фарҳанг
РАҲМАТ ҚАЛАНДАРОВ. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Раҳмат Қаландаров моҳи декабри соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Баъди яку ним соли адои хизмат дар шаҳрҳои Одесса ва Минск Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ шуд. Тоҷикписари далеру ғаюр ҷангро дар наздикиҳои Брест оғоз намуд.
- Мо дар назди техникаи пуриқтидори ҷангии немисҳо истодагарӣ карда наметавонистем, - мегӯяд бобои Раҳмат. Дар муҳорибаҳои шадиди тирамоҳи соли 1941 баталёни онҳо ба муҳосира монда асир меафтанд. Ӯ шаш моҳи асириро давраи мубориза барои ҳаёт мешуморад. «Дар шаш моҳи асирӣ дар лагери консетратсионии немисҳо аз 600 нафар тахминан 40 – 50 нафар зинда мондему халос...» - бо сӯз ёд меорад қаҳрамонбобо. Хушбахтона, ба онҳо муяссар мегардад, ки моҳи апрели соли 1942 посбонони немисро кушта аз лагер фирор намоянд. Пас аз ин, онҳо ба гурӯҳҳои навтаъсиси партизанӣ мепайванданд.
Дар ҷангалҳои вилояти Житомир то нимаи аввали соли 1943 ҳамчун партизан бо немисҳо мубориза мебарад. Баъди наздик омадани фронт боз бо аскарон ҳамроҳ шуда, ҷангро идома медиҳад. Раҳмат Қаландаров дар озод кардани шаҳрҳои Кенисберг, Краков, Варшава иштирок намуда, ҷангро дар лаби дарёи Элбаи Олмон анҷом додааст. Баъди хотимаи ҷанг боз як соли дигар барои ҳифзи тартибот дар Олмон мемонад ва тобистони соли 1946 ба Ватан бармегардад.
Корнамоиҳои Раҳмат Қаландаров бо орденҳои «Ситораи сурх», «Шараф», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Барои шуҷоат» ва дигар нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ шудааст.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар ободонии кишвари хеш саҳми босазо гузоштааст. Ҳоло бобои Раҳмат дар синни 103 – солагӣ дар деҳаи Чойхонаи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронаду шукри оромию осудагӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат менамояд.
Ӯ имрӯз дар деҳа ва ноҳияи худ соҳибэҳтиром аст. Пиру ҷавони деҳа ҳангоми сафар ба роҳҳои дур, сохтмони иншоот, ҷашну маросим ва амалҳои хайр аз ӯ дуо мегиранд. Ин пири барӯманд ифтихори ҳамдеҳагонаш буда, дар ҳама шодию нишот ва шикасту рехти мардум ҳамроҳ асту ба онҳо дарси ибрат медиҳад.
Довудхон РАҲМАТЗОДА,
сардори зершуъбаи бойгонии Ситоди генералии
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2020 №: 92 Мутолиа карданд: 599