logo

иқтисод

ВМКБ. ФАРОВОНӢ ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зимни гуфтугӯи телефонӣ ба раиси  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  Ёдгор Файзов дастур  доданд, ки таъминоти  аҳолии вилоят  бо  маводи  озуқаворӣ  таҳти  назорати  қатъӣ қарор  дода шавад ва болоравии нарх дар бозор  ва нуқтаҳои  дигари савдои шаҳру  деҳоти  вилоят пешгирӣ гардад.
Бо  ин  мақсад, тибқи қарори   раиси  вилоят  оид ба  танзими  нархи  маҳсулоти  хӯрокворӣ   ситоди  вилоятӣ ташкил  гардид, ки онро  Алишер Мирзонаботов, муовини якуми раиси вилоят, роҳбарӣ  менамояд. Ҳафтаи гузашта  фаъолияти ситод оид ба танзими нархи маҳсулоти хӯрокворӣ  натиҷагирӣ шуд. 
Зикр гардид, ки ситод аз 16 апрел ба ин сӯ арзиши маводи ғизоиро дар бозору дуконҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади пешгирӣ аз баландшавии нархи маводи хӯрокворӣ бо тоҷирону фурӯшандагон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Ин  аст, ки арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ  дар  нуқтаҳои  фурӯш  то  ҳол муътадил боқӣ мондааст. Аммо  дар навбати харид  ҷамъшавии аз ҳад зиёди одамон ва риоя нагардидани фосилаи физикии байни онҳо дар бозор  ва  нуқтаҳои дигари  фурӯш ба  назар  мерасад. Бинобар  ин,  бо тасмими Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақсимоти орд тавассути раисони ҷамоатҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва табақаҳои шаҳри Хоруғ бо пешниҳоди рӯйхати ниёзмандон  ба  роҳ  монда  шуд.
Дар нуқтаҳои фурӯши шаҳру  ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза миқдори зарурии орд тавассути Агентии  захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши аз 225 то 254 сомонӣ барои  50 килограмм  ба фурӯш гузошта мешавад. Давоми ҳафтаи охир ҳудуди 200 тона орд ба фурӯш бароварда шуда, таъминоти аҳолӣ бо орд бидуни мушкилот сурат гирифт.  
  Бино ба иттилои Насриддин Сабзалиев, сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ, аъзои ситоди вилоятӣ зимни баргузории санҷиши назоратӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ  бо соҳибкорон ба мувофиқа расиданд, ки  нархи  як килограмм помирдор аз 17 ба 15 сомонӣ, бодиринг аз 6 ба 5 ва картошка аз 6 ба 4 сомонӣ поин фароварда шавад.
Алишер Мирзонаботов, муовини якуми раиси вилоят, масъулони раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва шуъбаи хадамоти зиддиинҳисории  вилоятро  муваззаф намуд, ки нархномаи маҳсулоти хӯроквориро аз соҳибкорону савдогарон талаб намоянд. Дар акси ҳол нисбат ба онҳо, ки талаботи меъёри давлатиро сарфи назар мекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Назорати истифодаи ҳатмии ниқоб ва дастпӯшакҳои резинӣ барои савдогарону харидорон ва назорати сифати маҳсулот аз масъалаҳои дигари муҳими кори ситод арзёбӣ гардид.
Алишер Мирзонаботов ба хотири танзими нархи молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сунъӣ боло рафтани арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят таҳти раёсати раисони ноҳияҳо таъсис додани ситод  оид ба    танзими   нарху наворо  таъкид намуд.

Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 1009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед