logo

иқтисод

ФАРХОР. КИШТИ ПУНБАДОНА БА АНҶОМ РАСИД

Фархор дар минтақаи Кӯлоб яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакор ба ҳисоб меравад. Тавре раиси ноҳия Раҳматзода Рустам Мирзо ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, меҳнаткашони ноҳия дар ин соҳаи хеле пурарзиш таҷрибаи ғаниву бесобиқа доранд. Ҳар сол онҳо дар истеҳсоли ин ашёи хоми саноатӣ ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ муваффақ мешаванду дараҷаи иқтисодии молиявии хешро бамаротиб боло мебардоранд. Имсол ҳам заҳматкашони ноҳия ба мавсими нави киштукори пунбадона тайёрии барвақт дида, яке аз аввалинҳо шуда дар вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои кишти чигит ҳисобот доданд. Онҳо аз рӯзҳои мусоиди офтобии баҳор самаранок истифода бурда, дар майдони 9 ҳазору 674 гектар замин пунбадонаи навъҳои серҳосили «Флеш», «Тобон», «Хуҷанд», «Хатлон – 2014» ва навъҳои хитоии ба иқлими ноҳия мусоид кишт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 74 гектар зиёд мебошад. Дар ин муваффақияти меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои пахтакори деҳоти Ғайрат, 20-солагии Истиқлолият, Деҳқон – Ариқ, Зафар, Фархор, Ватан, Гулшан, Ғалаба назаррас буда, барои рӯёндани ҳосили фаровон аз ҳоло заминаҳои боэътимод гузоштанд.

Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нуриддин Азаматов, дар мавсими киштукор пахтакорон аз 160 техникаи кишоварзӣ ва 95 тухмипошак пурсамар истифода бурда, рӯзе то 410 гектар чигит коштанд. Дар асоси ҳамкории мутахассисони соҳа, тариқи шартнома аз ҷониби ҶДММ «Зиёратшо» деҳқонон сари вақт бо сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо таъмин гардиданд. Туфайли ин  кишоварзон пеш аз муҳлат кишти пунбадонаро ба анҷом расонданд. Зимнан, бояд гуфт, ки пахта зироати нозук буда ва парвариши он заҳматталаб аст ва  танҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ метавон ҳосили хуб ба даст овард.
-Баъди пайдо шудани ҳашароти зараррасон, аз қабили тортанаккана ва шира, дар вақти нашъунамои ин зироат, бояд зидди онҳо заҳрхимикатҳои мувофиқро истифода бурд. Дар акси ҳол боиси талаф ёфтани ҳосили зироат мегарданд,- афзуд Нуриддин Азаматов. - Имсол пахтакорони ноҳия мақсад доранд, ки ҳосили ин ашёи хоми муҳими пурқимати саноатиро ба 21 ҳазору 904 тонна расонда, баҳри афзунии хирмани пахтаи кишвар саҳми арзанда гузоранд. Бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, аллакай, то имрӯз тамоми заҳбуру заҳкашҳои обгузар аз сангу лойқа тоза карда шуда, пойгоҳҳои обкашонӣ барои таъмин намудан бо оби полизӣ дар ҳолатҳои омодабош қарор доранд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 1135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед