илм
Занони орёӣ тахтнишину чавгонбоз, гулдӯзу навозанда... буданд
Агар ба шоҳроҳи тӯлонӣ ва пур аз шебу фарози паймудаи инсоният назар афканем, дар он як чеҳраи зебою нуронӣ ва пайкари ҷозибу дилнишинеро мебинем, ки машъали нурафшонеро монад. Ин машъали фурӯзон Зан-Модар аст, ки ба меҳри гарми хуршедии хеш роҳи башарро мунаввар намуда.
Зан-Модар нахустин мавҷуди заминист, ки инсоният онро парастидааст. Муҷассамаву пайкараҳои Олиҳа – Модар дар тамаддунҳои куҳани Шарқи бостон, аз ҷумла Орёнзамин фаровон ёфта шудаанд.
Тарроҳи азал ба бонувон чеҳраҳои дилкашу зеборо арзонӣ дошт. Анвои зеварҳои нафису нодири симину зарин оганда ба дурру лаълу ёқуту алмосро барои занон офаридаанд, то дилрабову нозанинтар бошанд.
Мо аз маҳсули хушу гуворои дастони Модар - ғизоҳои лазизу пероҳанҳои нарму гарму ҳарир ва гулдӯзиҳои нигоринаш, ки манзилҳоро ба гулхона табдил додаанд, ҳаловат мебарем. Имрӯз садҳо сӯзаниҳо ва зардӯзиҳои бонувони тоҷик толорҳои осорхонаҳои ҷаҳонро оро медиҳанд.
Бонувон дар ҳама замонҳо на танҳо чароғи рахшони хонавода, балки такондиҳандагони илму ҳунар, сиёсату иқтисод буданд ва ба қадри ин қудрати нерӯи зеҳнии онҳо ниёгони мо расидаанд. Тасвири зебои бонувони чобуксавору чавгонбоз ва навозандаву раққоса дар деворнигораҳо ва пайкараву мусаввараҳо гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Номи шоираҳо ва навозандаҳои асрҳои гузашта ба ҳамагон шиносанд.
Муаррихони даврони куҳан ва асримиёна оид ба бонувони ҷасуру закию ҳушманде чун Рухшонаю Апама (духтари Спитамен), ки маликаҳои давлатҳои бузург буданд, ахбор додаанд. Наршахӣ маликаи мулки Бухороро «зани ширин ва боҷамол» номида, ки сарлашкари араб Саид волаву мафтуни ӯ гашта буд. Танҳо дар асри VII ду бону бонавбат соҳиби тахти мулки Панҷаканд будааст. Аммо пас аз ҳуҷуми даҳшатзои муғул кишвари мо хароб гашт ва аз он асрҳо бонувон ранҷҳо диданд, ҳуқуқу озодиҳои онон маҳдуд шуданд. Ва шукри Худо, ки як аср боз бонувони тоҷик баҳри фатҳи қуллаҳои баланди илм, маориф, ҳунар, тиб, варзиш, сиёсат ва ғайра кӯшиш доранд. Ояндаи бонувони мо дурахшон аст.
У. Зарвонӣ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5615