logo

ҳуқуқ

ҚАРЗ БЕХОНААМ КАРД Ё ЧАРО СУД АРИЗАИ МАРО БА ИНОБАТ НАГИРИФТ?

Моҳи августи соли 2009 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳамров» барои гирифтани қарз ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ муроҷиат кардам ва барои ин як қисми ҳавлии манзили истиқоматиам, воқеъ дар шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 2, кӯчаи Бӯстонро бо қитъаи 0,6 гектар замин ба гарав гузоштам. Вале ба ман ба ҷои 150 ҳазор сомонӣ 135 ҳазор сомонӣ,  яъне 15 ҳазор кам доданд.

Тибқи ҷадвали пардохт, панҷ моҳи аввал пули бонкро баргардондам. Чун зарурате пеш омаду бояд ба хориҷ мерафтам, қарор додам, ки қисми багаравмондаро фурӯхта қарзи бонкро пурра пардохт намоям. Аммо раиси бонк бо далелҳое ба ин амр розӣ нашуд...
12 декабри соли 2012 бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҶСП “Ҳамров” - ро соҳибмулки манзили ман эътироф намуда, моро аз он ҷо кӯчонданд. Ҳол он ки қисми дуюми ҳавлии мазкур дар асоси қарори дахлдор аз 21 сентябри соли 1970 таҳти рақами 225 ба соҳибмулк С. Шарипов тааллуқ дорад. Бинобар ин, бояд шиносномаи техникии қисми гаравро ҷудо намуда, сипас қарори соҳибмулкии ҶСП “Ҳамров” - ро қабул мекарданд. Вале масъулони ҶСП “Ҳамров” ҳавлии мазкурро бе ягон ҳуҷҷати қонунӣ ба се қисм тақсим намуда, қисми гаравро аз қитъаи замин ва иморати соҳибмулк бо девор ҷудо намуда, ҳамаро фурӯхтанд.
Ҳалномаи дар боло зикршуда, 20 декабри соли 2013 бо таъйиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор шуд ва мебоист, ки он аз нав мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Мутаассифона, он аз нав мавриди баррасӣ қарор нагирифта танҳо дар асоси ҳолатҳои навошкоршуда дида баромаданд, аммо бекор накарданд.
Дар ҳайратам, ки чаро суди ноҳияи Шоҳмансур аризаҳои маро аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда ба инобат нагирифт. Ман ду маротиба аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда ба суди ноҳияи Шоҳмансур ариза пешниҳод кардам, аммо аризаҳоям рад шуд. Ғайр аз ин, аризаҳои дигари ман ба воситаи Суди Олӣ ва суди шаҳри Душанбе ба суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардида буд. Мутаассифона, судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Д. Назарзода аризаҳои такрории маро ба инобат нагирифта, бекор гардидани ҳалномаро рад намуд.  
Ман барои қисми багаравмондаи ҳавлии дарбаҳсбуда даъво надорам. Танҳо мехоҳам, ки қисмати дигари ҳавлии мазкур, ки ба ман тааллуқ дорад, баргардонда шавад. Зеро ин қисми ҳавлӣ ба гарав монда нашудааст ва ҶСП “Ҳамров” ғайриқонунӣ онро соҳиб гардидааст.

Сулаймон ШАРИФЗОДА,  сокини шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед