сиёсат
"ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!" ШИОРИ МАНУ МО
Амалҳои неки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи тадбирҳои ватанпарастона ва ватанхоҳонаи пурифтихори амир Исмоили Сомонӣ аст, ки худ бо забони хирадмандонаву фикрҳои наҷиб фармуда буд: «То ман зинда бошам, бораи (девори) Бухоро манам».
Қадами неку файзбори Пешвои ваҳдатофарини мо буд, ки диёри парокандаю хароби мо ба макони сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ табдил ёфт. Сулҳ ҳукмфармо шуд. Пешвои заҳматкаши мо бо донишу малака ва хиради волои худ тавонист ба боварии халқ сазовор гардад. Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва ҳама гуна амалҳои некбинонаи хешро ҳам маҳз бо дилу нияти нек оғоз мебахшанд. Ҳамин ниятҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат аст, ки ҳамаи нақшаҳои ободкорию созандагиашон қадам ба қадам амалӣ мегарданд. Агар ба таърихи эҳёи Тоҷикистони навин назар афканем, хоҳем дид, ки манбаи илҳоми ҷомеа, қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ маҳз Пешвои миллат аст, ки бо назарҳои некбинонаю хирадмандона дар кӯтоҳтарин лаҳзаҳо ягонагиро дар ин диёре, ки ташнаи сулҳ буд, овард. Метавонем нуқтаеро сарбаландона ва бо ифтихор ба забон орем, ки маҳз ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистонро ба сарчашмаи ягонаи донишу фарҳанги тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини тоҷикӣ табдил доданд, ки ин нишони эҳтиром гузоштан ба ҳама арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Пешвои сулҳофарини мо сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳанги волои инсониро доро ҳастанд, ки маҳз бо ин хислатҳои нек ба баҳамоӣ ва якдигарбахшии тоҷикон мусоидат намуд, чунки худашон аввалин шуда, ба бахшиш ва афв рӯй оварданд. Дар ҳама лаҳзаҳои мудҳишу ногувор бо нияти неку дили соф қадами устувор барои ободию озодӣ гузоштанд, ки ин амалҳо Пешвои асри XXI буданашонро исбот намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ориёиву мусалмони асил дар хонаи Худо, Каъбаи муқаддас дар намозгоҳи паёмбар ҳазрати Муҳаммад(с) ибодат ба ҷо оварда, аз Худои бузург хушбахтии миллат ва пойдории истиқлолиятро таманно карданд, ки ин беҳтарин накукорию нияти нек ба халқ аст. Аввалин шуда, миёни тамоми сиёсатмадорони дунё бо далерию шуҷоатмандӣ «Ислом» ва «терроризм» - ро ҳамчун мафҳумҳои бо ҳамдигар мухолиф эълон доштанд. Ин ва дигар хизматҳои беназири башардӯстонаи ин абармарди даврон буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро дар қатори 500 мусалмони беҳтарини дунё пазируфт. Сарвари оқилу доно ва соҳибхиради мо тоҷикистониён ва оламиёнро муътақид сохтанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳёгар ва парчамбардори Ориёи қадим буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дар дарозои таърихи башарият тоҷик аввалин маротиба соҳиби Сарвари дилсӯзи худ шуда, ба маънои «Соҳибватан ва соҳибдавлат» будан ошно гардид, ки ин нишон ва сарчашмаи хушбахтӣ, шараф ва нангу номуси мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита бояд ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи диёри нозанинамон - Тоҷикистони азиз бинамоем ва корвони ин замони ватансозию ватанпарастию бунёдгузориро таҳти сорбонии Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба манзили мақсадҳои неку некбинона бирасонем. Ба таърих назар андӯзем маълум мегардад, ки дар тӯли садсолаҳои зиёд аввалин бор дар даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба Ватани ҳамаи тоҷикистониҳо ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтааст. Чун давомдиҳандаи амалҳои ватанпарастонаи амир Исмоилӣ Сомонӣ – Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузоранд. Ба ирода ва матонати Пешвои миллат бовар дорем!
Тоҷикистон ба пеш, Тоҷикистон ба пеш, Тоҷикистон ба пеш!
Манучеҳр ЛАТИФОВ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2020 №: 92 Мутолиа карданд: 888