сиёсат
ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар пайравӣ ба ибтикороти башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории сироятии COVID – 19 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара кумаки моддӣ расонданд.
Он аз 100 кати тиббии хоб, 100 кӯрпача бо 100 болишти пахтагӣ иборат мебошад.
Кормандони беморхона аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста, ки аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, изҳори сипос карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳо ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.
Ҳамчунин, Раҳмон Озода Эмомалӣ ният доранд, ки ҳафтаи оянда дигар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ бо доруворӣ таъмин намоянд.
Амит "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2020 №: 92 Мутолиа карданд: 1101