сиёсат
ШИНОСОИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО БУНЁДИ БЕМОРХОНАҲО БАРОИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС
Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти бунёди беморхонаҳои табобати гирифторони коронавирус (COVID-19) дар ҳудуди пойтахт шинос шуд.
Бино ба хабари раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, нахуст Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи нотамом, ки ҳамчун беморхона барои табобати касалиҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуд.
Боиси зикр аст, ки бунёди бино моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, масоҳаташ 10 355 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он 8-ошёна буда, дар он сохтмони таҳхона, ҳуҷраҳои қабул ва табобати беморон, табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, техникӣ, 3 лифт, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Рустами Эмомалӣ мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус, мутахассисони баландихтисосу соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ омода намоянд.
Рустами Эмомалӣ, инчунин, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилии беморхонаи дигари табобатии пойтахт барои касалиҳои сироятӣ, алалхусус гирифторони коронавирус, шинос гашт.
Беморхонаи навбатӣ (дар бинои шашошёна) дар масоҳати беш аз 14 200 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва 24 ҳуҷраи табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад.
Зимни боздид ба роҳбарият ва масъулини соҳаи тандурустӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор, дастур дода шуд, ки беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи 600 нафар ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа омода намоянд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат дар пойтахт иловатан беморхонаҳои табобатиро бо беш аз 3000 кати хоб бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус, мутахассисони баландихтисосу соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ташкил кунад.
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2020 №: 87 Мутолиа карданд: 1286