logo

фарҳанг

АЗ ПИНДОР ТО ҲАҚИҚАТ

Ӯ рафт. Ба пиндори мо зуд рафт. Агарчи ҳам ҳамаи инсонҳо ба вақти худ мераванд ва дигар ҳеҷ бар намегарданд. Бо вуҷуди ин, гуфтем ва аз зеҳн гузарондем, ки вақти рафтанаш набуд. Оре, зуд рафт, аз ин рӯ, боз ҳамон тавр, яъне зуд бармегардад.
Ҳамеша пеши назарамон меояд. Ҳамчунон табассуму ханда ба лаб дорад. Балки вуҷудаш ҳам – саропо механдад. Ба сураташ, ки дар китобҳост, менигарем, рӯбарӯи мо механдад ва гумони моро тақвият мебахшаду рӯи онро ҷониби ҳақиқат мегардонад.
Ҳолиё ҳам садои пои ӯ ба гӯшамон мерасад. Аз ҳама садоҳои пойи дигарон тафовут дорад. Ба яқин, ӯ аст, ки омада ва садои хушхолӣ ҳама ҷоро, ҳама касро фаро гирифта.
Бархе агар андак андуҳгинанд, аз он аст, ки аз аввали суханаш, суҳбаташ, қиссаву ҳикояташ набуданд. Андак худро сарзаниш мекунанд, ки чаро дар омадан таъхир намудаанд.

