фарҳанг
ТИЛЛО ЗОИРОВ. ҶАНГОВАРЕ, КИ САРКӮБИИ ДУШМАНРО ТО БЕРЛИН ИДОМА ДОДААСТ
– Очаҷон, дуоям деҳ, то аз ҷанг бо сари баланд баргардам, - хоҳиш намуд аз модар Тиллои ҷавон.
– Худованд нигаҳбонат бошад, сиҳат рафта, саломат баргардӣ, - ашк дар чашмон даст ба дуо бардошт модар.
Ҳамин тавр, соли 1942 Тилло Зоиров қатори дигар намояндагони Тоҷикистон ба фронт рафт. Аввал ӯро дар ҳайати наваскарон чанд муддат ба машқ фаро гирифтанд. Истифодаи яроқ, усулҳои гуногуни ҷанги тан ба тан ва ғайраро аз худ намуд.
Баъд аз хатми давраи омодагӣ Тилло Зоиров дар ҳайати баталёни 3 - юми бригадаи 21 - уми тирандози гвардиягӣ вориди ҷанг шуд. Дар рафти муҳорибаҳо ӯ батадриҷ маҳорат ва малакаи ҷангӣ пайдо намуда, аз худ корнамоиҳо нишон медод. Соли 1944, ҳангоми убури дарёи Днепр, дар вилояти Стансилавский (ҳоло Иваново - Франковск), қисмати ғарбии Украина матонати ин ҷанговари далери тоҷик ба ҳамагон маълум гардид. Дар соҳили рӯди калон якбора гурӯҳи сарбозони немис ба сари ҷанговарони шӯравӣ, ки сержант Тилло Зоиров ба онҳо роҳбарӣ мекард, ҳамла оварданд. Тоҷикписар аз ҳамлаи ногаҳонии душман наҳаросид, баръакс, ба тобеонаш фармон дод, ки ба мудофиа гузашта, сипас, душманро ба қафо андозанд. Вазъияте ба амал омад, ки мебоист ба ҷанги тан ба тан гузаранд. Чунин ҳам шуд ва сарбозони шӯравӣ бо талафоти андак пирӯз гардиданд. Дар ин набард сержанти тоҷик, шахсан чанд сарбози фашистро аз пой даровард ва чандеро асир гирифт. Маҳз дар ҳамин набард ва ҷасорати бемисл нишон додан Тилло Зоиров бо медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонда шуд.
Қатори дигар ҷанговарон Тилло Зоиров душманро дар лонааш мағлуб намуда, бо сари баланд ба диёр баргашт. Дар баробари медали “Барои шуҷоат” сари синаи ӯро, ҳамчунин, ордени “Ҷанги ватанӣ” ва дигар мукофотҳои ҷангӣ зинат медод. Сиҳату саломат ба манзил баргаштани худро ба дуои неки модар пайваст медонист.
Пас аз анҷоми ҷанг дубора ба зодгоҳаш ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) баргашта, аввал дар хоҷагӣ, пасон дар автоколоннаи 2927 - и ноҳия чун ронанда заҳмат кашид. Дар рафти фаъолияти меҳнатӣ борҳо ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ дониста шудааст.
Сол ба сол сафи иштирокчиёни он ҷабҳаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам мегардад. Лек матонату диловарӣ ва корномаҳои он нафарон, аз ҷумла Тилло Зоиров, ки баҳри ҳимояи Ватан нишон додаанд, ҳаргиз аз лавҳи хотири наслҳои баъдина фаромӯш нахоҳанд шуд.
Саодат ҲОҶИБОЕВА, омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2020 №: 89 Мутолиа карданд: 561