logo

туризм

САЙЁҲӢ ВА КОРОНАВИРУС. ПОЁНИ ШАБИ СИЯҲ САФЕД АСТ

Бо зуҳури пандемияи коронавирус ва баста шудани сарҳадоти аксари кишварҳои олам, туризми байналмилалӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашт. Аммо, бино ба гуфтаи мутахассисон, ин омил набояд боиси ташвиш бошад, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ қодир аст аз дилхоҳ буҳрон зуд раҳо ёфта, беш аз пеш рушд намояд.
 

ТАҶРИБА ЧӢ МЕГӮЯД?
Мувофиқи иттилои коршиносон, яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳои таърихи инсоният – Ҷанги якуми ҷаҳон ба рушди босуръати сайёҳии байналмилалӣ ба таври ҳайратангез замина гузошт. То соли 1914 танҳо сайёҳиҳои зимистона, варзишӣ ва рекреатсионӣ машҳур буданду сол ба сол рушд мекарданд. Вале баъд аз оғози ҷанг сокинони ағлаби кишварҳои олам ҷойи зисти худро иваз намуданд. Аз ҷумла, сарбозону афсарон ба оилаҳои худ мактубу аксҳо мефиристоданд  ва пас аз дидани манзараҳои зебо дар расмҳо одамон хостанд табиати тоза ва ҷойҳои навро бо чашми худ бубинанд, ки ин боиси равнақи соҳаи сайёҳӣ гардид.
Ҳангоми буҳрони иқтисодии соли 1929 бошад, аксари меҳмонхонаҳои машҳури Аврупо муфлис гаштанд.  Ҳатто, сарватмандон барои фароғат рӯ ба истироҳатгоҳҳои арзон меоварданд. Ҳамин тавр, бо оғози ҳар як буҳрон барои инкишофи соҳаи туризм имкониятҳои нав фароҳам мегашт.
Баъзе коршиносон арз медоранд, ки бар асари пандемияи коронавирус туризми байналмилалӣ хисороти зиёд хоҳад дид. Бино ба пешгӯии Шӯрои байналмилалии сайёҳӣ, аз ин буҳрон соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон беш аз 2 триллион доллари ИМА зарар мебинад. Гузашта аз ин, омили мазкур метавонад то ба 75 миллион коҳиш ёфтани ҷойи корӣ оварда расонад. Аммо аксар мутахассисон бар ин назаранд, ки дер ё зуд пандемияи COVID – 19  ба охир мерасад ва сокинони сайёра баъди рафъи маҳдудиятҳо ба сафар хоҳанд баромад.

ТУРИЗМ ЧӢ ТАВР ТАҒЙИР МЕЁБАД?
Тавре зикр шуд, дар давраҳои буҳронӣ, бинобар мушкилоти иқтисодӣ, талабот ба хатсайрҳо ва истироҳатгоҳҳои арзон меафзояд. Ҳамзамон, хоҳишмандони хатсайрҳои экологӣ, саёҳат ба ҷангал ва намудҳои дигари сайёҳӣ зиёд мегарданд. Дар баробари ин, аз ин пас сайёҳон ба шароити бехатарӣ, санитарӣ ва эпидемиологӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дар ҷойҳои серодам, бахусус, истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо, онҳо ниқоб пӯшида, аз маводи  зиддибактериявӣ бештар истифода мебаранд. Тибқи хабари агентии иттилоотии «INTERFAX», президенти Фонди байналмилалии иқтисодӣ (WEF) Булут Багчи иброз намудааст, ки аз ин ба баъд кормандони меҳмонхонаҳо пас аз гусели ҳар як меҳмон бояд ҳуҷраҳоро безарар (дезинфексия) гардонда, ба масоили тозагӣ ва беҳдошт диққати бештар диҳанд.
Сарфи назар аз баъзе маҳдудиятҳо, коршиносон бовар доранд, ки мисли ҳама буҳронҳои қаблӣ, ин бор низ шаклҳои нави сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба миён омада, рушд мекунанд. Яъне, одамон аз сайёҳат ҳеҷ гоҳ даст намекашанд, балки талабот ба навъҳои дигари он пайдо мешавад ва меафзояд.
- Вазъи умумии соҳаи сайёҳӣ дар семоҳаи сеюм ё чоруми соли равон ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардад. Дар баъзе кишварҳо ҳолат, аллакай, беҳтар гаштааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки пас аз маҳви ҳар эпидемия шумораи сайёҳон дар ҷаҳон хеле зуд афзоиш меёбад, аз ин ҳисоб ҳарчанд даромаднокӣ камтар ҳам шавад, -  гуфтааст президенти фахрии Иттиҳоди саноати сайёҳии Россия Сергей Шпилко дар мусоҳибааш бо «INTERFAX».

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ РУШД МЕКУНАД
Ба андешаи кормандони соҳа, дар ин давра туризми дохилӣ равнақи бештар мегирад.  Аз ин рӯ, кишварҳои аз пандемияи коронавирус зарари зиёдтардида низ ба сайёҳони дохилӣ  умед доранд. Ҳукуматҳои Италия, Испания, Фаронса ва Таиланд умедворанд, ки пас аз ба охир расидани карантин, пеш аз ҳама, шумораи сайёҳон аз ҳисоби шаҳрвандони худӣ меафзояд.  Эҳтимол дорад, ки сайёҳон ба кишварҳои хориҷӣ камтар сафар кунанд.
- Баъди беҳтар гардидани вазъият туризми дохилӣ маъмулӣ мешавад, - гуфтааст Энди Рутерфорд, муассиси ширкати туризми бритониёии “Fresh Eyes” ба «INTERFAX». Ба андешаи номбурда, пас аз пандемия, сафарҳои дарозмуддат, лижаронии зимистона ва парвозҳо ба минтақаҳои дур метавонад ҷолибияти худро аз даст диҳад.
Пандемияи коронавирус бисёре аз одатҳои моро иваз мекунад. Дар мамлакати худ сафар карда, бисёриҳо метавонанд дарк кунанд, ки ба ҷои дур рафтан на ҳама вақт зарур аст.

КИПРУ ТАИЛАНД БА ҚАБУЛИ САЙЁҲОН ОМОДААНД
Кипр, ба туфайли муборизаи бомуваффақият бар зидди коронавирус, сар аз моҳи июл ба қабули сайёҳони хориҷӣ омода аст. Тибқи иттилои сомонаҳои хориҷӣ, Кипр, пеш аз ҳама, ба сайёҳони кишварҳое такя хоҳад кард, ки бо пандемияи COVID – 19 комёбона мубориза мебаранд. Миёни онҳо Олмон, Швейтсария, Австрия, кишварҳои Аврупои Шимолӣ, Юнон, Исроил ва Нидерландия мебошанд.
Тибқи маълумоти вазорати сайёҳии ин кишвар, охири моҳи апрел ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ, аллакай, ба фаъолият пардохтанд. Масъулон ният доранд, ки ба сайёҳони хориҷӣ хатсайрҳои 3 - 4 - рӯзаро пешниҳод намоянд.
Дар Таиланд вазъият тамоман дигар аст. Тавре рӯзномаи  бритонии «The Sun» иттилоъ медиҳад, ҳукуматдорони Таиланд, пеш аз ҳама, ба сайёҳони сарватманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Аллакай, сар аз 3 май бозорҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо ба фаъолият оғоз карданд. Охири моҳи май маҳдудиятҳо пурра бардошта мешаванд ва сайёҳон метавонанд ба он ҷо сафар намоянд.
Филипп Ратчакитпракарн, вазири туризм ва варзиши Таиланд, ба рӯзномаи «The Sun» хабар додааст, ки онҳо кӯшиш мекунанд сайёҳонро ба ҷазираҳои Самуи ва Кох Фанганд ҷалб кунанд. Зеро дар ин ҷазираҳо назорат ва пешгирии воридоти вирус осонтар мебошад.
Яъне, вазъият на он қадар мураккаб аст, ки мо мебинем, аҳолии сайёра оҳиста-оҳиста ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Офтоби зиндагии осоишта дубора бар сари мардуми тулӯъ мекунад ё ба ибораи дигар поёни шаби сияҳ сафед аст.

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 2780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед