ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
КОРРУПСИЯ
Агентӣ алайҳи корманди қалбакиаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки як шаҳрванд худро ҳамчун корманди ин ниҳод муаррифӣ намуда, даст ба қаллобӣ задааст.
Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, шаҳрванд Машҳура Расулзода ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии Ф. Собиров даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,20 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар се ҳолат аз ӯ 25000 сомонӣ гирифтааст. Ин нафар зимни амали назарфиребиаш ба Ф. Собиров худро ҳамчун корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муаррифӣ намудааст.
Дар робита ба ин ҳолат, нисбат ба М. Расулзода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
АЗ КАРДА
ПУШАЙМОН…
Марде ҷиянашро кушту қасд ба ҷони худ кард
Сокини 57 - солаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмонови шаҳри Турсунзода дар заминаи як муноқиша ҷияни худ - ҷавони 27- соларо бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри ин хабар дар сомонаи расмии худ иттиллоъ дод, ки ҳодиса пеш аз зуҳри 12 май рух дода, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба қавли манбаъ, баъд аз ин ҳодисаи хунин гумонбаршаванда қасд ба ҷони хеш карда, кордро ба синаи худ задааст, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона бистарист.
Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
ДУЗДӢ
Боздошти як зан ва як ҷавони қаблан судшуда бо ин ҷурм
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бар асоси муроҷиати шаҳрвандон ду ҳолати дуздиро ошкор намуданд, ки дар яке аз онҳо ҷавонзани 20 - сола гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ҷавонзани гумонбар ба дуздӣ сокини ноҳияи Мӯъминобод буда, 23 апрели соли ҷорӣ дар дили шаб бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи як сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомонӣ ва 70 доллари амрикоиро ба яғмо бурдааст.
Тавре хабар дода мешавад, дар ҳолати дувуми дуздӣ ҷавони 24 - солаи сокини шаҳри Бохтар гумонбар мешавад, ки аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуд. Дастгиршуда, ки қаблан бо моддаҳои 373 (вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 375 (фирор) - и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум гардидааст, дар яке аз гӯшаҳои пойтахт телефони мобилии тамғаи «Редми – 4» - ро, ки ба зани 31 - солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2020 №: 95 Мутолиа карданд: 982