logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020"

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №11. мод. 682) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 13 калимаҳои «суперэлита ва элита,» ба калимаҳои «суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда,» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 14, 15, 16 ва 17 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«14. Дар соли 2020 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар – консортсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали ««Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин, иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консортсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
15. Дар соли 2020 воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, мавод ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлу истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ пешбинигардида аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор, инчунин, таҳвили минбаъдаи таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзии истеҳсолнамудаи ҷамъияти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
16. Дар соли 2020 воридоти як адад чархболи тамғаи «Airbus H125» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» аз пардохти андоз аз  арзиши иловашуда ва  боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
17. Дар соли 2020 воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бӯстонсарои ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 майи соли 2020, № 1691


ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2020, № 85


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2020    №: 89    Мутолиа карданд: 1657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед