logo

фарҳанг

САРБОЗ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ РАҶАБ ВОҲИДОВ

Раҷаб Воҳидов оли 1920 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Солҳои қаҳтӣ ба деҳаи Оқсӯи ноҳия меояд ва соли 1925 ба водии Вахш кӯч мебандад. Онҳо аз аввалин бунёдгарони сохти колхозӣ дар ҳамин минтақа маҳсуб меёбанд. Ҳамин тавр, Раҷабалӣ мактаби миёнаро дар ҳамин колхоз ба итмом мерасонад. Омӯзгорони мактаб донишу лаёқати ӯро ба назар гирифта, ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар)мефиристанд. Баъди хатми омӯзишгоҳ бо роҳхати Вазорати маориф ба яке аз деҳаҳои дурдасти Кангурт ба кор меравад.
Баъди шаш моҳи кор Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, ба ҷанг рафт.
Раҷабалӣ Воҳидов барои хизматҳои шоёнаш ба дарёфти унвони «Шаҳрванди фахрии Киев» мушарраф гашт. Корнамоиҳояш бо орденҳои «Шараф» дараҷаи сеюм, «Револютсияи Октябр», ду «Нишони фахрӣ» дараҷаи якум ва бисёр медалҳо қадрдонӣ шуд. 
Охирҳои соли 1944 баъди чандин бор ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ба Ватан бармегардад. Ӯро чун шахси корозмуда ба комиссариати ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа даъват менамоянд. Ӯ ҳамчунин, дар ШВКД- ҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритуз кор кардааст.
Захмҳои ҷанг ӯро ором намегузоштанд. Бинобар ин, ба хулосае меояд, ки корро дар истеҳсолот давом диҳад. Сарварии корхонаҳои хиштбарории шаҳрҳои ҳозираи Бохтар ва Левакантро бар зимма дошт. Сипас, шодравонро роҳбари идораи сохтмони байниколхозии Қӯрғонтеппа ва Вахш таъйин карданд. Дар ин давра ба гирифтнаи нишони “Сохтмончии дараҷаи якуми СССР” мушарраф гардид. 
Мавсуф раиси колхози ба номи Максим Горкийи собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Баъди панҷ соли кор боз ӯро ба идораи сохтмони шаҳр даъват намуданд. Раҷабалӣ Воҳидов то охири ҳаёт ҳамзамон раиси шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Меҳнатҳои шоёнашро ба инобат гирифта, кӯчаеро, ки дар он корхонаи хиштбарорӣ сохта буд, ба номаш гузоштанд ва ҳамчун рамзи эҳтирому сипос нимпайкараашро он ҷо сохтанд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Маҳмадалӣ АКРАМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 722
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед