фармонҳои президент
Фармонҳои Президент содир шуданд
4 март бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошариф Шарипов ва Абдулҳамид Нуралиев аз вазифаи муовинҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Абдуқодир Муҳаммадиев муовини аввали прокурори генералӣ, Хайрулло Саидов муовини прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рашид Гулматшоев муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Басбӣ Холова ва ба вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси коллегияи ҳарбӣ Абдуҷаббор Сатторов таъйин гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2537