои Ҷафр – Ҳоит,  Рашт – дараҳои Камароб – Тагоба, Рашт – дараи Ҷафр, Рашт – дараи Ҳоит ва Рашт – ҳавзи Шамар.
Хатсайрҳои таҳиягардида, хатсайрҳои экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро-экосайёҳӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, аз моҳи апрел то моҳи октябр фаъол мебошанд. 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ноҳияи Рашт сохтмони 4 меҳмонхона бо фарогирии 89 ҳуҷра ва 200 кати хоб ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.
Дар доираи барномаи мазкур дар шафати роҳи байналмилалӣ, воқеъ дар кӯчаи Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Ғарм, сохтмони меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо ва дар деҳаи Ҷафри  Ҷамоати деҳоти Ҷафр сохтмони осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки оид ба насб намудани муҷассамаву нимпайкараҳо, амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири кишвар, бо тарзи назаррабо аз сангҳои табиии ба боду ҳаво тобовар дар хиёбону кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёди 22 амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири Тоҷикистон, 5 намунаи ҳунарҳои мардумӣ, 1 фаввора ва 11 кати истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, то охири моҳи апрел дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ва мавзеъҳои муайянгардида насб карда мешаванд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона (осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам»), 2 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 боғи ботаникию фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 5 ҳомстей, 1 гестҳаус (меҳмонхонаи хурд), 3 тарабхона, 17 ошхона, 8 нуқтаи хӯроки тезтайёр, 1 маркази ҳунармандӣ ва маркази фурӯши армуғонҳои миллӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия фаъолият доранд.   

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 3640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед