иқтисод
ЛАХШ. ШАБАКАҲОИ ОБЁРӢ БА НАВСОЗӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАНД!
Дар ноҳияи Лахш бо дастгирии Ҳукумати кишвар масъалаҳои мубрами дастрасӣ ба тухмии хушсифати маҳаллӣ ва техникаҳои кишоварзӣ қариб ба куллӣ ҳал гардидаанд. Имсол кишоварзони ноҳия бо истифода аз шароитҳои фароҳамшуда кишти картошкаро ба 5 ҳазор гектар расонданианд. Ҳоло ба хотири парвариши пурсамари картошка навсозии шабакаҳои фарсудаи обёрӣ масъалаи ҳалталабест, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба он аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Картошка зироати обталаб аст ва қариб як баробар зиёд шудани майдони кишти он талабот ба оби полизиро ба ҳамон андоза зиёдтар месозад.
Шабакаҳои обёрии ноҳия - манбаи асосии таъминоти оби киштзорҳо хеле куҳнаю фарсуда гардида, иқтидори пештараашонро гум кардаанд. Онҳо тақрибан 50 сол қабл барои обёрии ҳамагӣ 2500 – 3000 гектар майдони кишт сохта шуда, ҳоло ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. Масъулони ноҳия кӯшиш мекунанд, ки ин ҳолат боиси камобӣ ва коҳиш ёфтани ҳосили картошказор нагардад. Зеро картошкапарварони ин гӯшаи дурдасти мамлакат дар мавсими тобистон - вақте ба мушкилоти камчинии об дучор меоянд, ки айни нашъунамои зироат аст. Ин муаммо дар ҳоле онҳоро домангир аст, ки талабот ба картошка ҳамчун нони дуюм меафзояд.
Тавре кишоварзон ва масъулони соҳа иброз доштанд, ба ҷуз ҳашарҳои ташкилкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмири ҷиддии шабакаҳои обёрӣ ва аз ифлосиҳо тоза намудани онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо иқдоми ҷиддӣ сурат нагирифтааст.
Ба гуфтаи Ато Ҷӯрабеков, муовини якуми раиси ноҳия, ҳамасола шабакаҳои обёрии ноҳия ба воситаи ҳашарҳо каме тоза карда мешаванд.
- Ҷиҳати таъмир ё навсозии онҳо маблағ ҷудо нашудааст. Барои тозасозии каналҳо аз лою шағал ва мустаҳкамсозии нуқтаҳои обпартою сарбанди онҳо масъулони соҳа на масолеҳи сохтмон доранду на маводи сӯхт. Бо вуҷуди ин, аҳли заҳмати ноҳия талош дорад, ки тариқи корҳои дастаҷамъона шабакаҳои обёриро тоза ва мушкилоти мавҷударо ба андозае рафъ созанд, - гуфт Ато Ҷӯрабеков.
Аммо Шаҳло Содатсайрова, мудири бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин хусус иттилои дигар дод.
- Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази агентӣ дар ноҳия ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва корҳои сохтмонию васлкунӣ дар наҳри Ғулама иҷро шуданд. Дар натиҷа, 110 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати бартарафсозии оқибати ҳолати фавқулода ба масофаи 815 метр дар сарбанди шабакаҳои обёрии “Пиёзӣ” - ю “Ҷонқирғиз” аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 1900 литр сӯзишвории дизелӣ сарф шуд. Инчунин, дар доираи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар ноҳия гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 4653 метр, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 338 ва маводи ҷудонамудаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ 4315 метр корҳо ба иҷро расонда шуданд. Аммо бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ ва дар ҳолати мушкили иқтисодӣ қарор доштани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ баъзе корҳои банақшагирифташуда сари вақт иҷро намегарданд, - гуфт номбурда.
Ҳарчанд ин ҷо дар бораи ҷудо гардидани 186 ҳазор сомонӣ ва маводи зиёди сохтмону сӯзишворӣ сухан меравад, вазъи шабакаҳои обёрии пур аз лойю сангу шағали “Ғулама”, “Пиёзӣ” -ю “Ҷонқирғиз”, воқеиятро дигар хел бозгӯ менамояд. Ҳамчунин, агар маблағҳо ва маводи ҷудогардида, дар ҳақиқат, мақсаднок сарф гардида бошанд, шояд барои ҳафтаҳо ба ҳашару кумакрасонӣ ҷалб намудани кишоварзони ноҳия зарурат намемонд. Бо ин маблағ ва маводи ҷудогардида ҳадди ақал дар калонтарин шабакаи обёрии ноҳия - “Ғулама” дарвозаҳои обгузаронӣ ва нуқтаҳои эҳтиётии обпарто иваз карда мешуданд.
Моҳи июли соли гузашта рӯди Ғулама селоб гардид ва ба иллати надоштани обпартои эҳтиётӣ аз сарбанд то чандсад метр дохили шабакаи обёрии «Ғулама» аз лою шағал пур шуд. 15 рӯзи тафсони тобистон картошказори минтақаи Лахш беоб монд ва наздик буд, ки киштаҳо саросар сӯхтаю "кабоб" гарданд. Кишоварзони ин минтақа бо роҳбарии Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, шабу рӯз заҳмат кашида, обро ба заминҳои ташналаб расонданд ва зироатҳоро аз талафот наҷот доданд. Вале дар ин рӯзҳо, ки аксари корҳо дастӣ сурат гирифтаанд, камбуди техникаю таҷҳизот, маводи сохтмон ва сӯзишворӣ бараъло дида мешуд.
Ба ғайр аз таъмири шабакаҳои обёрӣ дар ин диёр барои васеътар намудани майдони кишти картошка ва афзун гардондани истеҳсоли он даҳсолаҳост, ки ба сохтани каналҳои нави обёрӣ зарурат пайдо гардидааст. Дар минтақаи Лахши ноҳия заминҳои бекорхобидаи ҳосилхез дар канори рӯди бузурги Ваҷангдарё (Муксу) ба ҳазорҳо гектар мерасад. Вале кунун бо сабаби куҳнашавии шабака ҳаҷми оби каналҳои мавҷуда коҳиш меёбад. Ҳалли масъала аз масъулони вазорату идораҳои марбута, хусусан Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2020 №: 86 Мутолиа карданд: 1080