иқтисод
СУҒД. КУМАКПУЛӢ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
Дар вилояти Суғд ба муносибати 75 - солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардида ва шахсоне, ки на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ё дар хизмати ҳарбӣ қарор доштанд, ба маблағи 740 ҳазор сомонӣ ёрии яквақтаина расонда мешавад.
Дар ин бора ба “Ҷумҳурият” аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, аз ин 192 ҳазор сомонӣ ба 46 иштирокчию маъюби ҶБВ ва 2 ҳамсари бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардида, 546 ҳазор сомонӣ ба 273 шахси дар ақибгоҳ фаъолияткардаву дорандагони медалҳо тақдим мегардад. Ҳамчунин, ба ҳар яки онҳо, 4 ҳазор сомонӣ ёрии яквақтаина дода мешавад.
Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва беш аз шаш моҳ дар ақибгоҳ хидмати фидокорона доштанд, инчунин, заҳматкашони дорои медалҳои «Ғалаба бар Германия дар ҶБВ солҳои 1941 - 1945», «Ғалаба бар Япония» ва «Меҳнати шоён дар ҶБВ солҳои 1941 - 1945» дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2020 №: 89 Мутолиа карданд: 1059