logo

фарҳанг

АҚИБГОҲ ҲАМ ФРОНТ БУД

«Мувофиқи хоҳиши меҳнаткашони республика, 32 вагон туҳфа иборат аз себ, меваҳои хушк, мавиз, биринҷ, сабзавот, сарулибос ба Фронти Белоруссия бурда расонда шуд. Як қисми ин туҳфаҳо бевосита ба ихтиёри дивизияи Байрақи сурх ва ордени Лениндори савораи дар ихтиёри Тоҷикистон- буда, дастрас гардид. Фиристодагони (намояндагони) халқи тоҷикро дар қисмҳои ҳарбӣ гарм пешвоз гирифтанд. Дар истгоҳи – Новозибков аъзои Совети ҳарбии Фронти Белоруссия бо сардории фармондеҳ - генерали армия Рокоссовский онҳоро қабул карданд. Баъдан фиристодагони тоҷикро ба мавқеи пешҷанг бурданд. Дар ҳама ҷо онҳо осори харобиовари душманро мушоҳида мекарданд. Одамони аз чанголи фашистони хунхор раҳоёфта, дар заминкан ва чайлаҳо зиндагӣ мекарданд, онҳо ба Армияи сурх кумак мерасонданд, кӯпруку роҳҳоро барқарор мекарданд».

Ин матлаб порае аз гузориши рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» имрӯза «Ҷумҳурият» аст, ки 3 январи соли 1944 таҳти унвони «Дар меҳмонии фронтчиён» аз қавли Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев нашр шудааст. М. Шогадоев ин ҳарфҳоро дар ҷаласае ба забон оварда, ки дар он ҳисобот оид ба саҳм ва ёрии мардуми тоҷик ба фронт шунида мешуд. Дар идомаи матлаб зикр мешавад, ки «Онҳоро ба маҳале бурданд, ки чанде пеш душманро ҷанговарони советӣ аз ин ҷо берун карда буданд. Аз майдони ҷанг гузашта ба батареяи полки артилерие, ки командираш сталинободӣ - майор Кратов буд, омаданд. Дар ҳузури меҳмонон батарея ба мавқеи душман ҳуҷуми оташфишонӣ кард. Тӯпчиён ба сари душман қариб сад адад снаряд фурӯ рехтанд. Дере нагузашта хабар доданд, ки дар натиҷаи ин ҳуҷум як танки дар замин гӯркарда ва беш аз 40  фашист сӯхта ба хок яксон шуданд».
Дар робита ба ин метавон гуфт, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ақибгоҳ ҳам ба фронти қавию мустаҳкам табдил ёфта буд. Мардум ба ҷанговарон, ки алайҳи душман мубориза мебурданд, ҳамаҷониба ёрӣ мерасонданд. Дар ин амали хайр халқи тоҷик низ саҳми назаррас гузошта, ташкилоту муассиса, колхозу совхоз, шахсони алоҳида ба фронт ёрӣ мерасонданд.
Маводи дар дигар рӯзномаҳо нашршуда низ аз диловарии ҷанговарони тоҷик ва заҳмати мардуми дар ақибгоҳ қарордошта ҳикоят мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мактубҳои аз фронт омада далолат мекарданд, ки ёриҳои фиристода ба сарбозон мерасанд. Чунончи, собиқ муаллим, сокини колхози «Якуми май» - и ноҳияи Октябр (ҳоло Вахш) Юсуф Рафиев аз хати ҷабҳа ба унвони рӯзномаи ноҳиявӣ ба ин мазмун нома навиштааст: «Дирӯз подразделенияи мо 9 атакаи душманро гардонда, амри фармондеҳиро бошарафона иҷро кард. Ақибгоҳ ҳам фронт аст. Дар ақибгоҳ ғалабаи фронт таъмин мешавад. Ёриҳои шумо ба мо омада истодааст. Ғамхорӣ ва муҳаббати шумо моро ба қаҳрамониҳои нав сафарбар мекунад».
Мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ бо маблағ ва пасандозҳои худ дар сохтмони техникаи ҷангӣ ва таъмини фронт бо лавозимоти зарурии ҳарбӣ низ саҳми муносиб  мегузоштанд. Чунончи раиси собиқ колхози «Роҳи Ленин» - и ноҳияи Исфара Абдул Рӯзиев аз чунин иқдоми некаш хабар додааст: «Бо мақсади торумор шудани шайкаҳои фашистони немис қарор додам, ки барои сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» аз ҳисоби пасандози худам 50 ҳазор сум фиристам» («Тоҷикистони Сурх» № 1. 1 январи соли 1943). Ин дар ҳолест, ки барои сохтани колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» то 6 январи соли 1943 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 миллиону 999 ҳазор сум ҷамъ шуд. Инчунин, авиаэскадрилияи Тоҷикистон аз ҳисоби маблағу кумаки колхоз, ташкилоту муассиса, шахсони алоҳида сохта шуда, сафи самолётҳои ҷангиро дар муҳорибаҳо алайҳи душман зиёд кардаанд. Таври мисол бо ин мақсад колхозчиёни «Болшевик» - и ноҳияи Ёвон 100 ҳазор сум ва бригадири колхози ба номи Сталини ноҳияи Ленинобод Хосият Бобоҷонова аз ҳисоби пасандози худ 50 ҳазор сум супурдаанд.
Ин далелро низ бояд ба ёд овард, ки солҳои ҷанг санъаткорони тоҷик дар госпитал ва қисмҳои ҳарбӣ бештар аз ҳазор маротиба бо барномаҳои консертӣ баромад кардаанд ва бисёр иштирокчиёни ин чорабиниҳои фарҳангӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.

Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 574
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед