иқтисод
АШТ. СОДИРОТИ ЗАРДОЛУИ ПЕШПАЗАК ШУРӮЪ ГАРДИД
Дар ноҳияи Ашт содироти зардолуи пешпазаки навъҳои шалах, арзанаки калон ва рухи ҷонона ба хориҷи кишвар шурӯъ гардида, то 14 май, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, беш аз 120 тонна содирот шуд. Дар ин ҷо беш аз 16 ҳазор боғи зардолу мавҷуд буда, аз ин 8 ҳазору 900 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.
Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳия, гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия беш аз 5 ҳазору 700 хоҷагии инфиродию деҳқонӣ ба нигоҳубин ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зардолу машғул аст. Боғҳои зардолуро, асосан, дарахтони навъҳои пешпазаки шалах, арзанаки калон, рухи ҷонона, инчунин, навъҳои муқаррарии мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ба иқлими ноҳия мутобиқанд, ташкил медиҳанд.
- Дар ноҳия барои рушди содироти зардолу ва гелос ҶСК «Зардолу - Компания» фаъолият дошта, дар он барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттӣ мутобиқи талабот омода шудааст, - гуфт Ҷамшед Маҳмудзода.
Ба иттилои Ҷамшед Маҳмудзода, соли гузашта дар ноҳия қариб 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол ва беш аз 3000 тоннаи он ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларусия ва Қазоқистону Қирғизистон содирот гардид.
Имсол низ боғдорон кӯшиш доранд, ки 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намуда, баробари таъминоти бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти худӣ як қисми онро ба хориҷи кишвар содирот намоянд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2020 №: 94 Мутолиа карданд: 1145