ҳуқуқ
ИНСОФ. ҚИМАТФУРӮШОНИ ДОРУ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДАНД
Мақомоти прокуратура ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни як санҷиши муштарак ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат, қалбакӣ ва ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархро дар дорухонаҳои пойтахт ошкор ва дастандаркорони ин амали носавобро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ бо пешниҳоди чанд мисоли рӯшан дар ин бора хабар дод. Манбаъ бо такя ба натиҷаҳои санҷиш изҳор медорад, ки як қатор соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, бо истифода аз хуруҷи пандемияи бавуқӯомада (COVID-19), даст ба фиреби истеъмолкунандагон зада, доруҳои зиддивирусиро бо қимати баланд ба фурӯш гузоштанд. Чунончи, зимни хариди санҷишӣ дар дорухонаи № 29 - и ҶДММ «Шифои Сино», воқеъ дар кӯчаи Ҳилолӣ 17-и пойтахти мамлакат маълум шудааст, ки шаҳрванд Исмоил Таҷалов бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣ ба фурӯши маводи доруворӣ машғул шуда, доруи зиддивирусии «Арбидол» - ро ба ҷойи 45 – 57 сомонии муқарраршуда, ба харидори шартӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, аз дорухонаи мазкур 4 номгӯи маводи дорувории муҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шуд.
Намояндагони мақомоти номбурда, дар идомаи санҷиш боз як доруфурӯши ғайрикасбии дигарро ошкор намуданд, ки дар дохили мошини худ ба савдои дору машғул буд. Тавре таъкид мешавад, шаҳрванд Абдурофеъ Саидов бе доштани маълумоти махсуси фармасевтӣ ба чунин кор даст зада, 100 адад ниқоби тиббии махсус, 50 адад дорувории «Левофлаксатсин», 5 адад доруи «Арбидол», 5 адад доруи «Азитромитсин», 5 адад доруи «Эргоферон» - ро берун аз дорухонааш, яъне дар дохили нақлиёти шахсӣ бо нархи баланд ба фурӯш гузоштааст. Зимнан, санҷишгарон аз дорухонаи мансуб ба ин шаҳрванд 15 номгӯи доруеро ошкор карданд, ки бе сертификат ва ҳуҷҷати расмии воридотӣ ба савдо гузошта шудааст.
Чунин амалро Гулғунча Ёқубова низ ба худ раво дида, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дохили нақлиёти шахсии ӯ маводи гуногуни тиббӣ, аз қабили дастпӯшак, либоси махсуси тиббӣ, айнакҳои муҳофизатӣ дарёфт намуданд, ки бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи бамаротиб гарон ба фурӯш гузоштааст.
Сарчашма зикр менамояд, ки шахсони номбурда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маводи тиббиву дорувории аз онҳо мусодирашуда дар ихтиёри раёсати тандурустии шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл мақомоти милитсияи пойтахт низ дар доираи амалиёти шартӣ таҳти унвони «Дорухона» чанд ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббиро ошкор ва муҷримони онро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Зимнан, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳушдор дода буд, ки амалиёт дар ҳудуди пойтахтро идома дода, чунин амалҳои ғайриқонуниро бе посух намегузорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2020 №: 93 Мутолиа карданд: 882