logo

фарҳанг

ВАРЗОБ. ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ РУШД МЕКУНАНД

Эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021) дар рушди ин соҳаҳо нақши назаррас гузошт. Дар ин росто, ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, дар минтақаҳои гуногуни кишвар мунтазам рушд намуда истодаанд. Дар ин радиф, дар ноҳияи Варзоб низ ба омӯзишу равнақи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия аз соли 2013 инҷониб фаъолият дошта, дар омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорад. Дар муассиса 22 маҳфил амал намуда, 669 нафарро ба омӯзиши ҳунарҳои сабадбофӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва монанди инҳо фаро гирифтааст.
Хонандагони муассиса дар ин муддат иштирокдори озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, “Беҳтарин роҳбари маҳфил”, “Корвони ҳунар”, “Сад ранги чакан”, “Дастони моҳир”, “Ихтироъкори ҷавон” гардида, сазовори ҷойҳои намоён шуданд.
 – Боиси хушнудист, ки аксар ҷавонони мо ба омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ мароқ зоҳир намуда, бо ҷаҳду талош ин касбҳоро аз худ карда истодаанд. Мақсади мо низ эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба суннату арзишҳои миллӣ ва омӯзиши пешаю ҳунари ниёгон аст, - гуфт Сайрам Раҳмонова, директори муассиса. 
Мавриди зикр аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки бо иштироки намояндагони 19 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор  шуд, ноҳияи Варзоб соҳиби ҷойи дуюм ва ифтихорномаю мукофоти Вазорати маориф ва илм гардид.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Варзоб мактаби бачагонаи санъати назди бахши фарҳанги ноҳия амал мекунад, ки дорои 28 синфхона буда, ба 444 хонанда ҳунарҳои заргарӣ, кандакорӣ, коркарди чӯб, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ меомӯзонад. Таълимгирандагон ҳамасола дар намоишҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ маҳсули дасташонро ба маъраз мегузоранд.
Ҷиҳати бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва занони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия озмунҳои «Дастархонороӣ», «Ҷавондухтари ҳунарманд» ва  «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки зиёда аз 70 ҳунарманди ноҳия, аз ҷумла зардӯз, дӯзанда, оҳангар, ҳайкалтарош, сабадбоф, табақтарош, бофандаю гулдӯз, рӯзгорашонро аз маблағи фурӯши маҳсули дасти худ пеш мебаранд.

Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед