иқтисод
НУРОБОД ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД
Дар ноҳияи Нуробод ба ободонӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо вуҷуди мушкилот дар баъзе самтҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҳаётан муҳим бомаром идома доранд.
Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Зафар Ҳисориев ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мардум ва соҳибкорон аз 248 иншооти таъйиноти гуногуни нақшавӣ то имрӯз 150 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар 96 иншоот сохтмон идома дошта, дар 2 - то кор оғоз нагардидааст.
Дар давоми се моҳи соли 2020 тибқи нақша барои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 39 миллиону 406 ҳазору 26 сомонӣ, аз ҷумла 28 миллиону 966 ҳазору 26 сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” дар бинои мактаби автомобилии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия, дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд, идомаи сохтмони марҳилаи 2-юми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд дар масофаи 1400 метр, сафолакпӯш намудани роҳравҳои пиёдагардон ва чароғон кардани он, аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд ҷараён доранд.
Соли 2019 тибқи нақша барои сохтмону ободонӣ 51 миллиону 631 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардида буд. Нақша 102,7 фоиз иҷро шуд.
Боиси хушнудист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони саховатпеша ва ватандӯсти ноҳия низ бобати сохтмону бунёди иншооти ҳаётан муҳим афзуда истодааст. Сокини деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худ ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Сокинони деҳаи Юсти Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов пули мошингузари деҳаро бо сифати баланд таҷдид намуданд.
Дар ин радиф соли гузашта ба истиқболи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия 27 адад иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи 15 миллиону 219 ҳазору 100 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи баъзе аз онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ низ 30 адад бинову иморатҳои таъйиноти гуногун бо маблағи 8 миллиону 448 ҳазору 200 сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 9 дорои 5 синфхона воқеъ дар деҳаи Сарҷӯйи деҳоти ба номи И. Ҳалимов ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дорои 8 синфхона дар деҳаи Хуфаки деҳоти Хумдон ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои ошхона ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ, дигаргунсозии бинои маркази хизматрасонӣ ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ, дорухона дар кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ, бинои сехи коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ, сехи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатободи деҳоти Сафедчашма ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, бинои мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадараи деҳоти ба номи И. Ҳалимов ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи (ХИБ) 110 кВт дар соҳилҳои чап ва рости обанбор ба маблағи 5 миллиону 114 ҳазору 600 сомонӣ, бинои ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ № 35, деҳаи Шаҳтути Болои деҳоти Ҳакимӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ, бинои ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМИ № 55, деҳаи Девлохаки деҳоти Комсомолобод ба маблағи 49 ҳазор сомонӣ ва хатти оби нӯшокӣ барои аҳолии деҳаи Ҳакимии Поён ба маблағи 19 ҳазор сомонӣ дар масофаи 2,5 км аз зумраи он иншооте мебошанд, ки дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2020 №: 93 Мутолиа карданд: 879