ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ЗАМИНФУРӮШӢ
Боздошти раиси ҷамоат бо 9000 сомонӣ
Раиси Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён Раҳимбек Нодиров ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 9000 сомонӣ ҳамчун пора ба даст афтод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, боздошти раиси ҷамоат дар ҳолест, ки ӯ қаблан аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10500 сомонӣ гирифта, боз 9000 сомонии дигар талаб намудааст. Вале 20 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Ҳоло нисбат ба Раҳимбек Нодиров бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Муштзӯрӣ ё муноқишае, ки бо марг анҷом ёфт
Кормандони мақомоти милитсия як ҷавони 26 - солаи сокини шаҳри Бохтарро ба гумони қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ки бо марг анҷом шудааст, боздошт намуданд.
Тавре сомонаи ВКД иттиллоъ медиҳад, номбурда 5 май ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии деҳқонии «Баракати Боҳтуробод», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Леваканд бо марди 33 - солаи сокини ҳамин ҷамоат муноқиша намуда, ӯро бо зарби мушт аз пой афтондааст. Дар натиҷа ин мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.
ҚАЛЛОБӢ
Фиребгар ба курсии айбдорӣ нишаст
Як сокини 41 - солаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбар дар ҳодисаи қаллобӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 49 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ва бо гузашти 5 сол маблағашро барнагардондааст.
Дар робита ба ин, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2020 №: 92 Мутолиа карданд: 610