logo

илм

ИЛМ АЗ МАВЗӮЪҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД

(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар, шаҳри Душанбе, 18 марти соли 2020)

Сарвари давлат ҳар як имконияти ҷойдоштаро бо ройи хирадмандӣ ва кордонӣ ба роҳ монда, барои беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони кишвар равона месозанд. Ва ҳамеша мардуми шарифи Тоҷикистонро ба рушду шукуфоии кишвар ва фардои дурахшон раҳнамун менамоянд. Сарвари давлат дар мулоқот бо олимону пажӯҳишгарони ватанӣ вобаста ба рушди илм ва тақвияти таҳқиқотҳои илмӣ пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳ ва такконбахшеро дар миён гузоштанд, ки аз ҷониби аҳли зиё мавриди истиқболи гарму самимӣ қарор гирифт.
Таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба он зич алоқаманд буда, шароит фароҳам меорад, то дигар воҳидҳои инфрасохторӣ рушд ёбанд. Албатта, калиди комёбиҳои иқтисодиёти кишвар дар дасти мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Донишгоҳи аграрӣ дар омода намудани чунин мутахассисон саҳми назаррас дорад. Бо мақсади ба ҷараёни пешрафти илму техника ворид намудани донишҷӯён мекӯшем, ки онҳо аз худ дониши васеъ ва маҳорати мустақилонаи тасдиқи назариявию амалиро нишон диҳанд, зеро ин эътимодро барои минбаъд дар истеҳсолот роҳ ёфтани донишҳои нав зиёд мегардонад. Вобаста ба ин, мо аз курси 2 сар карда, донишҷӯёни лаёқатмандро ба институтҳои илмӣ ҷалб менамоем. Онҳо дар раванди ихтироъкориву эҷодгарӣ ширкат меварзанд. Барои ҳавасмандгардонии натиҷаҳои бадастомада лоиҳаҳои хурди грантӣ ҷорӣ гардидаанд. Дар пешбурди аксар мавзӯъҳои илмӣ олимони ҷавон ҷалб шуда, дастовардҳои донишҷӯёну олимони ҷавон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадр мешаванд.
Бояд гуфт, ки тадқиқоти олимони донишгоҳ бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ нигаронда шудааст. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба олимони донишгоҳ муяссар гардид, ки аз рӯйи 12 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 лоиҳаи сарборӣ тадқиқоти илмии хешро амалӣ намоянд. Олимони факултети тибби ветеринарӣ, ки соҳиби чандин озмоишгоҳҳои муосир мебошанд, бо истифода аз технологияи ҳозиразамон ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ истеҳсоли дорувориро оғоз намудаанд.
Олимони донишгоҳ бо мақсади беҳтар кардани сифати тадқиқоти илмӣ ба чордаҳ масъалае, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми кишвар ироа шуданд, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, татбиқи амалии онҳоро дар фаъолиятҳои илмии хеш сармашқи кор қарор медиҳанд.
Асри XХI, ки давраи  пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илмист, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  бешубҳа, заминаи муҳими рушди инноватсионӣ, ихтироот, кашфиёт, навовариҳо, такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеаамон мегардад.
Ҳоло Донишгоҳи аграрӣ бо 130 донишгоҳу донишкадаҳои 24 давлати дунё созишномаи ҳамкорӣ дорад. Инчунин, дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС амал мекунад, ки филиалҳои он дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаи Рашт амал мекунанд. Хоҷагиҳои таълимӣ - таҷрибавии донишгоҳ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон бошад, дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони соҳа ҳамчун пойгоҳи гузарондани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои шиносоӣ, технологӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва амалисозии барномаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотию татбиқи дастовардҳои илмии олимони донишгоҳу дигар муассисаҳои илмӣ, навгониҳои технологии истеҳсолот ва татбиқи онҳо дар ин пойгоҳ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо ҳайати омӯзгорони донишгоҳ дар  интихоби дуруст ва таҳияи корҳои  илмӣ - таҳқиқотӣ бо назардошти масъалаҳои мубрами дар истеҳсолот ҷойдошта, ки дархӯрди ниёзҳо, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад, кору пайкор менамоем.

Усмон МАҲМАДЁРЗОДА,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 10423
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед