иқтисод
КИРМАКПАРВАРӢ. ХАТЛОН ПЕШСАФ АСТ
Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз соҳаҳои сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ маъракаи кирмакпарварӣ идома дорад. Чунонки Назиршо Назаров, муовини директори ҶСК «Пиллаи тоҷик», иброз дошт, тухми кирмак бо назардошти шароит ва имкони сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад. Имсол мавсими кирмакхобонӣ дар вилоятҳои Хатлон аз 16 март, Суғд аз 27 март ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 31 март оғоз ёфт.
То 1 апрели соли равон ба ноҳияҳои Қубодиён, Ёвон, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Данғара, Фархор, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалики вилояти Хатлон 15 ҳазору 682 қуттӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Б. Ғафуров, Ашт, Ҷ. Расулов, Спитамен, Деваштичи вилояти Суғд 7 ҳазору 428 қуттӣ тухми кирмак дастраси кирмакпарварон гардонда шуд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ танҳо дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тухми кирмак тақсим карда шуд.
Боду ҳавои номусоид ва боришоти аз меъёр зиёди борону барф, ки дар баҳори имсола ба назар расид, ба кори кирмакпарварон бетаъсир намонд. Аз сабаби сардӣ кирмакхобонӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар ба таъхир афтод. Ҳамин аст, ки дар минтақаи Рашт, шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент (қисман) ва ноҳияи Айнӣ тухми кирмакро сари вақт нахобонданд.
Дар мавсими имсола кирмакпарварони вилояти Хатлон пешсафанд. Ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Ёвон, Шаҳритуз, Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Вахш, Н. Хусрав, Хуросон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор нахустин шуда, ба ҷамъоварии пилла шурӯъ намуданд.
Имсол бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии кирмакпарварон пешқадамон бо мукофотҳои арзишнок қадр карда мешаванд. Инчунин, ҳаққи хизмати онҳо дар сари тарозу дода мешавад. Ба кирмакпарварон соли ҷорӣ барои истеҳсоли як кило пилла 10 сомонӣ нарх муайян гардидааст.
- Бо мақсади барқарорсозӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат, таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифат, ба кори мавсимӣ ҷалб намудани сокинон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пилла, мустаҳкам намудани заминаи хӯрокаи кирмак ва таъмин кардани корхонаҳои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024» - ро тарҳрезӣ намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудем. Дар ҳолати дастгирӣ ёфтан ва тасдиқ гардидани барномаи мазкур бовар аст, ки соҳа рӯ ба беҳбудӣ меорад ва мушкилиҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд, - гуфт Назиршо Назаров.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2020 №: 92 Мутолиа карданд: 792