Раҳмон Сафар – ин марди саропо меҳр, муҳаббат, самимият, садоқат, далер, шуҷоъ, фидоӣ аз натиҷаи ҷустуҷӯҳояш, бозёфтҳояш лабро ба сухан во менамояду ҳикоят мекунад. Бо ӯ, яъне ҳамроҳаш, мо вориди бойгониҳо мешавем, ҳарчанд дар ин маконҳо на ҳар касро иҷозаи ворид шудан медиҳанд. Оҳ, ин гардҳои ҳуҷҷату санадҳо ҳастанд, ки нафасгириро душвор мегардонанд. Агар мехоҳему агар не, ин гардҳо зуд вориди вуҷудамон мешаванд. Ана, он ҳуҷҷатеро, ки мекофт, ёфт. Мехонад ва аз шодӣ дар худ намегунҷад. Он аз диловарии тоҷикписаре, ки пеш аз ин гумном буд, маълумот медиҳад. Хабар медиҳад, ки дар куҷо мардона барои ҳимояи Ватан, барои мағлубияти фашизми гитлерӣ ҷангидаву ҳалок гардидааст.
Шодияш ҳам аз он аст, ки ба пайвандонаш аз шуҷоату диловарияш мегӯяду барои таърих аз корнамоиҳояш менависад. Охир, онҳо ба беҳуда назистанду наҷангиданд. Барои ҳаёти осоиштаи мо ва ояндагонамон ҳалок гардиданд, дар айёми ҷавонӣ, даврони шукуфоии умр ва он ҳам дур аз зодгоҳ, наздикону пайвандон.
Ӯ қисме аз ин ҳуҷҷату санадҳоро ба мо вогузор карданӣ мешавад, то бо истифода аз он дар бораи қаҳрамониҳои тоҷикписарону тоҷикистониён мисли худаш бинависем. Не, бори масъулиятро аз дӯши худ гирифтан намехоҳад. Мо мефаҳмем, ки аз ин гуна ҳуҷҷату санадҳо бисёр дорад, бисёри бисёр. Ин қадар ҳаст, ки фурсати навиштани ҳар кадоми онро камтар дорад. Дар дафтараш номи даҳҳо диловарони ин сарзамин сабт гардида, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳалокат расидаанд.
Магар аз пеши назарамон меравад ва ҳам фаромӯш карда метавонем? Ӯ бемори бистарӣ аст. Табибон ташхис карданд ва гуфтандаш, ки номи беморияш саратон аст. Мо шояд дар бораи ин беморӣ ва оқибати маргёраш бештар аз ӯ меандешем. Чӣ мешавад? Кор ба чӣ анҷом меёбад? Наход, ки моро зуд, балки зуди зуд тарк бигӯяд? «Ҳазору як корнома» - асари ӯ, ки қисмати аввалаш соли 1995  ба табъ расидааст, нотамом мемонад? Кӣ пас аз ӯ бойгонии ӯро меомӯзад? Кӣ ба ҷустуҷӯи далерони гумноми ин сарзамин ба кишварҳои дурдаст меравад? Не, ҳеҷ кас кору ҷавонмардии ӯро идома додаву такрор карда наметавонад. Охир, кадоме аз мо метавонад, тамоми ҷиҳози хонаашро бифурӯшаду маблағи онро дар пайи ҷустуҷӯи аскару афсарони маъруфу гумном ва диловариҳои онҳо сарф бинамояд? Дар ин кор ранҷу заҳматҳои бисёр низ бояд кашид ва ҳам ба назди ҳамсафон, ҳамяроқони онҳо, агар чанд нафареашон низ, ки зинда бошанд, рафту маълумоти саҳеҳу дақиқ ба даст овард. Бешак, иҷрои ин кори душвору мураккаб хос барои Раҳмон Сафар аст.
Тасаллои мо дар он даврони беморӣ намедонем то чӣ андоза, то куҷо муфид буд ва ё набуд. Аммо ба бахти мо, фарзандони шуҷои Ватан дар он ҷанг, ки ҳамтояшро таърих ёд надошт, табобаташ дар Россия идома ёфт. Таҳқиқ карданду ташхис намуданд, ки ӯ ба бемории саратон гирифтор нашудааст. Ин ҳама бар асари гардҳои ҳуҷҷату санадҳои бойгониҳоянд, ки ба вуҷудаш роҳ ёфтаанду таъсири бадашонро гузоштаанд.
Ӯро шифо бахшиданд ва боз ба Ватан баргашт. Корашро идома дод. Ва ҳам замин гирифт, ки барои ҳуҷҷату санадҳои ҷамъовардааш бойгонӣ бисозад. Дар сохтмону бунёд худ ширкат варзид ва боз худро бемор намуд. Чун шифояш бахшиданд, ин бор ҳам замин гирифту боғ бунёд намуд, на барои худ, балки барои аскарону афсарон.
Не, наметавонем, фаромӯш бикунем, ки меҳмони хонааш будем ва бароямон дастархон орост. Ҳамсари меҳрубони русаш он рӯз ош, оши палови тоҷикӣ пухт. Шод буд ва ифтихор мекард, ки дар хонадонаш ҳама анъанаву русуми миллӣ побарҷост. Ва ҳамсари азизаш ҳама навъи хӯрокҳои тоҷикиро пухта метавонад.
Аз ибтидои солҳои 70 – уми асри гузашта навиштаҳояш дар бораи зиндагӣ ва муҳорибаҳову диловариҳои тоҷикписарон ба табъ мерасад. Соли 1973 повести мустанадаш бо номи «Сафар Амиршоев» нашр гардид. Соли 1978 повести мустанадаш бо номи «Писари диёри ман» ва соли 1982 повести дигараш бо номи «Қаҳрамони Вахш ва Днепр», ки дар бораи қаҳрамониҳои Домулло Азизов ва Саидқул Турдиев мебошанд, чоп шудаанд. Се ҷилди «Ҳазору як корнома» - аш низ чоп ва дастраси ҳаводорон гардидааст.
Пас аз он, ки рафт ва дар ин чанд сол набуд, ҳеҷ кас корнамоии ӯро идома надод, балки идома дода наметавонист. Гумону пиндори мо аз он аст, ки бо дарёфти ин ҳақиқат ва дилсӯзӣ ба ҳамаи мо, хосса тоҷикписарони далеру гумном, боз бармегардад. Бармегардаду бо мушкилӣ ҳам бошад, кори неки оғознамудаашро ба анҷом мерасонад.
Охир, мехост, ба дилу ҷон мехост, ки ҳеҷ ҳамватани диловараш дар он ҷанги хонумонсӯз, ба гумномӣ ёд нашавад ва рӯҳи ин шаҳидон ҳамеша шод бошад.
 

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2020    №: 85    Мутолиа карданд: 710
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед