сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАСАНИ РӮҲОНӢ
6 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо якдигар ва мардумони кишварҳои худро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.
Сарони ҳар ду давлат алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ иброз доштанд. Дар робита ба ин, изҳори умед шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор мегардад.
Ҳангоми суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо оид ба иқдомҳои амалӣ ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он таъкид гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти андешидани чораҳои заруриро бо мақсади паст кардани сатҳи таъсири манфии пандемияи коронавирус ба ҷараёни рушди онҳо таъкид карданд.
Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расондани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар рафти суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ матраҳ гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2020 №: 88 Мутолиа карданд: 704