иқтисод
ҚАДРИ ОБ
Қабули қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯйдоди таърихиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ чун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ муаррифӣ намуд. Ин иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 193 кишвари узви созмон ҷонибдорӣ намуда, дар сарзамини худ татбиқ менамоянд.
Норасоии об ҳамчун манбаи ҳаёт ва бузургтарин неъмати табиат солҳои охир бисёри аз кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Дар гӯшаю канори гуногуни олам, мисли мамолики Шарқи Наздик ва Африқо, мардум аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Чунин кишварҳо на танҳо оби ошомидании фаровон, балки барои обшоркунии заминҳои кишт захираи кофии об надоранд. Аз иқдоми Сарвари давлат бармеояд, ки ҳалли масъалаи норасоии об солҳои дароз давом хоҳад намуд. Бисёр халқҳо дар гӯшаю канори дунё муддати мадид аз камчинии об ва ифлосии он танқисӣ мекашанд. Агарчи мамлакати мо дорои захираҳои ғании об аст, аммо дар шароити ифлосшавии муҳити зист, хосса бо сабаби пешрафти соҳаҳои саноату нақлиёт, истифодаи оқилона ва ҳифзи тозагии он зарурати бештар касб менамояд. Бинобар ин, дар муқаррароти даҳсолаи эълоншуда оқилона истифода бурдани оби тоза масъалаи асосии матраҳшаванда маҳсуб меёбад.
Дар кишвари мо дарёҳои бузурге чун Сир, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Панҷ, Сурхоб мавҷуданд. Фоидаи ин рӯдҳои ҳамешаҷорӣ ҳамон вақт зоҳир мешавад, ки агар онҳоро самаранок истифода намоем. Об неъмати қиматбаҳоест, ки пок нигоҳ доштану қадршиносӣ кардани он вазифаи ҳар инсони соҳибақл аст. Зеро ҳама ҳастии ҳаёт ва зебоию таровати он аз об маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз ба қадри об чун неъмати бебаҳои зиндагӣ беш аз пеш расему онро сарфа намоем.
Наргис ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 92, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.05.2020 №: 91 Мутолиа карданд: 722