logo

фарҳанг

АЗ ВОДИИ ВАХШ ТО БАҲРИ БАЛТИК

Қаҳрамони мо сержанти гвардия Мамадалӣ Имомалиев на танҳо се сол дар полку дивизияҳои гуногун ҷангид, балки соли 1945 бо паёми пирӯзӣ ва сари баланд ба Ватанаш – Тоҷикистон баргашт ва дар арсаи меҳнат, равнақи соҳаҳои хоҷагии халқ заҳмат кашиду талош варзид.
Мамадалӣ Имомалиев 10 октябри соли 1942 аз деҳаи Зарнисори деҳоти Меҳнатободи собиқ ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба дифои Меҳан камар баст ва ҳангоми мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ бо ҷонбозиву матонат корнамоии омӯзандаву ибратбахш нишон дод. Ӯ чандин дафъа аз тири фашистон захм бардошта бошад ҳам, боз ба по хесту набардро идома бахшид. Дар муҳорибаҳо аз 10 феврали соли 1943 то 9 майи соли 1945 ба ҳайси тирандоз, миномётчӣ ва гвардиячӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ содиқона хизмат кард. 
Дар фронтҳои ҷанубӣ, Матвей Курган, Украина, Перекоп, Севастопол, Прибалтика ва Пруссияи шарқӣ ҷонбозиҳо намуда, барои озод кардани шаҳрҳои Перекоп, Севастопол, Бартанштайн, гарданаи Айлау, Боғчасаройи Қрим бо чор раҳматномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ маршал И. В. Сталин, ду медали «Барои ҷасорат», медалҳои «Барои гирифтани Кеннигсберг», «Барои ғалаба бар Германия дар ҶБВ»  ва ордени «Ситораи сурх» сарфароз гардидааст.
Мамадалӣ Имомалиев баъд аз хотимаи ҷанг сарафроз ба Меҳан омад. Ӯ қаҳрамон буд, сари синаашро ордену медалҳо зеб медоданд, аммо мисли ҳар ҷавонмарди соҳибирода бо корномаҳояш мағрур нагашт, балки давоми зиндагии худро ба меҳнати ҳалол бахшиду фарзандони хушахлоқу ҳунарвар тарбия кард, ки яке аз онҳо собиқадори соҳаи журналистика, марде, ки бо хома ба дифои манфиатҳои миллату Ватан бархостааст, Қурбон Мадалиев мебошад.
Мамадалӣ Имомалиев то вопасин нафас аз заҳмату меҳнат канора наҷуст ва барои комёбиҳои меҳнатиаш бо "Ордени Ленин" қадр гашт.
Имрӯз фарзандон ҷодаи тайкардаи падарро намунаи ибрат медонанд. 

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед