фарҳанг
ФАТТО ШАРОФОВ. ЗИНДАГИЕ, КИ ИБРАТОМӮЗ АСТ
Фатто Шарофов яке аз лоиҳакашони корозмудаи кишвар буда, имрӯзҳо давлати пирӣ меронад. Пирамард 80 сол дорад. Вале ҳоло ҳам қуввату ғайрату ҷавонӣ бо ӯст. Роҳи тайкардаи мавсуф дар ҷодаи лоиҳакашӣ ва бунёдкориҳо дар кишвар воқеан барои мо – ҷавонон дарсест омӯхтанӣ.
Фатто Шарофов соли 1960 ҳамчун челонгари ташкилоти «Спетстрой» - и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатии худро оғоз кард. Пас аз хатми Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар соли 1964 муҳандис - бинокори Институти лоиҳакашии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикгипроселхозстрой») гардида, то соли 2000 сармуҳандиси ин идора будаст.
Бо қаноатмандӣ аз ҳаёту фаъолияти худ мегӯяд: «Дар лоиҳакашиву тарҳрезии системаи обёрии совхозҳои ноҳияи Данғара, лоиҳакашии калонтарин корхонаю фабрикаҳои мурғпарварии шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Ваҳдат, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав, Душанбе, обтаъминкунии колхозу совхозҳои шаҳру навоҳии Турсунзода, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ваҳдат, Ҳисор, Бохтар ва вилояти Суғд иштирок доштам. Вақте тарҳи системаи обёрии совхозҳои ноҳияи Данғараро мекашидем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро роҳбарӣ карда, ба мо бисёр ёрӣ расондаанд. Мо ифтихор дорем, ки бо Пешвои миллат он солҳо кор кардем. Аз ҳамон замон иродаи қавӣ ва истеъдоди роҳбарии ин ҷавонмард маълум буд».
Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Институти лоиҳакашии ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмонд ва бештари мутахассисон аз Тоҷикистон кӯч бастанд. Қаҳрамони мо соли 2000 ба шуъбаи «Лоиҳа»-и сохтмонии ҶСК «Агроинвестбонк» ба кор гузашта, дар тарҳрезии сохтмони биноҳои нави ҳозиразамони филиалҳои бонки номбурда дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок кард.
Бо иштирок ва роҳбарии ӯ лоиҳаҳои иншоотҳои таъйиноташон гуногун, аз ҷумла идора ва бошишгоҳҳои саҳроии колхозу совхозҳо, фермаҳои калони чорводорӣ, иншоотҳо барои бартараф кардани офатҳои табиӣ дар деҳот, объектҳои коммуникатсионӣ ва тиҷоратию маишӣ, лоиҳаҳои муҳими объектҳои шаҳрсозӣ таҳия ва бунёд ёфтаанд. Дар замони шӯравӣ ду маротиба дар Москва аз такмили ихтисос гузашта, дар соҳаи худ яке аз мутахассисони беҳтарин дониста шуд.
Пас аз ба нафақа баромадан низ бобои Фатторо ором нагузоштанд. Мутахассиси хуб, бар замми ин, лоиҳакаши ботаҷрибаро корфармоён бо пурбин мекобанд. Бо даъвати роҳбарияти ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Олмон «Kocks Consult GMBH» ва «БЕТС Консалтинг Сервисез ЛТД» 10 сол ба ҳайси муҳандис - мушовир лоиҳакашӣ кард. Якҷо бо мутахассисони олмонӣ лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе» - ро ба иҷро расонд.
- Мо шоҳид будем, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе солҳои 90 - ум нооромӣ ҳукмфармо буд, дар девору тирезаҳои ҳама биноҳо нақши тиру туфанг дида мешуд, ба кӯча баромадан хатар дошт. Хушбахтона, имрӯз биноҳои зебову бошукӯҳ ва кӯчаҳои пургули пойтахтро дида шод мешавам. Ин оромиву осоиштагиро ба халқи ранҷкашида Пешвои миллат баргардонданд, - изҳор дошт Фатто Шарофов.
Мавсуф ба ҷуз аз собиқаи 50 - солаи фаъолияташ дар Институти лоиҳакашӣ, ҳамчунин, садҳо шогирдони худро ба ҳайси мутахассисони муваффақ тарбия кард, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат ва берун аз он машғули кор ҳастанд.
Ифтихорномаву медалҳои ин пирамарди кордида бешумор аст. Барои мо - насли ҷавон дидани маҳсули хирад, ҷаҳонбинии фарох ва дастони муъҷизаофарини бобои Фатто дар симои биноҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ боиси ифтихор ва пайравист. Сано бар дастоне, ки нақшаи ободӣ мекашанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2020 №: 86 Мутолиа карданд: 590