logo

фарҳанг

ШМЕЛЁВ. ҚИССАИ ПАЙВАНДИ ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ БА ТОҶИКИСТОН

Бо гузашти 75 – соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳоло ҳам муҳаққиқон аз ин боб менависанду таҳқиқ мебаранд. Аммо ҳоло ҳам саҳфаҳои номаълуми ин ҷанг дар бойгониҳо зери муҳр (гриф)-и «комилан махфӣ» маҳфузанд. Хушоянд аст, ки чанд соли охир Вазорати мудофиаи Россия қисме аз он ҳуҷҷатҳоро расонаӣ намуд. Умед мебандем, ки солҳои наздик саҳфаҳои норӯшане аз боби ҷоннисориҳои ҷавонмардони тоҷик огаҳӣ хоҳем ёфт.
Вале он чи ҳақиқат аст, ҳоло ҳам аз боби чанд нафар будани қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон баҳсу мунозираҳо чарх мезананд. Тибқи маълумоти охирин, ба гуфтаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов 54 нафар аз Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро мушарраф гардидаанд (16.4.2020)...
Аммо ба андешаи инҷониб ҳисоби қаҳрамонҳо дар ин ҷанг бояд ба чунин навъ бошад.
Якум: нафароне, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зода шудаанд.
Дувум: онҳое, ки аз комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистони шӯравӣ ба ҷанг рафтаанд.
Савум: тоҷикбачаҳое, ки аз комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои бародарӣ ба ҷанг сафарбар шудаанд. Зеро он овон ҳама сокинони як мамлакат буданд.
Чорум: нафароне, ки пас аз ғалаба ба Тоҷикистон омадаву кору пайкор доштанд. Қисмате дар сарзамини тоҷикон ба хоби абад рафтанд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Шӯравӣ буду ҳама шаҳрванди як давлати паҳновар маҳсуб меёфт.
Панҷум: сарбозони диловар аз ҷумҳуриҳои бародар, ки дар размгоҳҳои ин ҷанг дар ҳайати полк (бригада)-ҳои аз Тоҷикистон сафарбаршуда ба ин унвони олӣ мушарраф гаштаанд. Мумкин ба ин бахш қисмате розӣ нашаванд, аммо қабули он таҳмилӣ нест. Чунин тарзи ҳисоб масоили «нони худро соҳиб шудан» аст.
Хулоса, бо назардошти чунин тарзи ҳисобу китоб, ки банда мураттаб намуда, шумораи умумии қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон 68 нафарро ташкил медиҳад. Албатта, ин шумора охирин нест...
Барои мисол, ба наздикӣ дӯсте мужда расонд, ки бо насаби Шмелёв Б.Е. аз Тоҷикистон Қаҳрамони Иттифоқи советист. Чун сарчашмаҳоро варақ задам зиндагиномаи ин қаҳрамонписар ба ин мазмун ҷилвагар шуд:
- Шмелёв Борис Елисеевич 15 майи соли 1914 дар шаҳри Санкт – Петербург, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ рус. Соли 1928 мактаби миёна ва як сол пас мактаби ФЗУ-ро хатм намудааст.
Аз соли 1929 дар фабрикаи бофандагии «Веретенно» (Ленинград) ҳамчун челонгар-таъмиргар ба фаъолият пардохтааст. Солҳои 1935 – 1937 хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар қӯшунҳои танкии Армияи Сурх. Нахуст мактаби полкиро тамом карда, дар бригадаи 6-уми алоҳидаи танкии ба номи С. М. Киров, дар округи ҳарбии Ленинград хидмат намуда, бо рутбаи командири хурди взвод ҷавоб мешавад.
Фаъолияташро дар коргоҳи саноатии бофандагии Ленинград идома бахшид. Таъмиргари фабрикаи ресандагии «Советская звезда», ёрдамчии устои истеҳсолоти комбинати ба номи П. Анисимов буд.
Дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Борис Шмелёв ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ихтиёрӣ ба Армияи Сурх номнавис мегардад. Дар армияи амалкунанда аз моҳи июни соли 1941. Дар амалиётҳои ҷангии гирду атрофи деҳаи Красний Бор, назди Сенявино, назди Мяга, дар рахнаи муҳосираи Ленинград, дар ҳайати армияҳои 55 ва 67-ум бар зидди фашистон ҷангидааст.
Механик - ронандаи танки вазнини полки 46-уми алоҳидаи танкии гвардиягии армияи 23-юми фронти Ленинград Борис Шмелёв дар амалиёти ҳуҷумии рӯзи якуми Виборг 10 июни соли 1944 қаҳрамонии шахсӣ ва маҳорати баланди ҳарбӣ нишон дод.
Пас аз зарбаи сахти артиллерӣ, қабл аз ҳуҷуми қӯшунҳои фронт ба ҳамлаи «Хати Маннергейм», дар минтақаи баландии 171,0, дар гарданаи Карелия ӯ яке аз аввалинҳо шуда, танки вазнинашро ба истеҳкоми мудофиавии финҳо наздик бурд. Сарфи назар аз жоласон рехтани тир, тирпарронии беисти артиллерии душман танкашро моҳирона идора мекард. Дар зарфи ду соат бо танки вазнин садди бетонии зиддитанкиро ба ду тараф тела дода, роҳро барои қӯшунҳо боз кард. Б. Шмелёв супориши ҷангиро бо сарбаландӣ ба сомон расонд ва роҳ барои танкҳои полк кушода шуд. Вай, ҳамчунон, бо тири пулемёт зиёда аз 50 сарбозу афсари душманро нобуд сохта, 8 нуқтаи оташфишонро ба хок яксон кард.
Б. Шмелёв дар муҳорибаҳо диловарона ҷангид. Бо рахнаи пурраи «Хати Маннергейм» ва ишғол намудани Виборг (чор сол қабл рахнаи ин сад барои Армияи Сурх дар 113 рӯз даст дода буд) поён ёфт.
Барои ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ бар зидди фашистони истилогар бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 марти соли 1945 сержанти калони гвардия Шмелёв Борис Елисеевич бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардид.
Ӯ ҳарбу зарбро идома дод. Дар ҷабҳа рутбаи афсарӣ гирифта, дар озодсозии Полша иштирок намуд. Моҳи августи соли 1946 техник - лейтенант Б. Е. Шмелёв ба эҳтиёт рухсат шуд.
Пас аз адои хизмат, ба Ленинград баргашта, дар корхонаи шаҳр заҳмат кашид. Аз моҳи апрели соли 1947, баҳри хидмат, ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии СССР сафарбар гардид. Нахуст муфаттиш, баъд сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Понировски вилояти Курск буд.
Моҳи феврали соли 1950, пас аз рафтан аз мақомоти корҳои дохилӣ, ба Ленинград баргашт. Соли 1955 ба вилояти Қустанайи РСС Қазоқистон баҳри азхудкунии заминҳои нокорам омад.
Баъди чанд сол Б. Шмелёв ба РСС Тоҷикистон, ба шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), кӯчид. Ба сифати челонгар дар яке аз стансияҳои хизматрасонии шаҳр хизмат мекард.
27 ноябри соли 1990 фавтида, дар гӯристони шаҳри Чкалов (ҳозира Бӯстон) мадфун аст.
Бо ордени «Ленин», 2 ордени «Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 1», ордени «Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 2», ордени «Ситораи Сурх», медалҳо, аз ҷумла бо медали «Барои азхудкунии заминҳои нокорам...» мукофотонида шудааст.
Барои абадӣ гардондани номи қаҳрамон кӯча дар шаҳри Чкалов (Бӯстон) номгузорӣ шудааст.
Дар арафаи ҷашни 60-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, дар «Гулгашти қаҳрамонон» расми Борис Шмелёв гузошта шудааст.

Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед